МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ — ОМИЛИ ТАҲКИМИ АДОЛАТ ВА ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД
Коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуб на танҳо амали ғайриқонунӣ, балки падидаест, ки пояҳои ахлоқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаро зери хатар мегузорад. Аз ин рӯ, мубориза бо он бояд фарогир, пайгирона ва ҳамаҷониба ба роҳ монда шавад.
Дар шароити имрӯза, яке аз монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи татбиқи пурраи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд маҳз коррупсия ба шумор меравад. Ин рӯйдоди манфӣ рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро бозмедорад, болоравии сатҳи зиндагии мардумро суст мекунад ва ба пешрафти умумимиллӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Коррупсия боиси коста гардидани боварии инсонҳо ба адолат ва худтакмилдиҳӣ мегардад, орзуву ниятҳои созандаи насли ҷавонро заиф месозад ва руҳияи масъулиятшиносии шаҳрвандонро коҳиш медиҳад.
Ҳамзамон, коррупсия ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ бо соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ — иқтисодиёт, сиёсат, ҳуқуқ, қонунмандӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, низоми ҳокимият ва идора, ниҳодҳои демократӣ, фарҳанги ҳуқуқиву ахлоқӣ ва ҳатто, бо суннатҳои миллии ҷомеа робитаи зич ва печида дорад.
Вобаста ба масъалаи мазкур, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун зуҳуроти хатарнок иттилои ҳамаҷониба дошта, пайваста чораҳои муассирро доир ба пешгирии он меандешад ва ҳамеша бо он дар муқовимати ҷиддӣ қарор дорад. Ба андешаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «... чунин як падидаи манфӣ ҳамчун коррупсия дар пешрафти ҷомеаи мо яке аз монеаҳои хеле ҷиддӣ мебошад. Мо бояд тамоми омилҳо ва сабабҳои зуҳури коррупсияро ҳамаҷониба омӯхта, таҳлил намоем ва тамоми қувваҳои солими ҷомеаро барои пешгирии ин зуҳур ва поён овардани шиддати он сафарбар намоем ...».
Идораю мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар самти мубориза бо коррупсия тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ намудаанд, ки самараи он дар таҳкими қонунгузорӣ ва ташкили ниҳодҳои дахлдор мушоҳида мешавад.
Мубориза бо коррупсия ва пайдоиши ҳуқуқи зиддикоррупсионӣ дар вазъияти хеле мушкили иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии кишвар оғоз ёфт. Аз замоне ки Тоҷикистони пасошуравӣ бо зуҳуроти воқеии калонҳаҷми коррупсия дучор шуд, зарурати воқеии истифодаи воситаҳои ҳуқуқӣ ва механизми муқовимат алайҳи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ҳам ба миён омад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсияро дар меҳвари сиёсати худ қарор дод. Аз ин лиҳоз, соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисодиёт ва коррупсия» мавриди амал қарор гирифт, ки он заминаи аввалини ҳуқуқи зиддикоррупсиониро ба вуҷуд овард. Айни ҳол, қонунгузории зиддикоррупсионӣ дар ҳоли рушд қарор дошта, такмили меъёрҳои ҳуқуқии фаъолияти зиддикоррупсионӣ идома ёфта истодаанд.
Тоҷикистон бо ин ҳадаф як қатор санадҳои байналмилалӣ, қонунҳо, стратегияҳо ва лоиҳаҳои мушаххасро оид ба пешгирии коррупсия ҳамчун як падидаи иҷтимоӣ таҳия намуда, барои давраҳои нисбатан дарозмуддат қабул намудааст.
Яке аз ин санадҳои муҳими байналмилалӣ, ин Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид аз 31 октябри соли 2003 оид ба муқовимат бо коррупсия ба шумор меравад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 апрели соли 2008 онро маъқул шуморида, ба он ҳамроҳ гаштааст.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар оид ба масъалаи пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ се маротиба қонун дар ин самт қабул шуд, ки ин ҳам бошад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», аз 10 декабри соли 1999, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия аз 25 июли соли 2005 ва баъдан, Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» аз 7 августи соли 2020, №1714 мебошанд, ки ин иқдомҳо барои ташаккули минбаъдаи чораҳои пешгирии муқовимат бо коррупсия дар ҷумҳурӣ самараи дилхоҳ ба бор оварданд.
Тибқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» аз 7 августи соли 2020 дар ҷумҳурӣ як қатор чораҳои пешгирии кирдорҳои зиддикоррупсионӣ муқаррар гардидаанд, ки барои аз байн бурдани ин зуҳуроти нанговар ҳамаҷониба мусоидат намуда, бо роҳҳои зерин амалӣ мегарданд.
Ба ин чораҳо дохил мешаванд: 1) тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ; 2) таълиму тарбияи зиддикоррупсионӣ; 3) таҳлили хавфҳои коррупсионӣ; 4) мониторинги зиддикоррупсионӣ; 5) экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ; 6) чораҳои назорати давлатии молиявӣ; 7) талаботи махсус нисбати довталабони вазифаҳои давлатӣ ва шахсони барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор; 8) мамониат барои таъин ё интихоб шудан ба мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда; 9) ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо вобаста ба иҷрои вазифаҳои мансаби давлатӣ ва мансаби ба он баробаркардашуда.
Бо назардошти хусусиятҳои кирдорҳои коррупсионӣ ва мушкилоти муқовимат ба ин зуҳуроти нанговар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми январи соли 2007, таҳти №143 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Бо мақсади пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ, аз ҷумла, ҷиноятҳои коррупсионӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар се стратегияи миллии муқовимат бо коррупсияро дар солҳои зерин қабул кардааст, ки дар онҳо чораҳои зарурии хусусияти ташкиливу ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангидошта роҷеъ ба муқовимат бо коррупсия пешбинӣ гардидаанд: 1. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, таҳти №34, бори якум, «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» қабул карда шуд; 2. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504, бори дуюм, Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 қабул карда шуд; 3. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222, бори сеюм, Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул карда шуд.
Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030, ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамо, барои таҳкими низоми ҳуқуқӣ ва муборизаи муассир бо рӯйдодҳои коррупсионӣ дар кишвар заминаи устувор фароҳам меорад.
Қобили қайд аст, ки ҷараёни решакан кардани коррупсия ва сабабу омилҳои ба он алоқаманд, пеш аз ҳама, ба ташаккули давлати муосири демократӣ, ҳуқуқбунёд, ташкили ҷомеаи пурқуввати шаҳрвандӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда барои шаҳрвандон ва фаъолияти озоди иқтисодию соҳибкорӣ, инчунин, масъулиятнокӣ дар иҷрои вазифаҳои давлатӣ вобаста аст.
Аз ин лиҳоз, бояд ишора кард, ки аз рӯи таҳлилҳои сотсиологӣ, метавон якчанд чораҳои нисбатан самараноки иқтисодӣ ва иҷтимоию равонии мубориза бо коррупсияро дар шароити кунунии кишвар номбар кардан мумкин аст, ки то андозае ба коҳиш ёфтани хавфи коррупсия мусоидат менамоянд. Ба ин чораҳо дохил мешаванд:
- Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ;
- Бедор кардани ҳисси нафрат оид ба коррупсия дар вуҷуди насли наврас;
- Тарбия ва интихоби дурусти кадрҳои оянда ва омода будани онҳо дар муқовимат бо коррупсия;
- Муҳайё сохтани ҷойҳои кории нав ва ба шуғл фаро гирифтани шаҳрвандони қобили меҳнат;
- Ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати ҳамкорӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар мубориза бо коррупсия;
- Тарбияи таҳаммулпазирӣ нисбат ба коррупсия;
- Бештар кардани иттилоотрасонии воситаҳои ахбори омма оид ба хавфи коррупсия дар байни аҳолӣ.
Дар натиҷа, метавон чунин хулоса кард, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ нест, балки масъулияти мустақими ҳар як шаҳрванд мебошад. Тоҷикистон, ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ, дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо қабули қонунҳо, стратегияҳо ва барномаҳои миллӣ қадамҳои устувор ба самти решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб гузоштааст. Аммо муборизаи самаранок танҳо дар сурате муяссар мешавад, ки фарҳанги (маърифати) ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва зиддикоррупсионии ҷомеа баланд бардошта шавад. Ҳар як шаҳрванд бояд аз оқибатҳои харобиовари коррупсия огоҳ бошад ва ба риояи қонун, адолат ва поквиҷдонӣ ҳамчун арзиши миллӣ муносибат намояд.
Мирзоев Субҳоналӣ Аҳтамҷонович, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти ДДМИТ
Наҷибуллои Сайвалӣ, устоди ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng