Истиқлолият барои ҳар як миллату давлат бузургтарин неъмат ва арзиши муқаддас ба шумор меравад. Миллате, ки соҳиби истиқлолият аст, метавонад роҳи ояндаи худро мустақилона муайян намояд, забону фарҳанги миллии худро ҳифз кунад ва барои рушди давлати худ тамоми имкониятҳоро истифода барад. Барои мо ҷавонони Тоҷикистон Истиқлоли давлатӣ мояи ифтихор, сарбаландӣ ва масъулияти бузург мебошад.

Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 ба Истиқлоли давлатӣ соҳиб гардид. Ин сана дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун рӯйдоди бузург ва тақдирсоз боқӣ мондааст. Бо ба даст овардани истиқлолият миллати тоҷик соҳиби давлати мустақил гардид ва имкон пайдо кард, ки роҳи давлатдории худро мустақилона интихоб намояд.

Имрӯз мо ҷавонон дар фазои истиқлолият зиндагӣ мекунем. Мо метавонем озодона таҳсил кунем, касбу ҳунар омӯзем, илму дониш аз худ намоем, орзуҳои худро амалӣ созем ва барои ободии Ватани азизамон саҳм гузорем. Аз ин хотир, ҳар яки мо бояд қадри истиқлолиятро донем ва барои ҳифзу таҳкими он кӯшиш намоем.

Мо аз он ифтихор мекунем, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дорем. Ватани мо дорои таърихи куҳан, фарҳанги бой ва мардуми соҳибмаърифат мебошад. Миллати тоҷик дар тули таърих фарзандони бузургеро ба дунё овардааст, ки дар рушди илму фарҳанги ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштаанд.

Истиқлолият ба мо имкон дод, ки ба таъриху фарҳанги миллии худ бештар таваҷҷуҳ намоем. Имрӯз мо бо забони модарии худ озодона ҳарф мезанем, осори адибону донишмандони бузурги худро меомӯзем ва анъанаҳои миллии худро эҳтиром менамоем.

Барои мо Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ рамзҳои муқаддаси истиқлолият мебошанд. Вақте ки Парчами Тоҷикистон дар чорабиниҳои байналмилалӣ парафшон мешавад ва Суруди миллии мо садо медиҳад, дар қалби ҳар як ҷавони тоҷик ҳисси ифтихор ва муҳаббат ба Ватан бештар мегардад.

Ҷавонон қувваи бузурги созанда ва ояндаи ҳар як давлат мебошанд. Тоҷикистон низ ба неру, дониш ва қобилияти ҷавонон такя мекунад.

Аз ин рӯ, мо бояд барои сазовор будан ба номи ҷавони даврони истиқлол кӯшиш намоем.

Ҷавони имрӯз бояд донишманд, соҳибкасб, ватандӯст ва масъулиятшинос бошад. Мо бояд хуб таҳсил кунем, китоб хонем, технологияҳои муосирро омӯзем, забонҳои хориҷиро аз худ намоем ва барои рушди малакаҳои касбии худ талош варзем.

Ояндаи Тоҷикистонро маҳз ҷавонони имрӯза месозанд. Агар мо имрӯз дониш омӯзем ва меҳнати ҳалол кунем, фардо метавонем дар рушди иқтисод, илм, маориф, фарҳанг ва дигар соҳаҳои кишвар саҳми арзанда гузорем.

Истиқлолият бе сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор буда наметавонад. Мо бояд сулҳу оромиро яке аз бузургтарин неъматҳои зиндагӣ донем. Зеро дар фазои сулҳ инсон метавонад озодона таҳсил кунад, кор кунад, оила барпо намояд ва барои ояндаи худ нақша созад.

Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик арзиши бузург дорад. Мо бояд дӯстиву бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми байниҳамдигариро ҳифз намоем. Ҷавонон бояд дар таҳкими ваҳдати миллӣ нақши фаъол дошта бошанд.

Мо набояд ба ихтилофу низоъ роҳ диҳем. Баръакс, бояд бо ҳам дӯст бошем, ба ҳамдигар ёрӣ расонем ва барои ободии Тоҷикистони азиз якҷоя меҳнат кунем.

