Дар тӯли ин солҳо Конститутсия ҳамчун санади асосии муайянкунандаи самтҳои рушди давлатдорӣ нақши муҳим бозида, барои ташаккули низоми ҳуқуқии кишвар замина фароҳам овардааст. Дар баробари масъалаҳои сиёсиву иҷтимоӣ, масъалаи муносибати инсон бо муҳити табиӣ низ дар доираи арзишҳои конститутсионӣ ҷойгоҳи махсус дорад.

Барои кишваре, ки қисми зиёди ҳудудашро кӯҳҳо ва пиряхҳо фаро гирифтаанд, ҳифзи табиат бо рӯзгори ҳар хонавода ва ояндаи наслҳо зич алоқаманд аст. Об, замин, ҳаво ва олами набототу ҳайвонот — пояи ҳаёти ҳар як инсон ва иқтисодиёти тамоми мамлакат мебошанд. Ҳар гуна тағйирот дар низоми захираҳои обӣ, пиряхҳо ва экосистемаҳои кӯҳӣ метавонад ба кишоварзӣ, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва фаъолияти соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт таъсир расонад. Аз ин рӯ, Конститутсия ин масъаларо аз назар дур нагузоштааст.

Асоси ҳуқуқии муносибат ба сарватҳои табиӣ дар моддаи 13-и Конститутсия ҷой дода шудааст. Мувофиқи ин модда, замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигариҳои табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд, ва давлат кафолат медиҳад, ки онҳо самаранок ва ба манфиати халқ истифода шаванд.

Ин меъёр аҳамияти амиқ дорад. Якум, сарватҳои табиӣ ҳамчун боигарии умумии халқ шинохта мешаванд ва давлат барои истифодаи онҳо масъулияти махсусро бар дӯш мегирад. Дуюм, калимаи «самаранок» маънои истифодаи оқилона ва ҳисобшударо дорад: на тамоми боигариро имрӯз сарф кардан, балки онро барои фардо низ нигоҳ доштан. Аз ин нуқтаи назар, истифодаи сарватҳои табиӣ бояд на танҳо аз рӯйи манфиатҳои иқтисодии кӯтоҳмуддат, балки бо дарназардошти оқибатҳои дарозмуддати экологӣ ба роҳ монда шавад.

Агар моддаи 13 масъулияти давлатро дар назди табиат муайян кунад, моддаи 44 ин масъулиятро ба зиммаи ҳар як шахс мегузорад. Он кӯтоҳ, вале хеле возеҳ мефармояд: «Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст».

Маҳз ҳамин меъёр экологияро аз мавзӯи танҳо идоравӣ ба кори умумӣ табдил медиҳад. Деҳқоне, ки обро сарфакорона истифода мебарад; соҳибкоре, ки партовҳои худро бе тозакунӣ ба рӯд намеандозад; омӯзгоре, ки ба хонандагон меҳру муҳаббат ба табиатро меомӯзонад; ҷавоне, ки дар мавсими баҳор ниҳол мешинонад, — ҳамаи онҳо дар асл

Муҳити зист бо саломатии инсон бевосита алоқаманд аст ва Конститутсия ин алоқаро эътироф мекунад. Моддаи 38 пас аз эълони ҳуқуқи ҳар шахс ба ҳифзи саломатӣ ба давлат вазифа мегузорад, ки барои солимгардонии муҳити зист тадбирҳо андешад. Яъне сифати ҳаво, об ва замин ба таври мустақим ба саломатии мардум таъсир мерасонад ва аз ин рӯ ба доираи ғамхории давлат дохил мешавад.

Меъёрҳои конститутсионӣ дар қонунгузории соҳавӣ инкишоф ёфтаанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи табиат» ҳифзи табиат, истифодаи оқилонаи захираҳои он ва беҳтар намудани вазъи муҳити зистро вазифаи умумидавлатӣ, кори тамоми халқ ва қарзи ахлоқии ҳар як шаҳрванд эълон мекунад. Қонунҳои алоҳида ҳифзи ҳавои атмосфера, олами набототу ҳайвонот ва ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаро танзим мекунанд, кодексҳои замин, об ва ҷангал бошанд, тартиби истифодаи ин захираҳоро муайян менамоянд.

Бо вуҷуди ин, танҳо қабули қонун барои ҳалли мушкилоти экологӣ кофӣ нест; зарур аст, ки талаботи он дар фаъолияти ташкилоту муассисаҳо ва рафтори ҳаррӯзаи шаҳрвандон риоя карда шавад. Муҳим он аст, ки ҳамаи ин санадҳо бояд ба Конститутсия мувофиқ бошанд: тибқи моддаи 10, Конститутсия эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва қонунҳои хилофи он эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Ҳамин тариқ, Конститутсия барои тамоми қонунгузории экологӣ ҳам асос ва ҳам меъёри санҷиш аст.

Ҳифзи табиат танҳо бо кӯшиши давлат натиҷа намедиҳад — ба он ҷомеа низ бояд ҷалб шавад. Мувофиқи моддаи 25, мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор вазифадоранд, ки ба ҳар кас имконияти шинос шудан бо ҳуҷҷатҳоеро, ки ба ҳуқуқу манфиати ӯ дахл доранд, таъмин намоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун муайян кардааст. Моддаи 31 ба шаҳрванд ҳуқуқ медиҳад, ки шахсан ё якҷоя бо дигарон ба мақомоти давлатӣ муроҷиат кунад. Моддаи 28 бошад, ҳуқуқи муттаҳид шудан ва таъсиси иттиҳодияҳои ҷамъиятиро эълон мекунад.

Сокинони маҳалҳо бештар аз ҳама аз вазъи воқеии муҳити зисти минтақаи худ огоҳанд. Сокини ҳар деҳа, ҷамоат ва маҳалла метавонад масъалаҳои вазъи об, замин ва ҳаворо ба миён гузорад, ба мақомот муроҷиат намояд ва якҷоя бо дигарон ташаббус нишон диҳад. Ҳамин тавр, иштироки шаҳрвандон яке аз омилҳои муҳими пешгирии мушкилоти экологӣ мегардад.

Конститутсия барои ҳамкории байналмилалӣ низ роҳ мекушояд. Тибқи моддаи 10, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ мебошанд ва агар қонунҳои дохилӣ ба онҳо мувофиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд.

Дар чунин замина Тоҷикистон дар сиёсати экологӣ ва обии ҷаҳонӣ мавқеи фаъол ишғол мекунад. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 14 декабри соли 2022 бо қатъномаи 77/158 соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон кард ва 21 мартро Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо муқаррар намуд. Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо аз 29 то 31 майи соли 2025 дар Душанбе баргузор гардид ва тақрибан 2500 иштирокчиро аз 90 кишвар ҷамъ овард. Ҳамчунин Маҷмааи Умумӣ солҳои 2025–2034-ро Даҳсолаи амал дар дастгирии илмҳои криосфера эълон намуд. Пиряхҳо дар низоми обии Осиёи Марказӣ нақши муҳим доранд ва тағйир ёфтани ҳолати онҳо метавонад ба таъминоти об, фаъолияти кишоварзӣ ва мувозинати экологӣ таъсир расонад.

Идомаи ин сиёсат — «Раванди Душанбе оид ба об» мебошад. Дар доираи он дар солҳои 2018, 2022 ва 2024 се конфронси байналмилалӣ доир шуд. Рӯзҳои 25–28 майи соли ҷорӣ дар Душанбе чорумин конфронси сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» баргузор гардид ва дар он Эъломияи Душанбе қабул шуд. Натиҷаҳои конфронс ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об, ки 8–10 декабри соли 2026 дар шаҳри Абу-Дабӣ баргузор мегардад ва онро Аморати Муттаҳидаи Араб ва Сенегал якҷоя мегузаронанд, пешниҳод карда мешаванд. Соли 2028 бошад, дар Душанбе Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об доир мегардад, ки Даҳсолаи амалро ҷамъбаст мекунад.

Ин ташаббусҳо ба рӯҳи моддаҳои 13, 38 ва 44-и Конститутсия ҳамоҳанганд: агар дар дохили кишвар об, замин ва табиат ҳамчун боигарии халқ ҳифз мешаванд, пас дар сатҳи ҷаҳонӣ низ ҳифзи пиряхҳо ва манбаъҳои оби тоза масъулияти муштараки башарият аст.

Конститутсия заминаи ҳуқуқиро фароҳам меорад, вале амалӣ шудани он аз саҳми ҳар як нафар вобаста аст. Дар сатҳи кишвар ин маънои ниҳолшинонӣ ва сабзазоркунӣ, сарфаи об ва неруи барқ, нигоҳубини ҷангалзору чарогоҳҳо ва тозагии шаҳру деҳотро дорад. Дар ин самт нақши муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ низ назаррас аст: тавассути таълими фанҳои табиатшиносӣ ва чорабиниҳои экологӣ метавон дар байни насли наврас ҳисси масъулиятро нисбат ба муҳити зист тақвият бахшид.

Рӯзи Конститутсия барои мо на танҳо рӯзи ид, балки фурсати хуби ёдоварӣ низ мебошад: Сарқонуни кишвар сарвати табиатро ба мо ҳамчун омонат супурдааст. Ҳифзи об, замин, ҳаво ва пиряхҳо — ҳифзи ояндаи фарзандони мост. Пас, табиатро ҳифз кардан — Конститутсияро дар амал татбиқ кардан аст.

Ҳамин тариқ, таҳлили меъёрҳои конститутсионӣ нишон медиҳад, ки ҳифзи муҳити зист дар Тоҷикистон дорои заминаи устувори ҳуқуқӣ буда, татбиқи самараноки он ҳамкории давлат, ҷомеа ва ҳар як шаҳрвандро талаб мекунад. Маҳз риояи ин меъёрҳо, истифодаи оқилонаи захираҳо ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ метавонанд ба нигоҳ доштани муҳити солим ва таъмини рушди устувори кишвар мусоидат намоянд.

 

Рустам ЯҚУБОВ,

муаллими калони кафедраи фанњои табиатшиносии ДДМИТ