Таърихи давлатдории навини тоҷикон собит месозад, ки Истиқлоли давлатӣ чун бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллат на танҳо сарнавишти сиёсии кишварро дигаргун сохт, балки тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, пеш аз ҳама, илму маориф ва маънавиётро ба марҳалаи сифатан нави рушд ворид намуд. Дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ на танҳо ҳамчун паёми табрикотӣ, балки чун барномаи мукаммали стратегиву амалӣ арзёбӣ мегардад. Ин суханронӣ тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа, хусусан масъалаҳои мубрами таълиму тарбия, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, рушди технологияҳои муосир, зеҳни сунъӣ, интихоби дурусти касб ва масъулияти шаҳрвандиро дар бар гирифта, самтҳои асосии пешрафти давлату миллатро барои оянда муайян мекунад.

Асоси ҳар як пешрафт ва пойдории давлат, пеш аз ҳама, ба фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ алоқаманд аст. Чӣ тавре ки Сарвари давлат дар суханронии худ бо таъкид баён доштанд, тамоми дастовардҳои мо дар ободиву пешрафти Ватани азизамон, аз ҷумла дар соҳаи маориф, маҳз самараи истиқлоли давлатӣ, сулҳу суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати пойдори миллӣ мебошанд. Барои мардуми Тоҷикистон сулҳ омили муҳимтарини пояндагии давлат ба шумор рафта, дар шароити мураккабу пурихтилофи ҷаҳони муосир ҳифзи ин неъмати бебаҳо вазифаи муқаддаси ҳар як фарди огоҳ аст. Нишони равшани ин талошҳои пайгиронаи кишвар дар сатҳи байналмилалӣ қабул гардидани Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» бо пешниҳоди Тоҷикистон мебошад, ки обрӯ ва нуфузи кишварро дар арсаи байналмилалӣ дар ҳифзи сулҳу оромӣ боз ҳам баланд бардошт. Дар баробари ин, муҳтавои суханронӣ нишон медиҳад, ки маориф ҳамчун пойдевори асосии рушди ҷомеа ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Рақамҳои оморие, ки дар суханронӣ зикр шудаанд, аз таваҷҷуҳи бесобиқаи давлат ба ин соҳа шаҳодат медиҳанд. Тайи даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 4135 бинои муассисаи таълимӣ бо зиёда аз 1 миллиону 800 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи чандин миллиард сомонӣ сохта ба истифода дода шудаанд. Ин нишондиҳандаҳо на танҳо рақами хушк, балки таҷассуми ғамхории пайвастаи Ҳукумат нисбат ба насли ояндасоз ва фароҳам овардани шароити муосири таълим мебошанд. Дар ин раванд, ҳамкории соҳибкорони бонангу номус ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар бунёди муассисаҳои таълимӣ намунаи барҷастаи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ дар назди ҷомеа ба шумор меравад. Пешвои миллат бо ифтихор қайд карданд, ки сармоягузорӣ ба таълиму тарбияи кӯдакону наврасон ин дар ҳақиқат сармоягузорӣ ба ояндаи босаодати миллат ва давлат аст.

Масъалаи дигари калидии суханронӣ ба рушди зинаҳои гуногуни таълим, махсусан таҳсилоти томактабӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ нигаронида шудааст. Таълиму тарбия дар кӯдакистонҳо зинаи аввалини фарогирии кӯдакон ба ҳисоб рафта, сифати он ба тамоми марҳалаҳои минбаъдаи таҳсили хонандагон таъсири мустақим мерасонад. Бо назардошти ин, супориши Пешвои миллат оид ба васеъ намудани шабакаи муассисаҳои томактабӣ дар ҳар як маҳалла ва ба талаботи муосир мувофиқ гардонидани онҳо аҳамияти бузург дорад. Ҳамзамон, рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки бо таъсиси кумитаи дахлдор ва қабули барномаҳои махсус тақвият ёфтааст, имкон медиҳад, ки бозори меҳнат бо кадрҳои баландихтисос ва соҳибкасб таъмин карда шавад. Зиёд шудани номгӯи касбу ихтисосҳо аз 230 то ба 730 номгӯй далели он аст, ки низоми таҳсилот ба талаботи воқеии иқтисоди миллӣ ва пешрафти саноату технологияҳо мутобиқ гардида истодааст. Дар ин баробар, масъалаи интихоби дурусти касб аз ҷониби ҷавонон бори дигар ба таври ҷиддӣ баррасӣ гардид. Президенти мамлакат дуруст қайд карданд, ки аксар вақт ҷавонон ҳангоми интихоби касб ба тамоюли зоҳирпарастӣ ва тақлид роҳ медиҳанд, ки ин ба ояндаи онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, ташаккули фарҳанги касбинтихобкунӣ ва муайян кардани истеъдоду қобилияти кӯдакон аз зинаҳои аввали таълим вазифаи муҳими мақомоти маориф ва волидон маҳсуб мешавад.

