Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди кишвар азизу гиромӣ буда, дар қалби мардум эҳсоси муҳаббат ба Ватан, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандиро тақвият мебахшад. Маҳз бо ҳамин эҳсоси баланди миллӣ ҳамасола 24-уми ноябр дар саросари мамлакат Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил карда мешавад.

Ин сана дар ҳаёти сиёсӣ, таърихӣ ва маънавии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷойгоҳи махсус дорад. Зеро 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии кишвар қабул гардид.

Ин рӯйдоди муҳим дар таърихи давлатдории навини тоҷикон қадами устувор дар роҳи ташаккули рамзҳои соҳибистиқлолӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад. Баъдан, бо мақсади арҷгузорӣ ба ин рамзи муқаддас, 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил карда мешавад.

Ҳар як ҷузъи Парчами давлатӣ моро ба андеша дар бораи гузаштаи пурифтихор, заҳмату талошҳои фарзандони фарзонаи миллат ва масъулияти имрӯзаамон дар назди Ватан водор месозад. Зеро истиқлолияте, ки имрӯз соҳиб ҳастем, натиҷаи муборизаҳои таърихӣ, талошҳои пайваста ва иродаи қавии мардуми тоҷик мебошад.

Дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Тоҷикистон дар баландии 165 метр парафшон буда, яке аз рамзҳои муҳими пойтахт ва ифтихори миллии мардуми кишвар ба шумор меравад. Ин иншооти бошукӯҳ на танҳо зебогии пойтахтро афзун менамояд, балки барои ҳар як бинанда эҳсоси ифтихор аз давлату миллат ва соҳибистиқлолии Ватанро бедор месозад.

Парафшонии Парчами Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ низ барои ҳар як шаҳрванди кишвар мояи ифтихору сарбаландист. Хусусан, вақте ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ғолиб омада, Парчами давлатии кишварро баланд мебардоранд ва Суруди миллиро садо медиҳанд, эҳсоси ватандӯстӣ дар қалби миллионҳо ҳамватан бедор мегардад. Дар чунин лаҳзаҳо ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон эҳсос мекунад, ки муваффақияти як фарди миллат метавонад боиси сарбаландии тамоми давлату миллат гардад.

Имрӯз Парчами давлатӣ дар биноҳои мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту корхонаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ парафшон аст. Ҳузури он дар муҳити таълимӣ низ аҳаммияти хос дорад, зеро муассисаҳои таҳсилоти олӣ на танҳо маркази илму дониш, балки макони ташаккули ҷаҳонбинӣ, худшиносии миллӣ ва тарбияи насли ояндасоз мебошанд.

Дар ин раванд, нақши ҷавонон ва омӯзгорон хеле муҳим аст. Ҷавонон неруи созанда ва ояндаи давлату миллат буда, бояд бо дарки амиқи арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ ва ҳисси баланди масъулият дар ободии Ватан саҳм гузоранд. Омӯзгорон бошанд, бо истифода аз имкониятҳои таълиму тарбия вазифадоранд, ки дар замири насли наврасу ҷавон эҳтиром ба таърих, фарҳанг, забон ва муқаддасоти миллиро парвариш намоянд.

Гузаронидани дарсҳои тарбиявӣ, суҳбату вохӯриҳо, конференсияҳои илмӣамалӣ, озмунҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ барои баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва худшиносии миллии донишҷӯён мусоидат менамояд. Зеро эҳтиром ба Парчам танҳо дар сухан маҳдуд намешавад, балки пеш аз ҳама дар рафтору кирдор, муносибати содиқона ба Ватан, омӯзиши пайваста, меҳнати софдилона ва саҳмгузорӣ дар пешрафти ҷомеа таҷассум меёбад.

Мо бояд дарк намоем, ки ҳифзи истиқлолият ва муқаддасоти миллӣ танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ нест, балки масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини кишвар мебошад. Эҳтиром ба Парчам маънои эҳтиром ба таърих, давлатдорӣ, забон, фарҳанг ва ҳувияти миллии хешро дорад. Ҳар қадаре ки мо ба арзишҳои миллӣ арҷ гузорем, ҳамон андоза пояҳои ваҳдату ҳамбастагӣ ва суботи ҷомеаи мо устувор мегарданд.

Манучеҳр ҲАМРОЕВ,

устоди кафедраи забонҳои хориҷии ДДМИТ