НАҚШИ КИТОБХОНАИ ЭЛЕКТРОНӢ ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМ
Дар шароити рушди босуръати илму техника ва технологияҳои муосир соҳаи маориф ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки рушди ҷомеа ба истифодаи васеи имкониятҳои рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ниёз дорад. Имрӯз раванди таълиму тарбия бе истифодаи манбаъҳои электронии иттилоотӣ, китобҳои рақамӣ, пойгоҳҳои маълумот ва захираҳои илмӣ-электронӣ тасаввурнопазир гардидааст. Дар ин ҷода, китобхонаҳои электронӣ ҳамчун яке аз воситаҳои муҳими таъмини дастрасии донишҷӯён, омӯзгорон ва муҳаққиқон ба иттилооти зарурӣ мавқеи хос пайдо намудаанд.
Таваҷҷуҳи пайваста ба рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим аз ҳар як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тақозо менамояд, ки барои фароҳам овардани муҳити мусоиди таълимӣ, илмӣ ва иттилоотӣ тадбирҳои муассир андешад. Дар ин замина, китобхона ҳамчун маркази муҳими иттилоотрасонӣ маркази муосири захираҳои электронӣ, илмӣ ва таълимӣ аст.
Китобхонаи электронӣ маҷмуи муташаккили захираҳои иттилоотӣ мебошад, ки тавассути технологияҳои рақамӣ барои истифодабарандагон дастрас карда мешавад. Бартарии асосии он дар он ифода меёбад, ки хонанда метавонад бидуни маҳдудияти ҷой ва дар бисёр мавридҳо вақт аз китобҳо, мақолаҳои илмӣ, дастурҳои таълимӣ, рисолаҳо, маводи методӣ ва дигар сарчашмаҳои иттилоотӣ истифода намояд.
Барои муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мавҷудияти китобхонаи электронӣ имкон медиҳад, ки раванди таълим бо захираҳои зарурии иттилоотӣ сари вақт таъмин карда шавад. Донишҷӯ метавонад ҳангоми омодагӣ ба дарс, иҷрои корҳои мустақилона, таҳияи корҳои курсӣ, корҳои дипломӣ ва таҳқиқоти илмӣ аз манбаъҳои электронии китобхона истифода барад. Аз ин рӯ, китобхонаи электронӣ ҷузъи муҳими инфрасохтори таълимӣ ва илмии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба ҳисоб меравад.
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамчун муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар дар самти омодасозии мутахассисони соҳибкасб барои соҳаҳои иқтисод, молия, андоз, бонкдорӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ, идоракунӣ ва дигар самтҳои марбут ба иқтисоди миллӣ фаъолияти назаррас дорад. Таъмини донишҷӯён ва омӯзгорон бо захираҳои муосири таълимӣ ва илмӣ аҳамияти махсус касб менамояд.
Китобхонаи электронии ДДМИТ ҳамчун қисми муҳими низоми ягонаи иттилоотӣ-таълимии донишгоҳ хизмат намуда, барои донишҷӯён ва омӯзгорон имконияти истифодаи васеи захираҳои рақамиро фароҳам овардааст. Китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ ва методӣ, адабиёти соҳавӣ, маҷаллаҳои илмӣ, мақолаҳо, маводи конференсияҳо, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва дигар маводи зарурӣ дар шакли электронӣ ҷамъоварӣ ва ба низом дароварда шудаанд.
Яке аз вазифаҳои муҳимми китобхонаи электронӣ дар ДДМИТ мунтазам ғанӣ гардонидани фонди электронӣ мебошад. Бо назардошти тағйирёбии талаботи бозори меҳнат ва рушди босуръати илмҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва технологӣ захираҳои китобхона пайваста бо адабиёти нав, таҳқиқоти муосир ва маводи таълимии соҳавӣ такмил дода мешавад.
Дар ҷомеаи иттилоотӣ талаботи истифодабарандагон ба хизматрасонии китобхона низ тағйир меёбад. Агар қаблан хонанда барои дарёфти китоб ҳатман ба толори китобхона муроҷиат мекард, имрӯз ӯ метавонад тавассути низомҳои электронии ҷустуҷӯ маълумоти заруриро пайдо намуда, вобаста ба ҳуқуқи дастрасӣ аз нусхаи рақамии он истифода барад.
Дастрасӣ ба адабиёти илмӣ, мақолаҳои соҳавӣ, маҷаллаҳои тахассусӣ, натиҷаҳои таҳқиқоти қаблӣ ва дигар манбаъҳои боэътимод ба муҳаққиқ имкон медиҳад, ки мавзуи таҳқиқотро ҳамаҷониба омӯзад, адабиёти заруриро интихоб намояд ва таҳқиқоти худро дар заминаи маълумоти илмӣ ба роҳ монад.
Дар шароити рушди ҷомеаи иттилоотӣ китобхонаи электронӣ ба яке аз унсурҳои муҳимми инфрасохтори таълим ва илм табдил ёфтааст. Рушди чунин китобхона дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои баланд бардоштани сифати таълим, рушди фаъолияти илмӣ, беҳтар намудани хизматрасонии иттилоотӣ ва ташаккули малакаҳои мустақилонаи омӯзиши донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам оварадааст.
Аз ин рӯ, рушди китобхонаи электронии ДДМИТ яке аз самтҳои муҳими таҳкими муҳити таълимӣ, илмӣ ва иттилоотии донишгоҳ ба шумор меравад. Ба андешаи мо, ҳар қадаре ки имкониятҳои китобхона барои дастрасӣ ба дониш ва иттилоот васеъ гарданд, ҳамон қадар шароити мусоид барои ташаккули мутахассисони донишманд, соҳибмаърифат, эҷодкор ва рақобатпазир фароҳам хоҳад шуд.
Ганҷина МУРОДОВА,
сармутахассиси китобхонаи электронии Китобхонаи илмии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng