ЛИБОСИ МИЛЛӢ - ИФОДАГАРИ ИФФАТУ ЛАТОФАТИ ДУХТАРИ ТОҶИК
Либоси миллӣ яке аз арзишҳои муҳими фарҳанги халқи тоҷик ба шумор меравад. Он на танҳо воситаи пӯшиш, инчунин, ифодагари таърих, ҳунар, завқ ва ҷаҳонбинии мардум аст. Дар байни ҳамаи ин арзишҳо либоси миллӣ ҳусну зебоии духтари тоҷикро ба таври хосса таҷассум менамояд.
Аз замонҳои қадим духтари тоҷик бо назокат, латофат ва таровату зебоии табиӣ шинохта шудааст. Либоси миллӣ ин хислатҳоро боз ҳам равшантар нишон медиҳад. Куртаҳои атласу адрас, чаканҳои зебо, рӯймолҳои гулдӯзишуда ва нақшу нигори рангоранг симои духтари тоҷикро боз ҳам дилработар мегардонанд.
Ҳар як гулдӯзӣ маънои хос дошта, аз зиндагӣ, орзу ва эҳсоси занони тоҷик дарак медиҳад. Дар радифи дигар арзишҳои фарҳангию таърихӣ, либоси миллӣ низ муаррифгар ва ифодакунандаи фарҳанги волои мардуми тоҷик маҳсуб меёбад.
Бо шарофати сиёсати хирадмандона, таъбу завқи баланд, ояндабинии поянда ва меҳанпарастии беҳамтои Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон либоси миллии тоҷикона дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ ва эътироф гардидааст.
Далели арзиши воло доштани либоси миллии мо дар он зоҳир мегардад, ки соли 2018 чакани тоҷикӣ ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО шомил гардид.
Чакан низ дар қатори дигар либосҳои миллӣ як ҷузъи фарҳангии бою ғании миллати соҳибтамаддуни мо ба шумор меравад. Он ёдгор аз аҷдодони соҳибхирад буда, дар тули қарнҳо зебоӣ ва ҷаззобияти худро гум накардааст.
Хушбахтона, баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ таваҷҷуҳи роҳбарияти кишвар ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардид ва ин ғановати фарҳангӣ маҳбубиятро дар кишвар ва берун аз он пайдо намуд.
Дар давраи муосир масъалаи ҳифз ва тарғиби арзишҳои миллӣ, аз ҷумла либоси миллӣ, дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Ин нукта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ (16 декабри соли 2025)” низ таъкид гардидааст.
Аз ҷумла, дар Паём зикр мешавад, ки занону бонувони мамлакат дар тарбияи фарзандон дар руҳияи омӯзиши илму дониш, риояи қонунҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои халқи тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ, бояд нақши фаъол дошта бошанд.
Ин нукта бозгӯйи он аст, ки либоси миллӣ на танҳо падидаи фарҳангӣ, инчунин, воситаи муҳими тарбияи ахлоқӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ ба ҳисоб меравад. Бо ин роҳ сиёсати давлатӣ ба нигоҳдорӣ ва интиқоли мероси фарҳангӣ ба наслҳои оянда мусоидат менамояд.
Ҷоиз ба қайд аст, ки имрӯз духтарону бонувони тоҷик аз матоъҳои атласу адрас бо тарҳи муосир либосҳои шинаму зебо дӯхта, онҳоро ба бар менамоянд. Ин либосҳо бо рангинкамонии худ ба ҳусни занону бонувони тоҷик зебоии дигар зам мекунанд.
Либоси миллӣ, ҳамзамон, рамзи одобу ахлоқ низ мебошад. Он духтарро ба хоксорӣ, покизагӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ тарбия мекунад. Пӯшидани либоси миллӣ ифтихор аз гузашта ва арҷгузорӣ ба фарҳанги ниёгон аст.
Либоси миллии тоҷикон аз шароити иқлимӣ, тарзи зиндагӣ ва шуғли мардум вобастагӣ доштааст. Дар гузашта, аксари либосҳо аз матоъҳои табиӣ, ба монанди пахта ва абрешим омода мешуданд.
Ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла бофандагӣ ва гулдӯзӣ, дар офариниши либос нақши муҳим доштанд. Куртаҳои атласу адрас, чакан ва гулдӯзиҳои дастӣ намунаи равшани ҳунари баланди мардумӣ мебошанд.
Ҳар як нақш ва ранг маънои рамзӣ дорад. Масалан, рангҳои равшан нишонаи шодӣ ва ҳаёт, нақшҳои гулмонанд рамзи зебоӣ ва табиат мебошанд.
Либоси миллӣ дар ҷашнҳо, тӯйҳо, идҳои миллӣ ва маросимҳои анъанавӣ мақоми махсус дорад. Дар чунин мавридҳо либосҳои идона бо ороиш ва гулдӯзии зиёд пӯшида мешаванд. Ин анъанаҳо ба нигоҳдории фарҳанги миллӣ мусоидат мекунанд.
Омӯзиши таърихи либоси миллӣ ба ҷавонон донишҷӯён бахусус имкон медиҳад, ки таърих ва фарҳанги миллати худро амиқтар дарк намоянд. Он ҳисси худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва масъулиятро барои ҳифзи мероси фарҳангӣ тақвият медиҳад.
Либоси миллӣ шоҳиди зиндаи таърих ва маънавиёти мардум мебошад, ки ба насли ҷавон кумак мекунад бо решаҳо ва мероси фарҳангии худ пайванд шаванд.
Дар замони ҷаҳонишавӣ, ҳифз ва эҳтиром ба либоси миллӣ кафолати ҳифзи худшиносӣ ва такрорнопазирии ҳувияти миллӣ мегардад.
Хулоса, либоси миллӣ, воқеан, таҷассумгари ҳусни духтари тоҷик мебошад. Он зебоии зоҳириро бо зебоии ботинӣ пайваста, симои духтари тоҷикро ҳамчун рамзи фарҳанг, ахлоқ иффат ва муқаддасоти миллӣ муаррифӣ менамояд.
Шамсия Қурбонова,
ҳуҷҷатгузори кафедраи аудит ва ревизия
Тоҷ
Рус
Eng