Дар ҷаҳони муосир терроризм ва экстремизм аз ҷумлаи мушкилоти ҷиддие ба шумор мераванд, ки ба амнияти давлатҳо, суботи сиёсӣ ва оромии ҷомеа таҳдид мекунанд. Ин зуҳуроти номатлуб на танҳо ба рушди сиёсиву иқтисодии кишварҳо зарар мерасонанд, балки ба ҳаёти осоиштаи мардум, фарҳанг, арзишҳои маънавӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон низ таъсири манфӣ мерасонанд. Аз ин рӯ, муқовимат ба терроризм ва экстремизм яке аз вазифаҳои муҳимми давлат ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

Терроризм амали хатарноки ҷамъиятӣ буда, бо истифода ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ, тарсонидани аҳолӣ ва анҷом додани амалҳои ғайриқонунӣ бо мақсади таъсир расонидан ба қабули қарорҳои сиёсӣ ва расидан ба ҳадафҳои муайян тавсиф мешавад. Экстремизм бошад, ба тарғиби ақидаҳои тундрав, таҳаммулнопазирӣ ва дар баъзе ҳолатҳо даъват ба амалҳои ғайриқонунӣ ва хушунатомез алоқаманд аст. Гарчанде ин ду мафҳум аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ва мазмунӣ аз ҳам фарқ мекунанд, дар баъзе ҳолатҳо ғояҳои ифротӣ метавонанд барои ҷалби афрод ба фаъолияти террористӣ замина фароҳам оваранд.

Яке аз масъалаҳои нигаронкунанда дар шароити имрӯза ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ мебошад. Ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда ва ояндасози ҷомеа дар рушди давлат нақши муҳим доранд. Аммо гурӯҳҳои ифротӣ бо истифода аз ноогоҳӣ, камтаҷрибагӣ, мушкилоти иҷтимоӣ ва осебпазирии равонии баъзе ҷавонон кӯшиш мекунанд, ки онҳоро ба доми фиреби худ кашанд. Дар ин раванд аз усулҳои таблиғотӣ, паҳн намудани маълумоти бардурӯғ, таҳрифи арзишҳои динӣ ва сӯиистифода аз эҳсосоти ҷавонон истифода мебаранд.

Бинобар ин, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва рушди тафаккури интиқодии ҷавонон аз омилҳои муҳимми пешгирии ифротгароӣ ба шумор мераванд. Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки пайравӣ ба ақидаҳои тундрав ва иштирок дар фаъолияти гурӯҳҳои ғайриқонунӣ метавонад ба ҳаёти шахсӣ, оила, ҷомеа ва ояндаи давлат оқибатҳои вазнин дошта бошад.

Терроризм дар шаклҳои гуногун зуҳур намуда, метавонад боиси қатлу куштори одамони бегуноҳ, гаравгонгирӣ, тарконидани иншооти муҳим, вайрон намудани инфрасохтори ҷамъиятӣ ва дигар амалҳои ҷинояткорона гардад. Оқибатҳои чунин амалҳо на танҳо талафоти ҷонӣ ва хисороти моддӣ, балки осеби равонӣ, тарсу ваҳм ва коҳиши эътимоди мардум ба амнияти ҷамъиятиро низ ба миён меоранд.

Экстремизм низ бо паҳн намудани ғояҳои таҳаммулнопазирӣ, барангехтани кинаву адоват ва ташвиқи ҷудоиандозӣ ба ҳамдигарфаҳмии ҷомеа халал мерасонад. Аз ин рӯ, мубориза бо ин зуҳурот бояд на танҳо тавассути чораҳои ҳуқуқӣ, балки бо роҳи баланд бардоштани маърифат, тарбияи ахлоқӣ, таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ ва густариши муколамаи созанда амалӣ карда шавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба терроризм ва экстремизм чораҳои зарурии сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилиро амалӣ менамояд. Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои таъмини амният, ҳифзи сулҳу субот ва пешгирии зуҳуроти ифротгароӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад.

Тоҷикистон дар солҳои аввали истиқлоли давлатӣ, бахусус дар давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оқибатҳои вазнини низоъ ва нооромиро аз сар гузаронидааст. Ин таҷрибаи талх аҳаммияти сулҳ, ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳифзи суботи сиёсиро боз ҳам равшантар нишон медиҳад. Аз ин рӯ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии муқовимат ба терроризм ва экстремизм тавассути санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян гардидаанд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии мубориза бо ин зуҳуроти хатарнокро танзим менамояд. Риояи қонунгузорӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳамкории шаҳрвандон бо мақомоти дахлдор дар пешгирии чунин ҷиноятҳо аҳаммияти калон дорад.

