НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР ТАШАККУЛИ НИЗОМИ СУДӢ
Ҳокимияти судӣ дар таърихи давлатдорӣ унсури зарурии механизми давлатӣ мебошад. Нақш ва аҳамияти суд дар ҳаёти ҷомеа вобаста аз давраи таърихӣ, навъ ва шакли давлат, низоми давлатию ҳуқуқӣ, дараҷаи демократикунонии ҷомеа, хусусиятҳои таърихӣ ва ҳатто анъанаҳои давлате, ки дар доираи он ҳокимияти судӣ амал мекунад, ба таври назаррас фарқ мекунад.
Бояд қайд кард, ки аз давраи таъсисёбии Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (14 октябри соли 1924), баъдан Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (16 октябри соли 1929) то соли 1994, яъне дар давоми 70 сол судҳои салоҳияти умумӣ ягона суди давлатии ҷумҳурӣ буданд.
Соҳибихтиёр эълон шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 барои ислоҳотонии низоми судии кишвар қадами наверо гузошт.
Ҳанўз банди 3 Эъломияи истиқлолияти Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки 24 августи соли 1990 дар сессияи дуюми Совети Олии РСС Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум қабул шуда буд, муқаррар карда буд, ки «Ҳокимияти давлатӣ дар РСС Тоҷикистон тавассути мақомоти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ ба амал бароварда мешавад».
Мувофиқи моддаи 8 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар «ҳар як инсон дар сурати поймол гардидани ҳуқуқҳои асосии ў, ки бо Конститутсия ё қонун пешбинӣ шудаанд, барои барқарорсозии пурраи онҳо аз тарафи судҳои босалоҳияти миллӣ ҳақ дорад». Дар навбати худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 19 ба ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ додааст. Ин маънои онро дорад, ки ҳар як шахс метавонад бевосита ё ба воситаи намоянда бо ёрии ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодӣ ва манфиати қонунии вайронгардида ё мавриди баҳс қарордоштаашро ҳифз намояд. Шакли судии ҳифзи ҳуқуқҳои субъективӣ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар қонунгузории амалкунанда асосӣ мебошад.
Вобаста ба ин, яке аз олимони шинохтаи тоҷик Х.М. Мирзамонзода қайд менамояд, ки маҳз ҳокимияти судӣ қобилияти дар ҳаҷми пурра ва аз ҳама бештар самараноктар ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои ҷомеа ва давлатро ҳифз намояд.
Дар моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардидааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Яке аз аломатҳои ҷудонопазири давлати ҳуқуқбунёд ин имконияти шаҳрванд ба кўмаки суд муроҷиат кардан дар ҳолати вайрон гардидани ҳуқуқҳои субъективӣ ё манфиатҳои қонунии вай мебошад.
Ин аст, ки дар меъёрҳои тамоми қонунгузории соҳавӣ ёдовариро дар бораи ҳифзи судии ҳуқуқҳои субъективӣ ва манфиатҳои қонунӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Масалан дар моддаҳои 10, 11 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 199, 201, 323 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 8 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғ.
Дар боби 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори судҳои салоҳияти умумӣ Суди конститутсионӣ ва судҳои иқтисодӣ номбар гардидаанд, ки онҳо низ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамоянд.
Дар асоси ҳамин боби Конститутсия моҳи ноябри соли 1995 як қатор қонунҳо, ба монанди қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақоми судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи сохтори судӣ», инчунин Кодекси мурофиавии хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуданд, ки дар таҳкими низоми судии кишвар аҳамияти муҳиме доштанд.
Баъдтар, аниқтараш 6 августи соли 2001 қонунҳои конститутсионии дар боло зикргардида ба истиснои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷдиди назар карда шуда, як санади мукаммал – Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд, ки ба фаъолияти судҳои юрисдиксияи умумӣ ва судҳои иқтисодӣ бахшида шуда буд. Бояд қайд кард, ки санади қонунгузории мазкур меъёри муҳимеро дар бар мегирифт, ки дар инкишофи низоми ҳуқуқи мурофиавӣ нақши калонеро бозид. Тибқи меъёри мазкур ҳокимияти судӣ бо роҳи мурофиаи судии конститутсионӣ, маданӣ, иқтисодӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ ба амал бароварда мешавад.
Бояд қайд кард, ки дар инкишофи фаъолияти судҳо ва айни замон қонунгузории мурофиавӣ нақши Барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ хеле калон мебошад.
Аввалин Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2010, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007, таҳти № 271 тасдиқ шудааст, дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2006 таҳия гардид.
Дар асоси Барномаи мазкур кодексҳои нави хусусияти мурофиавӣ дошта, Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуданд, ки на танҳо барои мақомоти судӣ, балки дар инкишофи қонунгузории мурофиавӣ низ аҳамияти калон доштанд.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2011 Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 тасдиқ гардид, ки идомабахши Барномаи аввалини ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ буд.
Санадҳои ҳуқуқии муҳиме, ки ҷиҳати иҷрои Барномаи мазкур қабул карда шудаанд, ин дар таҳрири нав қабул намудани қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Аз мазмуни қонунгузории мурофиавӣ бармеояд, ки суд субъекти асосии соҳаҳои мурофиавии ҳуқуқ мебошад.
Ҳамин тавр, ҳолатҳои болоӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки нақши истиқлолияти давлатӣ дар ташаккули қонунгузории мурофиавӣ назаррас буда, судҳо дар соҳаҳои қонунгузории мурофиавӣ нақши ҳалкунандаро мебозанд.
Неъмон Табаров -
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
дотсенти кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ
Тоҷ
Рус
Eng