МАРҲИЛАИ НАВИ РУШДИ ИҚТИСОДИ САБЗ ДАР ОЯНДАИ НАЗДИК
Раванди нави рушди иқтисоди сабз дар ояндаи наздик ба бахши калидии иқтисодиёт табдил меёбад. Мафҳуми иқтисоди сабз аслан давоми ду даҳсолаи охир аст, ки тобиши илмӣ гирифта, вориди ҳавзаи илмҳои иқтисодӣ гардидааст. Аммо, дар ҳамин муддати кӯтоҳи таърихӣ, таваҷҷуҳи олимону муҳаққиқони зиёдеро ба худ ҷалб кардааст.
Ба вуҷуд омадани иқтисоди сабз ва рушди он на танҳо таваҷҷуҳи донишмандони соҳаи иқтисодиёт, балки ҷомеашиносон, сиёсатшиносон, табиатшиносон, донишмандону муҳаққиқони соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ ва технологҳоро низ водор намудааст, то ба ин падида назари амиқтар афкананд.
Доир ба мафҳуми иқтисоди сабз таърифҳои мухталиф мавҷуд аст, аммо онро ба таври маъмул метавон дар шинохти иқтисодиёти наҷотбахши табиат, иқтисодиёти хусусияти некуаҳволидошта, иқтисодиёти бидуни зарарҳои экосистемаҳо ва сармояҳои вобаста ба онҳо маънидод намуд. Мавҷудияти иқтисоди сабз андешаҳои гуногуни илмҳои иқтисодиро фарогир буда, навгонии иқтисодӣ, иқтисоди захиравӣ, иқтисоди экологӣ, иқтисоди муҳити зист, иқтисоди пас аз бозсозӣ, гуногунистеҳсолии безарари кишоварзӣ, сиёсати сабз ва назарияи муносибатҳои байналмилалиро вобаста ба ин дар бар мегирад.
Инчунин, дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об коркарди технологияҳои каммасраф, “энергетикаи сабз”, технологияҳои коркарди партовҳо, аз ҷумла партовҳои радиоактивиро ҷиҳати рушди техника ва технологияҳои муосир вусъат бахшанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози иқтисодӣ дар ҳолати рушди босубот қарор дорад. Аз сӯи дигар назар афканем, рушди ояндаи Тоҷикистонро бидуни иқтисоди сабз тасаввур кардан ғайриимкон аст. Захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар кишвари мо рушди соҳа беҳбуд бахшида шуда, иқтисоди сабз ба унсури аслии инкишофи иқтисодёти миллӣ табдил ёбад.
Феълан дар Тоҷикистон иқтисоди сабз метавонад дар заминаи ташаккули низоми «энергияи сабз», «долонҳои сабз», «сайёҳии сабз», «саноати сабз», «такрористеҳсолнамоии кишоварзӣ» густариш ёбад. Тавре аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар бармеояд, Ҳукумати мамлакат ҳадаф гузоштааст, ки бо мақсади расидан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди «Иқтисоди сабз» ҷараёни бунёди неругоҳҳои барқи обии «Роғун», «Себзор»-ро тезонида, тавлиди энергияи сабзро вусъати тоза бахшад.
Дар доираи амалисозии ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар пешбинӣ мегардад, ки то соли 2030 ҳиссаи саноат дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба сатҳи 30 фоиз расонида мешавад ва дар баробари ноил гардидан ба ин нишондиҳанда амалишавии васеи иқтисоди «сабз» дар соҳаи саноат муҳим арзёбӣ кардан мумкин аст.
Ҳамзамон, ба экология партовҳои корхонаҳои кимиёвӣ, ки 35 ҳазор тонна партовҳои сахти маиширо дар як сол ташкил медиҳад, таъсири манфӣ мерасонанд. Вобаста ба ин, дар раванди рушди иқтисоди «сабз» коркарди партовҳои сахти маишӣ ва саноати муҳим ва афзалиятнок арзёбӣ мегардад.
Дар баробари расидан ба ҳадафҳои рушди устувор ҳол ҳам мушкилотҳои ин соҳа ба назар мерасад, ки беҳбуд бахшидани он аз ҷониби коршиносон ва олимони соҳа маъулияти баландро тақозо менамояд.
Наргис ДАВЛАТОВА,
муаллими калони кафедраи иқтисодиёти сабз ва захираҳои табиии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон
Тоҷ
Рус
Eng