Тибқи арзёбиҳо солҳои охир мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи  байналмилалӣ, бахусус дар натиҷаи ба амал баровардани ислоҳоти муҳиму фарогир дар ҳамаи бахҳои ҳаёти ҷомеа мунтазам тамоюл ба болоравӣ дошта, муҳимтарини онҳо аз рӯйи бахшҳои алоҳида чунин натиҷагирӣ ва хулоса намудан мумкин аст.

Тибқи раддабандиҳои Маркази таҳлилии амрикоӣ Gallup ва маҷаллаи байналмилалии молиявии англисзабон «Global Finance» ду маротиба шомил гардидани Тоҷикистон ба қатори амнтарин кишварҳои олам. Дар радабандии мазкур аз Тоҷикистон поёнтар Озарбойҷон (ҷойи 71), Эрон (77), Чин (81), Бразилия (84), Қирғизистон (89), Исроил (92), Ҳиндустон (106), Туркия (107) қарор гирифтаанд.

Илова бар ин, ин мутахассисони Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ (WEF), ки дар Швейтсария баргузор гардида буд, Ҷумҳурии Тоҷикистонро бехавфтарин кишвари Осиёи Марказӣ дар соли 2017 интихоб карданд.

Дар рейтинги мазкур Тоҷикистон миёни 136 кишвар мақоми 49-умро касб карда буд. Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон мавқеи 58 ва Қирғизистон ҷойи 98-умро ишғол намуда буданд.

Ҳангоми тартиб додани рейтинг коршиносон дар мадди аввал вазъи ҷинояткорӣ, терроризм ва низоъҳои ҳарбиро ба инобат гирифта шуда буданд.
Дар баробари ин, соли 2019 соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ғолиби ҷоизаи бонуфузи тиҷорат дар ҷаҳон - «The BIZZ Business Excellence Award 2019» гардидаст. Ин бешубҳа далели возеҳи мавқеи намоёни кишвар дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Конфедератсияи умумиҷаҳонии тиҷорат «WORLDCOB» соҳаи сайёҳии Тоҷикистонро ғолиби ин ҷоиза эълон намуд. Ҷоизаи мазкурро «WORLDCOB» фаъолияти босамар ва ислоҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ арзёбӣ менамояд.

Мавриди зикр аст, ки рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон сол то сол раванди устувор касб карда, нуфузи мамлакат дар ин самт дар арзёбиҳои минтақавию байналмилалӣ зина ба зина боло меравад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати амну субот аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ин омил барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

Мавқеи хосаи дигаро дар арсаи байналмилалӣ касб намудани Тоҷикистон пешбурди тиҷорат аз рӯйи радабандии Бонки ҷаҳонӣ ба  ҳисоб меравад. Дар ин раванд, ислоҳоти доир ба беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ амалигардида имкон дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи натиҷаҳои ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и мавқеъ пайдо намояд.

Бонки ҷаҳонӣ, ки танзими давлатии фаъолияти соҳибкориро дар кишварҳои олам арзёбӣ мекунад, дар соли 2023 мавқеи худро 20 зина боло бурда, ҷойи 106-умро ишғол намояд ва маротибаи чорум ба даҳгонаи кишварҳои пешқадами ислоҳотгари ҷаҳон шомил гардад.

Тибқи арзёбиҳо ҳоло мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикитон дар арсаи байналмилалӣ аз рӯйи нишондиҳандаҳои зерин, аз ҷумла Ҳисоботи пешбурди соҳибкорӣ - 06-ум, Индекси рақобатпазирии глобалӣ- 50-ум, Индекси глобалии сулҳ - 105-ум, Ҳисоботи рақобатнокии туризм, саёҳат - 104 ва Индекси бехатарӣ ва амният Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар  ҷойи 49-ум қарор дорад.

Дар маҷмуъ, мунтазам амалӣ намудани ислоҳоти фарогир ва татбиқи босамари мақсаду вазифа ва афзалиятҳои дар доираи ҳуҷҷатҳои стратегӣ муайян гардида, имкон фароҳам овард, ки натанҳо мавқеи кишвар аз рӯйи бисёр нишондиҳандаҳо дар арсаи байналмилалӣ баланд гардида, балки дар давоми бист соли охир нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар дар сатҳи устувор нигоҳ дошта, рушди воқеии он ба ҳисоби миёна, 7,5 фоиз таъмин карда шавад.

Ин рақам, сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ соли 2022 дар сатҳи 8 фоиз таъмин карда шуд.

Илова бар ин, дар ин давра, ҳаҷми ММД аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 115 миллиард сомонӣ дар соли 2022 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 33 миллиард сомонӣ расонида шуд. Яъне, ММД қариб 64 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт.

Ҳамзамон, тайи бист соли охир дар натиҷаи беҳтар гардидани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ба кишвар дар ҳаҷми беш аз 152 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 60 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб карда шудааст. Пешбинӣ шудааст, ки то соли 2025 дар иқтисодиёти кишвар беш аз 200 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ, аз ҷумла танҳо ба бахши воқеӣ ва инфрасохтор зиёда аз 82 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ карда мешавад.

Силсилаи ташаббусҳои Тоҷикистон дар бобати ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон, ки дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун «Раванди оби Душанбе» пазируфта шудааст, кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври хос муаррифӣ кардааст.

Ҳоло иқдоми чоруми Тоҷикистон - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ амалӣ шуда истодааст.

Боиси қаноатмандист, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст.

Дар ин раванд, аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид якдилона қарор қабул кардан вобаста ба эълон кардани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, аз ҷумлаи ташаббусҳои дигари байналмилалии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар чаҳорчӯби қатъномаи мазкур Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳоро таъсис таъсис дод. Вобаста ба ин мавзуъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузории конфронси сатҳи  баланди Созмони Милали Муттаҳид пешбинӣ шудааст.

Мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мост, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд.

 

Р. ТЕМУРОВ,

устоди кафедраи андоз ва суғурта