Терроризм ва экстремизм мушкилоте мебошанд, ки ҳалли онҳо ҳамкории пайвастаи давлатҳо ва созмонҳои байналмилалиро тақозо мекунад. Дар баробари ин, бояд ба омилҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маърифатӣ ва иттилоотие, ки метавонанд барои паҳншавии ғояҳои ифротӣ мусоидат намоянд, таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад. Пешгирии ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии силоҳу маводи нашъадор ва паҳншавии таблиғоти ифротӣ аз самтҳои муҳими таъмини амнияти ҷомеа ба шумор мераванд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ равандҳои иттилоотӣ ва фарҳангӣ ба ҷаҳонбинӣ ва тарзи зиндагии мардум таъсири назаррас мерасонанд. Технологияҳои муосири иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ имкониятҳои васеъро барои омӯзиш, муошират ва мубодилаи дониш фароҳам овардаанд. Бо вуҷуди ин, истифодаи нодурусти онҳо метавонад ба паҳншавии маълумоти бардурӯғ, таблиғоти ифротӣ ва ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои хатарнок мусоидат кунад.

Аз ин рӯ, ҳар як ҷавон бояд ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳушёр ва масъулиятшинос бошад, ба ҳар гуна маълумоти паҳншаванда бидуни санҷиш бовар накунад ва сарчашмаи иттилоотро мавриди таҳлил қарор диҳад. Ташаккули саводи расонаӣ, тафаккури интиқодӣ ва қобилияти фарқ кардани маълумоти воқеӣ аз таблиғоти ғаразнок яке аз роҳҳои муассири пешгирии таъсири манфии гурӯҳҳои ифротӣ мебошад.

Дар ин раванд нақши оила, муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва ҷомеа басо муҳим аст. Оила нахустин муҳити тарбияи инсон буда, дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва муносибати фарзандон ба ҷомеа саҳми арзанда мегузорад. Муассисаҳои таълимӣ бошанд, дар баробари додани дониш, вазифадоранд, ки дар ҷавонон ҳисси масъулиятшиносӣ, эҳтиром ба қонун, таҳаммулпазирӣ ва фарҳанги муколамаро ташаккул диҳанд.

Дар ин замина, андешаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи мақоми мактаб ва омӯзгор аҳаммияти махсус доранд. Дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намудаанд, ки мактаб ва омӯзгор дар баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа ва тарбияи насли ояндасоз нақши калидӣ доранд. Зеро бе илму дониш ва маърифат ҷомеа метавонад ба ҷаҳолат гирифтор шуда, рушди давлат ва суботи иҷтимоӣ халалдор гардад.

Аз ин рӯ, омӯзгорон бояд дар баробари таълими фанҳои таълимӣ, ба ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, худшиносии миллӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ ва ҳисси ватандӯстии донишҷӯён низ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Гузаронидани суҳбату вохӯриҳои тарбиявӣ, мизҳои мудаввар, конференсияҳои илмӣ ва чорабиниҳои маърифатӣ метавонад дар баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон аз хатари терроризм ва экстремизм мусоидат кунад.

Худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ ва маънавӣ, инчунин арҷ гузоштан ба сулҳу ваҳдат аз омилҳои муҳимми ташаккули шахсияти комил ба шумор мераванд. Ҷавононе, ки дорои дониш, ҷаҳонбинии васеъ ва мавқеи устувори шаҳрвандӣ мебошанд, метавонанд ба таъсири ғояҳои ифротӣ муқовимат намуда, дар ҳифзи амнияти ҷомеа саҳми арзанда гузоранд.

Дар шароити имрӯза ҷавонон бояд нерӯи худро ба омӯзиши илм, азхудкунии касбу ҳунар, рушди малакаҳои касбӣ ва татбиқи ташаббусҳои созанда равона созанд. Иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ, эҳтироми қонун, дастгирии арзишҳои инсонпарварона ва муносибати масъулона ба ояндаи кишвар аз нишонаҳои муҳими шаҳрвандии фаъол мебошанд.

Ҳамзамон, ҳар як ҷавон бояд дарк намояд, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ неъмати бебаҳо буда, ҳифзи онҳо аз ҳар як шаҳрванди кишвар масъулияти баландро талаб мекунад. Пешгирии терроризм ва экстремизм танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ нест, балки масъулияти муштараки тамоми ҷомеа, аз ҷумла ҷавонон, омӯзгорон, падару модарон ва зиёиён мебошад.

Хулоса, ҷавонон неруи асосии пешбарандаи ҷомеа ва ояндаи давлат мебошанд. Барои он ки ин неру ба манфиати рушди кишвар истифода шавад, зарур аст, ки ҷавонон соҳиби дониши мукаммал, ҷаҳонбинии илмӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ ва ҳисси баланди худшиносиву ватандӯстӣ бошанд. Танҳо дар ҳамбастагӣ бо оила, муассисаҳои таълимӣ, ҷомеа ва мақомоти давлатӣ метавонем пеши роҳи паҳншавии ғояҳои ифротиро гирифта, барои наслҳои оянда муҳити амну осоишта фароҳам оварем.

Ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва муқовимат ба терроризм ва экстремизм вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон буда, ҷавонони соҳибмаърифат, ватандӯст ва масъулиятшинос дар иҷрои ин рисолати муҳим нақши ҳалкунанда доранд.

 

Сайёд ДАВЛАТЗОДА,

ассистенти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