Дар даврони истиқлолият Тоҷикистон роҳи рушди худро идома дода, дар соҳаҳои гуногун ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Сохтмони роҳҳо, пулҳо, муассисаҳои таълимӣ, иншооти фарҳангӣ, варзишӣ ва дигар биноҳои иҷтимоӣ ба ободии кишвар мусоидат мекунанд.

Рушди энергетика, саноат, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳо барои пешрафти иқтисодии Тоҷикистон аҳамияти калон доранд.

Мо ҷавонон бояд ин пешрафтҳоро қадр кунем ва барои идомаи ин раванд саҳми худро гузорем. Ҳар як ҷавон метавонад бо дониш, меҳнат ва ташаббуси худ ба рушди Ватан кӯмак расонад.

Ифтихор аз истиқлолият бояд дар корҳои ҳаррӯзаи мо зоҳир шавад.

Истиқлолият дар қалби ҷавонон ҳисси худшиносии миллиро низ тақвият медиҳад. Мо бояд донем, ки кӣ ҳастем, аз куҷо омадаем ва барои оянда чӣ вазифа дорем.

Омӯхтани таърихи миллат, эҳтироми забони тоҷикӣ, ҳифзи фарҳанги миллӣ ва шиносоӣ бо мероси гузаштагон аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими ҷавонон мебошанд.

Мо бояд аз гузаштагони бузурги худ Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигар фарзандони барӯманди миллат ифтихор кунем ва аз осори онҳо сабақ омӯзем.

Ҷавони худшинос ҳамеша кӯшиш мекунад, ки донишманд, бофарҳанг ва барои ҷомеа муфид бошад.

Барои ҳифзи истиқлолият мо бояд сулҳро пос дорем, ваҳдати миллиро мустаҳкам намоем, қонунҳоро эҳтиром кунем, ба доми ифротгароӣ ва тафриқа наафтем ва ба арзишҳои миллӣ содиқ бошем.

Ҷавонон бояд аз имкониятҳои замони истиқлолият дуруст истифода баранд. Мо бояд вақти худро беҳуда сарф накунем, балки барои таҳсил, варзиш, касбомӯзӣ ва худтакмилдиҳӣ истифода барем.

Ҳар як ҷавони тоҷик мехоҳад, ки Тоҷикистони азиз боз ҳам ободу пешрафта гардад. Мо орзу дорем, ки илму маориф рушд кунад, технологияҳои нав вориди кишвар шаванд, ҷойҳои нави корӣ зиёд гарданд ва ҷавонон барои амалӣ намудани орзуҳои худ имкониятҳои бештар дошта бошанд.

Ин орзуҳо танҳо бо меҳнат ва дониш амалӣ мешаванд. Аз ин рӯ, мо бояд аз имрӯз ба ояндаи худ омодагӣ бинем. Ҳар як китобе, ки мехонем, ҳар як донишеро, ки меомӯзем ва ҳар як кори неке, ки анҷом медиҳем, як қадам ба сӯи ояндаи беҳтар мебошад.

Мо ҷавонони Тоҷикистон аз он ифтихор мекунем, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагӣ дорем. Истиқлолият ба мо озодӣ, имконияти худшиносӣ, рушди фарҳанг ва имкони сохтани ояндаи худро фароҳам овардааст.

Мо бояд қадри ин неъмати бузургро донем. Истиқлолиятро бо дониш, меҳнат, ватандӯстӣ, ахлоқи нек ва масъулиятшиносӣ таҳким бахшем.

Бигзор, ҳар як ҷавони тоҷик бо ифтихор бигӯяд: «Мо ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳастем! Мо истиқлолият дорем ва аз он ифтихор мекунем!»

Бигзор, Парчами давлатии Тоҷикистони азиз ҳамеша парафшон бошад, сулҳу ваҳдат дар кишвар пойдор монад ва ҷавонони тоҷик бо дониш ва меҳнати созанда барои фардои дурахшони Ватан саҳм гузоранд.

Маҳлиё ХОЛНАЗАРОВА, хатмкардаи ДДМИТ