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонӣ ва густариши зеҳни сунъӣ, талабот ба сатҳи донишу маҳорати инсонҳо ба пуррагӣ тағйир ёфтааст. Сарвати асосии давлатҳо дар замони муосир дигар на танҳо захираҳои табиӣ, балки инсонҳои донишманд, кадрҳои соҳибмаърифат ва мутахассисони варзида мебошанд. Сарвари давлат ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, таъкид карданд, ки наврасону ҷавонон бояд забонҳои хориҷӣ, технологияҳои муосир ва асосҳои зеҳни сунъиро чуқуру ҳаматарафа омӯзанд. Аммо дар баробари ин, як масъалаи нигаронкунанда истифодаи беназорат ва бемеъёри телефонҳои ҳушманд ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби хонандагон мавриди интиқоди ҷиддӣ қарор гирифт. Тавре зикр гардид, фазои маҷозӣ бидуни риояи меъёрҳои синнусолӣ ба солимии равонӣ, хоб, нутқ, ҳофиза ва қобилияти азхудкунии дониши хонандагон зарари ҷиддӣ мерасонад. Ин амр боиси он гардидааст, ки баъзе давлатҳои мутараққӣ истифодаи телефонҳоро барои наврасон дар мактабҳо маҳдуд созанд. Аз ин рӯ, супориши Пешвои миллат ба сохторҳои марбута ҷиҳати омӯзиши ин масъала ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли он дар муҳлатҳои мутобиқ ба манфиати ҷомеа ниҳоят саривақтӣ ва муҳим буда, барои ҳимояи маънавию равонии насли наврас равона шудааст.

Дар баробари пешрафту дастовардҳо, Президенти мамлакат масъалаҳои ҳалталаби соҳаи маориф, аз ҷумла баланд бардоштани сифати таълими амалӣ, бо китобҳои дарсии насли нав ва адабиёти ёрирасон пурра таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ, такмили маҳорати касбии омӯзгорон ва ҷорӣ кардани усулҳои пешқадами таълимро ба миён гузоштанд. Таъкид шуд, ки ҳар гуна таҷриба ё низоми байналмилалӣ пеш аз ҷорӣ шудан бояд дар шароити Тоҷикистон санҷида шуда, ба арзишҳои миллӣ ва ҳадафҳои стратегии кишвар мутобиқ гардонида шавад. Нақши омӯзгорон дар ин раванд беҳамто арзёбӣ гардид, зеро симои маънавии ҷомеа, ояндаи давлат, тарбияи кадрҳои соҳибихтисос ва рушди тамоми соҳаҳо бевосита аз фаъолият ва заҳмати софдилонаи устодону омӯзгорон вобаста аст.

Хулоса, суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш даъвати бузургест ба ҳар як фарди ҷомеа, то ки бо дарки масъулияти баланди ватандорӣ дар роҳи омӯхтани илму дониш, ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳкими истиқлоли давлатӣ ва ободии Тоҷикистони азиз содиқона саҳм гузоранд ва фарзандони худро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ба камол расонанд.

 

Ҷовидон ХАЛИФАЗОДА

номзади илмҳои иқтисодӣ, сардори раёсати илм ва инноватсияи ДДМИТ