Конститутсия ба сифати бахтномаи миллат аз ҷумлаи муқаддасоти миллӣ мебошад. Омӯхтану эҳтироми онро ба фарзандони худ, яъне наслҳои ояндасоз, бояд аз хурдсолӣ талқин намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Конститутсия ҳамчун Қонуни асосии давлат дар ташаккул ва рушди низоми давлатдорӣ, танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин таъмини суботи сиёсиву иҷтимоӣ нақши калидӣ дорад. Он на танҳо санади олии ҳуқуқӣ, балки таҷассумгари арзишҳои миллӣ, ормонҳои таърихӣ ва иродаи мардуми кишвар мебошад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва риояи меъёрҳои конститутсионӣ яке аз шартҳои муҳимми таҳкими давлатдории миллӣ ва пешрафти ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад.

Дар таърихи давлатдории Тоҷикистон панҷ маротиба Конститутсия қабул гардидааст: солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва ниҳоят 6 ноябри соли 1994. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ рӯйдоди муҳимми сиёсиву ҳуқуқӣ дар таърихи навини кишвар маҳсуб меёбад. Ин санади сарнавиштсоз заминаҳои ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлолро фароҳам оварда, барои ташаккули низоми нави қонунгузории миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ мусоидат намуд. Минбаъд, 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба Конститутсия тавассути раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки онҳо ба такмили низоми конститутсионӣ ва мутобиқ намудани он ба талаботи замон равона гардида буданд.

Вожаи «Конститутсия» аз калимаи лотинии Constitutio гирифта шуда, маънои сохт, муқарраркунӣ, таъсис ва низомро дорад. Конститутсия Қонуни асосии давлат буда, сохтори давлатӣ, принсипҳои ташкили ҳокимият, ҳуқуқу озодиҳо ва уҳдадориҳои асосии инсон ва шаҳрвандро муайян менамояд. Ҳамаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар бояд ба муқаррароти он мутобиқат дошта бошанд. Маҳз ҳамин хусусият мақоми олии ҳуқуқии Конститутсияро таъмин намуда, онро ҳамчун сарчашмаи асосии низоми ҳуқуқии миллӣ муаррифӣ мекунад.

Дар моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд».

Мазмуни ин меъёри конститутсионӣ дар он ифода меёбад, ки давлат на танҳо соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти худро ҳифз менамояд, балки масъулияти таъмини шароити мусоиди зиндагӣ, рушди озодонаи инсон ва ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии шаҳрвандонро низ ба зимма дорад. Аз ин рӯ, Конститутсия заминаи ҳуқуқии рушди соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян намуда, барои ташаккули ҷомеаи адолатпарвар ва ҳуқуқбунёд шароити зарурӣ фароҳам меорад.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рӯйдодҳои муҳимми таърихи навини кишвар ба шумор рафта, дар таҳкими низоми қонунгузории миллӣ ва муайян намудани самтҳои асосии рушди давлат нақши муассир гузошт. Он барои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, кафолати ҳуқуқи моликият ва таҳкими асосҳои иқтисодии давлат заминаи боэътимод фароҳам овард. Ҳамзамон, Конститутсия принсипҳои асосии ҳамкории байналмилалӣ ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибатҳои байналмилалӣ муайян менамояд.

Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳар шахсе, ки дар ҳудуди кишвар қарор дорад, вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро эҳтиром намуда, талаботи онҳоро риоя кунад. Риояи қонун на танҳо уҳдадории ҳуқуқӣ, балки нишонаи маърифати баланди шаҳрвандӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ мебошад. Ҳар як шахс бояд дар таҳкими қонуният, ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, тинҷиву оромӣ ва ҳимояи марзу буми Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузорад.

Дар баробари ин, дар ҳаёти ҳар як миллат арзишҳое мавҷуданд, ки аҳаммияти онҳо бо ягон меъёри моддӣ чен карда намешавад. Истиқлолияти давлатӣ, миллат, забони давлатӣ, Конститутсия, қонунҳо, рамзҳои давлатӣ — Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, инчунин тамомияти арзии кишвар аз ҷумлаи чунин муқаддасоти миллӣ мебошанд. Ин арзишҳо пояҳои ҳастии давлат ва ҳувияти миллиро ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, ҳар як оила ва ҷомеа вазифадоранд, ки эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатдориро дар замири фарзандон аз овони хурдсолӣ тарбия намоянд. Зеро насли ҷавон бояд дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба қонун ва масъулияти шаҳрвандӣ ба камол расад.

Ҳар як фарде, ки дар ин сарзамин ба дунё омадааст ва худро шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол медонад, бояд Конститутсия ва меъёрҳои онро сармашқи фаъолияти рӯзмарраи худ қарор диҳад. Эҳтиром ба Ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва қадршиносии ҳар зарра хоки ин сарзамин бояд аз муҳимтарин масъулиятҳои шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат бошад.

Дар маҷмуъ, метавон гуфт, ки яке аз дастовардҳои муҳимми Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳкими пояҳои давлатдорӣ, барқарор намудани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, фароҳам овардани заминаҳои рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, таҳкими амнияти ҷомеа ва баланд гардидани ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар байни қишрҳои гуногуни аҳолӣ мебошад. Дар ин раванд Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ва заминаи устувори давлатдорӣ нақши муҳим бозидааст. Ин дастовардҳо натиҷаи талошҳои пайгиронаи давлат ва ҷомеа, сиёсати созанда ва заҳмату кӯшишҳои мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик мебошанд.

Конститутсия танҳо маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқӣ набуда, балки ҳуҷҷати сарнавиштсозест, ки роҳи рушди давлат ва ҷомеаро муайян менамояд. Аз ин рӯ, омӯзиш, эҳтиром ва риояи талаботи он бояд ба ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги ҳуқуқии ҳар як шаҳрванд табдил ёбад.

Конститутсия чароғи роҳи миллат,

Ба қонунаш пойдор бошад давлат.

Ҳуқуқи халқро ҳифз созад ҳамеша,

Зи адлу ваҳдаташ шукуфад мамлакат.

Озодии инсон ба сад мазмун аст,

Озод касест, ки ғуломи қонун аст.

Мазмуни байти охир дар он ифода меёбад, ки озодӣ мафҳуми васеъ ва гуногунҷанба буда, танҳо дар доираи эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои дигарон ва риояи меъёрҳои қонун метавонад мазмуни воқеии худро пайдо намояд. Шахси озод касест, ки ҳуқуқҳои худро мешиносад, уҳдадориҳои шаҳрвандии худро иҷро мекунад ва дар баробари ин, ҳуқуқу озодиҳои дигаронро эҳтиром менамояд.

Пас, Конститутсия на танҳо кафили истиқлолияти давлатӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, балки омили муҳимми пешрафти соҳаҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар ҷомеаи муосир мебошад. Ҳифзи арзишҳои конститутсионӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва риояи волоияти қонун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯст буда, заминаи асосии бунёди ҷомеаи пешрафта, адолатпарвар ва босубот ба ҳисоб меравад.

 

А. ҚУРБОНОВ,

омӯзгори кафедраи бехатарии иқтисодӣ