Тоҷикистон аввалин кишвари Осиёи Марказӣ гардид, ки Стратегияи миллӣ оид ба рушди зеҳни сунъӣ то соли 2040-ро тасдиқ намуд. Ҳуҷҷате, ки соли 2022 қабул шудааст, ҳадафи пешоҳангиро пеш мегузорад: то соли 2040 ҳиссаи зеҳни сунъӣ ба иқтисоди кишвар бояд ба 5%-и ММД расад. Айни замон, «Солҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия» эълон шудани солҳои 2025-2030 ба ҷорӣ намудани технологияҳо дар идоракунии давлатӣ, тиҷорат ва соҳаи иҷтимоӣ импулси иловагӣ мебахшад. 

Афзалиятҳои стратегӣ ва инфрасохтор

Стратегия истифодаи зеҳни сунъиро дар соҳаҳои калидӣ пешбинӣ мекунад: идоракунии давлатӣ, тандурустӣ, кишоварзӣ, энергетика, маориф ва ҳифзи муҳити зист. Барои ҳамоҳангсозии кор Шӯрои зеҳни сунъӣ назди Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ назди Президент таъсис дода шудаанд. 

Инфрасохтор фаъолона рушд мекунад. Дар моҳи октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии AI Conf 2025 баргузор гардид, ки дар доираи он 20 созишнома ба маблағи тақрибан 117 млн доллар имзо шуд. Илова бар ин, созишномаҳо дар бораи сохтмони се маркази муосири коркарди додаҳо бо қувваи умумии 15 МВт бо иштироки ширкатҳои Кореяи Ҷанубӣ ва Чин имзо шудаанд. 

Зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои иқтисод

Дар соҳаи молиявӣ зеҳни сунъӣ барои автоматикунонии скоринги кредитӣ, ошкор кардани амалиётҳои қалбакӣ ва таҳлили хатарҳо истифода мешавад. Системаҳои асосёфтаи zGAN ба банкҳо дар даҳ кишвар аллакай имкон додаанд, ки додани кредитҳоро ба маблағи зиёда аз 200 млн доллар автоматӣ кунанд. 

Дар кишоварзӣ технологияҳои кишоварзии дақиқ ва таҳлили пешбиникунанда барои пешгӯии ҳосил, беҳтарсозии обёрӣ ва огоҳӣ аз хушксолӣ кӯмак мекунанд. 

Дар идоракунии давлатӣ зеҳни сунъӣ барои автоматикунии коркарди муроҷиатҳои шаҳрвандон, беҳтарсозии маршрутҳои воситаҳои нақлиёт ва таъмини бехатарӣ истифода мешавад. Лоиҳаи «Шаҳри зеҳнӣ» дар Душанбе зиёда аз 120 пойгоҳи сервериро муттаҳид карда, GPS-трекерҳо ва сенсорҳоро ба нақлиёти ҷамъиятӣ насб кардааст, то сарфи сузишвориро ва риояи маршрутҳоро дар реҷаи замонї назорат кунад. 

Дар тиҷорати электронӣ зеҳни сунъӣ тавсияҳои шахсигардонидашуда, ҷустуҷӯи молҳо тавассути сурат, ки ин махсусан барои тиҷорати маҳаллӣ, ки ба майдонҳои тиҷоратӣ мебарояд, муҳим аст. 

Тайёр намудани кадрҳо

Дар ҳамин радиф даҳ донишгоҳи бонуфузи Тоҷикистон барномаҳои таълимии зеҳни сунъиро амалӣ мегузаронанд. Академияи зеҳни сунъӣ, ки назди Шӯрои зеҳни сунъӣ таъсис ёфтааст, аллакай зиёда аз 750 мутахассисро омода кардааст. Барномаи мактабӣ оид ба зеҳни сунъӣ дар соли хониши 2025–2026 100 мактабро фаро мегирад ва то соли 2028 беш аз 4000 мактаб ва 2 млн хонандаро дар бар гирифтанро пешбинӣ мешавад. Дар кишвар инчунин модели забонии худӣ — SomoniGPT таҳия карда мешавад. 

Эътирофи байналмиллалӣ

Дар моҳи июли соли 2025 Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид ташаббуси Љумњурии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ карда ва қарори «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ»-ро қабул намуд. Дар доираи қарор пешбинӣ шудааст, ки Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар Душанбе таъсис дода шавад. Илова бар ин, бо ташаббуси Љумњурии Тоҷикистон Созмони милали муттаҳид яктарафа қарор кард, ки аз соли 2027 31 август Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод эълон карда шавад. 

Мушкилот ва дурнамо

Баробари муваффақиятҳои назаррас, монеаҳои ҷиддӣ боқӣ мемонанд: норасоии кадрҳои махсусгардонидашуда, нобаробари рушди инфрасохтори рақамӣ дар минтақаҳо, норасоии маълумотччччњои сифати маҳаллӣ барои омӯзиши моделҳо ва хароҷоти баланди ҷорӣ намудан барои тиҷорати хурду миёна. Бо вуҷуди ин, ба хулосаи мутахассисон, амалисозии стратегияи иқтисодиёти рақамӣ то соли 2040 метавонад афзоиши иловагии ММД-ро ба 1,5–2% таъмин намояд ва то 500 ҳазор ҷойи нави кор эҷод кунад. 

Тоҷикистон имрӯз омодагии пайгирона ба дигаргунсозии технологиро нишон медиҳад. AI на танҳо ҳамчун воситаи автоматизатсия, балки ҳамчун омили стратегии рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва ташаккули иқтисоди нави дониш ҳисобида мешавад.

 

Шуҳрат ҚОБИЛОВ,

ассистенти кафедраи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт