Фардо, 10 ноябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии таъсисёбии донишгоҳ ва Рӯзи байналмилалии касбии муҳосибон озмуни донишгоҳии «Беҳтарин донандаи муҳосибот» миёни донишҷӯёни ҳафт факултети муассиса баргузор мегардад.

Тавре зимни суҳбат раиси ҳайати ҳакамон, мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ Бобомуродов Бобомурод Элмуродович, ки ба арзёбии донишу маҳорати иштирокчиён  шахси масъул ба шумор меравад, иброз дошт, ҳадафи асосии иқдоми мазкур баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалии донишҷӯён, тақвияти шавқу рағбати онҳо ба касби муҳосибӣ, дарёфти истеъдодҳои ҷавон, ташаккули тафаккури таҳлилӣ ва омода намудани мутахассисони рақобатпазири соҳаи молия ва иқтисод мебошад.

Мавсуф дар идома афзуд, ки дар шароити рушди босуръати муносибатҳои иқтисодӣ, рақамикунонии низоми молиявӣ ва ҳамгироии иқтисоди миллӣ ба фазои ҷаҳонӣ касби муҳосибӣ низ мазмуну муҳтавои нав касб мекунад. Муҳосиби муосир дигар танҳо масъули бақайдгирии амалиёти молиявӣ нест, балки мутахассисест, ки дар таҳлили вазъи иқтисодии корхона, арзёбии дороиҳо ва уҳдадориҳо, назорати истифодаи захираҳо, таъмини шаффофияти молиявӣ ва қабули қарорҳои муҳими идоракунӣ нақши муассир дорад.

“Маҳз бо дарназардошти чунин талабот баргузории озмунҳои соҳавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аҳаммияти махсус пайдо мекунад. Зеро онҳо барои санҷиши сатҳи дониш, ошкор намудани қобилиятҳои инфиродӣ, таҳкими рақобати солими зеҳнӣ ва пайванди донишҳои назариявӣ бо таҷрибаи амалӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд”, -иброз намуд мавсуф.

Таври маълум, дар қисми асосии озмун донишҷӯёни ҳафт факултети донишгоҳ аз рӯйи шартҳои пешбинишуда, аз ҷумла саволномаҳои тестӣ ва супоришҳои шифоҳӣ, дониш ва маҳорати касбии худро месанҷанд. Иштирокчиён имкон пайдо мекунанд, ки дониши назариявӣ, қобилияти таҳлилӣ, малакаи ҳалли масъалаҳои соҳавӣ ва сатҳи омодагии худро ба фаъолияти минбаъдаи касбӣ муаррифӣ намоянд.

СТАНДАРТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА ТАҶРИБАИ АМАЛӢ

Яке аз бахшҳои муҳими барномаи ҳамоиш баргузории мизи мудаввар дар мавзуи “Нақши СБҲМ дар такомули соҳаи ҳисобдории Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад.

Дар доираи он масъалаҳои марбут ба нақши стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ дар рушди низоми ҳисобдорӣ, баланд бардоштани шаффофият ва эътимоднокии ҳисоботи молиявӣ, ҳамоҳангсозии таҷрибаи миллӣ бо меъёрҳои байналмилалӣ ва зарурати омода намудани мутахассисони донандаи ин стандартҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Ҳамчунин, дар доираи озмун баргузории мастер-класс дар мавзуи “Баҳисобгирии музди меҳнати кормандони корхонаи саноатӣ тибқи СБҲМ” дар назар дошта шудааст. Ин машғулияти амалӣ ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки бо ҷанбаҳои татбиқии баҳисобгирии муҳосибӣ дар фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, тартиби инъикоси амалиёти марбут ба музди меҳнат ва талаботи стандартҳои дахлдор аз наздик шинос шаванд.

Мизи мудаввар ва мастер-класс дар маҷмуъ барои тақвияти ҳамкории илмӣ ва таълимӣ, мубодилаи таҷриба миёни омӯзгорону мутахассисон ва густариши ҷаҳонбинии касбии донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам хоҳанд овард.

САҲМИ ОЗМУН ДАР ТАЙЁРИИ МУТАХАССИСОНИ РАҚОБАТПАЗИР

Боиси зикр аст, ки Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар тӯли фаъолияти сисолаи худ дар омода намудани мутахассисони соҳаи молия, иқтисод, муҳосибӣ, аудит ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ саҳми назаррас гузоштааст. Имрӯз низ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти донишгоҳ баланд бардоштани сифати таълим, мутобиқ намудани муҳтавои барномаҳои таълимӣ ба талаботи бозори меҳнат, истифодаи технологияҳои муосир ва ташаккули салоҳиятҳои касбии донишҷӯён мебошад.

Дар ин замина, озмуни “Беҳтарин донандаи муҳосибот”, ки бори аввал баргузор мегардад, на танҳо мусобиқаи донишҷӯён, балки як майдони муҳими муаррифии имкониятҳои зеҳнӣ, санҷиши сатҳи омодагии касбӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонон ба омӯзиши амиқи ихтисос хоҳад буд, ки минбаъд барои фароҳам овардани фазои нав дар азхудкунии донишҳои замонавӣ замина фароҳам меорад..

Ғолибони озмун бо дипломҳо ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардида, ба иштирокчиёни фаъол низ сипосномаҳо тақдим карда мешаванд.

Бешубҳа, чунин иқдомҳо дар баробари баланд бардоштани завқи донишомӯзии ҷавонон, барои ташаккули муҳити созандаи рақобати зеҳнӣ, дарёфти мутахассисони лаёқатманд ва таҳкими нуфузи касби муҳосибӣ дар ҷомеа мусоидат хоҳанд кард. Зеро ояндаи иқтисоди миллӣ на танҳо ба захираҳои молиявию истеҳсолӣ, балки ба дониш, малака, масъулиятшиносӣ ва касбияти мутахассисоне вобаста аст, ки идоракунии ин захираҳоро бар уҳда доранд. Ва муҳосибони соҳибдонишу навовар аз ҷумлаи чунин мутахассисонанд.

 

Муҳаммадалӣ ОЧИЛДИЕВ