Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муқаддасоти миллӣ, рамзи соҳибистиқлолӣ, озодӣ, ваҳдати миллӣ ва нишонаи ҳастии давлату миллат мебошад.

Он таҷассумгари таъриху фарҳанги куҳан, тамаддуни пурғановати халқи тоҷик ва орзуву ормонҳои неки мардуми сарбаланди мо ба ҳисоб меравад.

Ҳамасола 24-уми ноябр дар саросари Тоҷикистони азиз Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихору эҳтироми хосса таҷлил карда мешавад.

Ин санаи фархунда барои ҳар як шаҳрванди кишвар рӯзи ифтихори миллӣ, эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои истиқлолият мебошад.

Парчами давлатӣ дар таърихи ҳар як миллат мақоми хос дорад. Он на танҳо рамзи давлатдорӣ, балки нишонаи озодӣ, соҳибихтиёрӣ, ягонагӣ ва эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Вақте ки Парчами Тоҷикистон дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ парафшон мегардад, қалби ҳар як фарди ватандӯст аз эҳсоси ифтихор лабрез мешавад.

Парчами давлатии мо аз се ранг — сурх, сафед ва сабз иборат буда, ҳар кадоми онҳо мазмуну моҳияти амиқи таърихию фарҳангӣ доранд.

Ранги сурх рамзи муборизаю ҷоннисориҳои фарзандони далери миллат дар роҳи озодӣ ва истиқлолият мебошад. Ранги сафед рамзи покӣ, сулҳу оромӣ, бахту саодат ва нияти неки мардуми тоҷик аст.

Ранги сабз бошад, рамзи табиати зебо, сарсабзӣ, ободӣ, зиндагии осоишта ва шукуфоии Ватани азизамон мебошад.

Тоҷ ва ҳафт ситора дар маркази Парчам рамзи давлатдории миллӣ, соҳибихтиёрӣ, саодат ва ормонҳои волои халқи тоҷик мебошанд.

Имрӯз Парчами давлатӣ моро ба дӯст доштани Ватан, ҳифзи истиқлолият, таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва саҳм гузоштан дар ободии Тоҷикистони азиз ҳидоят менамояд.

Мо бояд дарк намоем, ки эҳтиром ба Парчами давлатӣ эҳтиром ба таъриху фарҳанг, забон, миллат ва давлатдории худ мебошад.

Ҳар як шаҳрванди ватандӯст вазифадор аст, ки бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва худшиносии миллӣ ба ин муқаддасоти давлатӣ арҷ гузорад ва онро ҳамчун рамзи шарафу номус ва сарбаландии миллат ҳифз намояд.

Хусусан, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва садоқат ба Ватан яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад.

Зеро ҷавонони худогоҳу ватандӯст ояндаи давлату миллат ва идомадиҳандагони роҳи созандагию ободкорӣ мебошанд.

Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар фазои сулҳу оромӣ парафшон бошад!

Бигзор зери ин Парчами муқаддас миллати тоҷик муттаҳид, сарбаланд ва хушбахт зиндагӣ намояд.

Парчами мо - ифтихори мо, Парчами мо - шарафи мо, Парчами мо - рамзи ҳастии давлати соҳибистиқлоли мост!

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамватанони азиз!

 

  У. АМИРШОЕВ,

сардори бахши банақшагирӣ ва дурнамои иқтисодӣ