ОМӮЗГОР - МЕЪМОРИ МАЪНАВИИ НАСЛИ НАВРАС
Ҷомеае, ки ба аҳли маориф, ба устод-омӯзгор ва зиёӣ эҳтиром намегузорад, ба пешрафт муваффақ шуда наметавонад.
Эмомалӣ Раҳмон
Гар набинад мактабу устоду таълиму адаб,
Кас чу ҳайвон мешавад, гарчи бувад соҳибнасаб.
Агар барои инсон пеш аз ҳама муҳити хуби хонаводагӣ, ғизову пӯшок ва саломатӣ зарур бошад, пас барои тарбияи инсони асил, фарзанди баркамолу донишманд, пеш аз ҳама мактаби хуб, омӯзгори болаёқат ва кордон зарур аст.
Ба ибораи дигар, метавон устодро мураббӣ ва роҳнамо дар роҳи корҳои неку созанда номид. Зеро ҳар шахс метавонад аз таҷрибаи зиндагӣ ва фаъолияти худ ба дигарон сабақ омӯзонад. Аз ин рӯ, эҳтироми омӯзгор воҷиб буда, он баробари эҳтироми падар ва ҳатто дар баъзе мавридҳо болотар аз он дониста шудааст. Чунонки бузургон фармудаанд:
Ҳаққи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.
Маҳз ҳамин аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат қадру манзалати устод ба маротиб афзудааст. Ба андешаи Пешвои миллат, агар мо хоҳем, ки дар оянда миллати босаводу пешрафта бошем, давлати аз лиҳози илмӣ, техникӣ ва технологӣ тараққикарда дошта бошем ва сатҳи зиндагии ҷомеаро ба таври назаррас баланд бардорем, бояд масъулият ва сатҳи касбияти омӯзгоронро баланд бардорем.
Пешвои миллат бамаврид қайд намудаанд, ки имрӯз дар кишвар, ғайр аз Вазорати маориф ва илм, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи рушди маориф, 17 донишгоҳу донишкадаи олӣ ва даҳҳо муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии омӯзгорӣ бо даҳҳо кафедра, инчунин қариб 500 номзад ва доктори илмҳои педагогӣ фаъолият доранд, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд.
Бо доштани чунин захираву имкониятҳои бузург, олимону омӯзгорони мо вазифадоранд, ки низоми маорифро дар асоси хусусиятҳои хоси миллӣ боз ҳам таҳким бахшида, ба таври куллӣ баланд бардоштани сифати таҳсилотро таъмин намоянд. Аз ин рӯ, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар Паёми навбатӣ, ки 28 декабри соли 2023 ироа гардид, вазифадор карда шуданд, ки заминаҳои меъёрии ҳуқуқии фаъолият ва назоратро дар соҳаи маориф ва илм ҳарчи зудтар таҳия намуда, ҷиҳати таъмини фаъолияти дурусти муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», шаъну шарафи омӯзгор таҳти кафолат ва ҳимояи қонун қарор дорад. Аз ин рӯ, ҷомеа бояд хуб дарк намояд, ки эҳтиром ба омӯзгор эҳтиром ба ояндаи миллат аст.
Роҳбари давлат бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати омӯзгор бамаврид таъкид намудаанд: «Омӯзгор шахсест, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун менамояд ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад».
Дуруст аст, ки ҳанӯз дар ҳаёти омӯзгорон мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва маишӣ ҷой доранд. Аммо агар омӯзгор бо азму иродаи қавӣ ва масъулияти баланд дар иҷрои рисолати касбии худ кӯшиш намояд, насли солиму босавод ва ватандӯст ба камол мерасад, ки ба қадри заҳмати устоду омӯзгори худ мерасад ва ба давлату ҷомеа содиқона хизмат мекунад.
Дар робита ба ин, дар суханронии навбатии Роҳбари давлат, ки 1 сентябр ба муносибати таҷлили «Рӯзи дониш ва дарси сулҳ» баргузор гардид, вазоратҳои маориф ва илм, адлия, молия, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ва Маркази миллии қонунгузорӣ вазифадор карда шуданд, ки дар муҳлати шаш моҳ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор»-ро таҳия намуда, барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки омӯзгорон бояд ба касби интихобкардаи худ завқ дошта бошанд, онро сидқан дӯст доранд, дорои иродаи қавӣ ва сатҳи баланди касбият бошанд ва бо рафтору кирдори неку намунавии худ эҳтироми бештари аҳли ҷомеаро ба даст оваранд.
Чунин суханони рӯҳбаландкунанда дили ҳамаи моро омӯзгоронро ба иҷрои рисолати касбӣ гармтар намуда, рағбати моро дар роҳи таълиму тарбияи босифат ва рушди неруи зеҳнии миллат дучанд мегардонанд. Таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» дар самти боло бурдани иззату обрӯи омӯзгор иқдоми муҳим ва амалӣ хоҳад буд.
Таъкидҳои пайваста ва хостаи ниҳоии Пешвои миллат аз ҷомеаи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол ин аст, ки омӯзгор бояд чеҳраи саршинос, машъалафрӯзи ҷаҳони маънавӣ ва нурбахши зиндагӣ бошад ва соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки ҳаёти ҷомеа эътироф гардад.
Мо, омӯзгорон, аз он хушнудем, ки кору фаъолияти мо ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва омӯзгорон пайваста аз ҷониби давлат дастгирӣ меёбанд. Яке аз чунин дастгириҳо тадриҷан зиёд шудани маоши кормандони соҳаи маориф мебошад. Боиси хушнудист, ки аз 1 июли соли 2024 маоши омӯзгорон низ ба андозаи 40 фоиз зиёд карда шуд. Ин иқдом боиси рӯҳбаландӣ ва сарбаландии аҳли маориф гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар яке аз суханрониҳояшон махсусан таъкид намудаанд: «Илму дониш инсонро аз ҳама нокомиву бадбахтиҳо раҳоӣ мебахшад».
Ин андеша воқеияти ҳаётро бозгӯ менамояд. Зеро тибқи таҷрибаи ҷомеа ва таҳлилҳои мавҷуда, гурӯҳҳои ифротгаро бештар ба ҷавонони гумроҳу бесавод такя мекунанд. Шахси босавод ва дорои ҷаҳонбинии васеъ камтар ба фиребу найранг дода мешавад.
Дар ҳақиқат, Президенти мамлакат аз оғози солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба соҳаи маориф ва мақоми омӯзгор таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳамеша барои рушди ин соҳаи муҳим мусоидат менамоянд. Ба ҳамин хотир, дар яке аз Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар таъкид намудаанд: «Мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф - сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад».
Ҳамзамон таъкид шудааст: «Эҳтиром ба омӯзгор - эҳтиром ба миллат аст».
Ин бовариву эътимодро мо - омӯзгорон набояд фаромӯш созем. Баръакс, минбаъд низ бояд барои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода намудани кадрҳои баландихтисос, омӯзиши забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқу табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ намудани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ, таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоем.
Дар ин маврид суханони бузургон пеши назар меоянд:
Муаллим кист? Ишқу кунҷи хомӯши дабистонаш,
Сабақ доноию нодон дилам тифли сабақхонаш.
Зи ҳар кас н-ояд ин устоду шогирдӣ, на ҳар кӯҷе,
Бадахшон бошаду ҳар сангпора лаъли рахшонаш.
Забон ҷуз бе забонӣ нест ин нодир муаллимро,
Дареғо, дар ҳама олам надонам кас забондонаш.
Дар ҳақиқат, омӯзгор меъмори маънавии насли наврас ва созандаи ояндаи ҷомеа мебошад. Ӯ на танҳо ба шогирд дониш меомӯзонад, балки дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, ахлоқ, маърифати ҳуқуқӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллии ӯ нақши муҳим мебозад. Аз ин рӯ, рисолати омӯзгор танҳо таълим додан нест, балки тарбия намудани инсони комил ва барои ҷомеа судманд мебошад.
Мо, омӯзгорон, бояд ба ин масъулияти бузург бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба касби худ муносибат намуда, бо дониш, таҷриба ва рафтори намунавии худ барои тарбияи насли босавод, соҳибмаърифат, худшинос ва созанда саҳми арзанда гузорем.
Ҳалимзода Музаффар Ҳалим,
ассистенти кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омори ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng