Конститутсия ба сифати бахтномаи миллат аз ҷумлаи муқаддасоти миллӣ мебошад. Омӯхтану эҳтироми онро ба фарзандони худ, яъне наслҳои ояндасоз, бояд аз хурдсолӣ талқин намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои нишонаю хусусиятҳои хос буда, барои бунёди давлати муосири демократӣ ва ҳуқуқбунёд заминаи устувор фароҳам овардааст. Яке аз принсипҳои асосии он эътироф, эҳтиром ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Ин ҳуқуқу озодиҳо, ки аз ҳуқуқҳои фитрии инсон сарчашма мегиранд, бо кафолатҳои давлатӣ таъмин карда мешаванд.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон рӯйдоди муҳим ба шумор меравад. Дар марҳалаи ҳассоси таърихӣ ин санади олии ҳуқуқӣ барои ташаккули низоми давлатдорӣ, муайян намудани асосҳои ҳуқуқии ҷомеа ва таҳкими соҳибистиқлолии кишвар замина гузошт. Мардум бо қабули он иродаи худро ҷиҳати бунёди давлати мустақил, демократӣ ва ҳуқуқбунёд, инчунин таъмини зиндагии осоишта ифода намуданд.

Омӯзиши Конститутсия дар муассисаҳои таълимӣ барои баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун ва арзишҳои миллӣ, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ, тарғиби арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани фаъолнокии сиёсии ҷавонон мусоидат мекунад. Ҳамзамон, он ба наврасону ҷавонон имкон медиҳад, ки аз синни хурдсолӣ ҳуқуқу уҳдадориҳои конститутсионии худро омӯзанд ва дарк намоянд.

Яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсили наврасону ҷавонон мебошад. Таъмини дастрасӣ ба таҳсил барои он мусоидат мекунад, ки намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа имконияти рушди дониш ва қобилияти худро дошта бошанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ шаклҳои гуногуни таҳсил, аз ҷумла ройгон ва пулакӣ, амал мекунанд. Донишҷӯён метавонанд дар доираи талаботи муқарраргардида шакли мувофиқи таҳсилро интихоб намоянд. Дар баробари ин, давлат барои дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва таъмини дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Аз ҷумла, барои гурӯҳҳои муайяни шаҳрвандон имтиёзҳои иҷтимоӣ ва тиббӣ пешбинӣ шудаанд. Донистани ин имкониятҳо низ ҷузъи муҳими маърифати ҳуқуқии ҷавонон мебошад.

Дар ташаккули маърифати ҳуқуқии ҷавонон оила ҷойгоҳи махсус дорад. Кӯдак нахустин тасаввуроти худро дар бораи одобу ахлоқ, адолат, масъулият ва муносибат бо дигарон маҳз дар муҳити оила пайдо мекунад. Эҳтироми падару модар ба қонун, риояи ҳуқуқи дигарон ва муносибати масъулона ба меъёрҳои зиндагии ҷамъиятӣ барои фарзандон намунаи ибрат мегардад. Аз ин рӯ, тарбияи ҳуқуқӣ бояд пеш аз ҳама аз оила оғоз ёфта, дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа идома ёбад.

Муассисаҳои таълимӣ низ дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон саҳми назаррас доранд. Дарсҳои ҳуқуқ, соатҳои тарбиявӣ, вохӯриҳо бо ҳуқуқшиносон, озмунҳо ва суҳбатҳои мавзуӣ оид ба Конститутсия метавонанд донишу ҷаҳонбинии ҳуқуқии хонандагону донишҷӯёнро тақвият бахшанд. Муҳим аст, ки дар чунин машғулиятҳо меъёрҳои конститутсионӣ ва қонунгузорӣ бо мисолҳои мушаххаси ҳаётӣ шарҳ дода шаванд. Ин равиш ба ҷавонон имкон медиҳад, ки донишҳои назариявии худро дар амал истифода бурда, роҳҳои қонунии ҳалли мушкилотро омӯзанд.

Дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ тарбияи ҳуқуқии ҷавонон дар фазои интернет низ аҳаммияти хосса пайдо кардааст. Ҷавонон бояд ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ шаъну шараф ва ҳуқуқи дигаронро эҳтиром намоянд, маълумоти шахсии худро ҳифз кунанд ва пеш аз паҳн намудани хабар ё маълумот дурустии онро санҷанд. Риояи меъёрҳои ахлоқию ҳуқуқӣ дар фазои маҷозӣ низ ҷузъи муҳими фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон яке аз роҳҳои муассири пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва таҳкими эҳтиром ба қонун мебошад. Ҷавоне, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои худро медонад, метавонад манфиатҳои қонунии худро ҳифз намояд, мушкилоти пешомадаро бо роҳҳои қонунӣ ҳал кунад ва дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намояд. Чунин ҷавонон дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, таҳкими волоияти қонун ва пешрафти давлат саҳми арзанда гузошта метавонанд.

Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва ташаккули фарҳанги ҳуқуқии онҳо нақши муҳим дорад. Омӯзиши меъёрҳои он ва дарки моҳияти ҳуқуқу уҳдадориҳои конститутсионӣ ба тарбияи насли босавод, масъулиятшинос, ватандӯст ва қонунмадор мусоидат менамояд. Тарбияи эҳтиром ба Конститутсия ва риояи қонунҳо бояд аз овони кӯдакӣ оғоз ёфта, дар оила, муассисаҳои таълимӣ ва муҳити иҷтимоӣ пайваста тақвият дода шавад. Зеро ҷавонони дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ кафили таҳкими давлатдории миллӣ, рушди ҷомеаи демократӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.

 

Зуҳриддин МУХТОРОВ,

коменданти хобгоҳи № 1-и ДДМИТ