Шукри истиқлолу сарвар мекунем,

Шукри ободии кишвар мекунем.

Шукри он зоте, ки моро ҳаст кард,

Шукри бому хонаву дар мекунем.

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи навини миллати тоҷик буда, рамзи озодӣ ва соҳибдавлатӣ, оғози марҳилаи нави рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар ба ҳисоб меравад. Истиқлол барои мардум имкон фароҳам овард, ки тақдири худро мустақилона идора карда, арзишҳои миллиро эҳё намоянд ва дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр шинохта шаванд.

Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ моро водор месозад, ки ба дастовардҳои солҳои гузашта назар карда, вазифаҳои ояндаро низ муайян намоем. Имрӯз аз ҳар як шаҳрванди кишвар муносибати масъулона ба ободии маҳалли зист, ҳифзи муҳити зист, эҳтироми қонун, донишомӯзӣ ва меҳнати ҳалол талаб карда мешавад. Дар ин раванд, ҷавонон нақши махсус доранд. Ҷавонон қувваи созанда ва ояндаи давлат мебошанд. Онҳо бояд аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, соҳиби касбу ҳунар шаванд, илму дониш омӯзанд ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол бошанд.

Муҳофизати дастовардҳои давлатдорӣ танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ набуда, масъулияти умумии ҷомеа мебошад, ки ҳар як шаҳрванди ватандӯст бояд барои таҳкими сулҳу ваҳдат, рушди ҷомеа ва ободии кишвар саҳмгузор бошад. Ватан танҳо сарзамин нест, Ватан хона, кӯча, маҳалла, деҳа ва шаҳре мебошад, ки ҳар яки мо дар он зиндагӣ мекунем.

Истиқлолият барои миллати тоҷик мактаби бузурги давлатдорӣ, созандагӣ ва худшиносӣ мебошад. Ин давра нишон дод, ки бо муттаҳидӣ, меҳнати софдилона ва эҳтироми арзишҳои миллӣ метавон барои ояндаи беҳтар замина гузошт.

 

Туйчибой ШАРИФОВ,

ассистенти кафедраи назарияи иқтисодии ДДМИТ