ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ - РАМЗИ ИФТИХОР ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
Парчами давлатӣ яке аз муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои асосии соҳибистиқлолии ҳар як давлат ба шумор рафта, таҷассумгари таърих, фарҳанг, ҳувият, озодӣ ва ваҳдати мардум мебошад. Парчами давлатӣ нишонаи сарбаландӣ, ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои муқаддаси Ватан аст. Барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон Парчами давлатӣ рамзи соҳибистиқлолӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ояндаи дурахшони кишвар мебошад.
Таърихи парчамдорӣ дар сарзамини куҳанбунёди тоҷикон решаҳои амиқи таърихӣ дорад. Дар осори адабию таърихии ниёгони мо аз дирафш, ливо ва алам ҳамчун рамзҳои шуҷоат, озодӣ, мубориза барои адолат ва ҳимояи сарзамин ёдоварӣ шудааст. Яке аз намунаҳои барҷастаи он Дирафши Коваёнист, ки дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ҷойгоҳи хос дорад.
Мувофиқи ривояти ҳамосавӣ, Коваи оҳангар пешбанди чармии худро бар сари найза афрохта, онро рамзи мубориза бар зидди зулму ситам ва бедодгарӣ қарор медиҳад. Ин дирафш баъдан бо номи Дирафши Коваён машҳур гардида, ҳамчун рамзи озодихоҳӣ, адолатпарварӣ ва муборизаи халқ барои расидан ба зиндагии шоиста дар хотираи таърихӣ боқӣ мондааст. Ин ривоят гувоҳи он аст, ки парчам дар фарҳанги таърихии мардуми тоҷик аз қадимулайём мақоми воло доштааст.
Бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби рамзҳои давлатии худ гардид. 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Тоҷикистон қабул карда шуд. Аз ҳамон рӯз инҷониб Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи соҳибихтиёрӣ, ягонагӣ ва давлатдории миллӣ дар қалби ҳар як шаҳрванди ватандӯст ҷойгоҳи махсус пайдо намуд.
Парчами давлатии Тоҷикистон аз се рахи уфуқӣ - сурх, сафед ва сабз иборат буда, дар маркази он тоҷ ва ҳафт ситора ҷой гирифтаанд. Ҳар яке аз ин рангҳо ва унсурҳо дорои маънои рамзии хос буда, таҷассумгари ормонҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва арзишҳои маънавии халқи тоҷик мебошанд.
Имрӯзҳо бо ташаббус ва сиёсати созандагии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳо, марказҳои маъмурӣ, муассисаҳои давлатӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ парчамҳои давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса афрохта мешаванд. Дар маросими ифтитоҳи бисёре аз ин иншооти муҳими давлатӣ Пешвои миллат иштирок намуда, зимни суханрониҳои худ мардумро ба дӯст доштани Ватан, ҳифзи истиқлолу озодӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва саҳмгузорӣ дар ободонии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят менамоянд.
Афрохтани Парчами давлатӣ дар ҳар як шаҳру ноҳия ва маҳалли аҳолинишин ифодаи эҳтиром ба давлат, таъриху фарҳанг ва арзишҳои миллӣ мебошад. Махсусан, агар ин рамзи муқаддаси миллӣ дар назди хонадони ҳар як шаҳрванд парафшон бошад, он метавонад дар тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, худогоҳии миллӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ таъсири мусбат расонад. Зеро фарзандон, пеш аз ҳама аз муҳити оила ибрат мегиранд. Вақте онҳо мебинанд, ки падару модар ба Парчами давлатӣ эҳтиром мегузоранд, дар қалби онҳо низ ҳисси муҳаббат ба Ватан ва ифтихор аз давлату миллати худ ташаккул меёбад.
Хушбахтона, ин анъана имрӯз низ идома дорад. Дар аксари муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбии мамлакат Парчами давлатӣ афрохта шудааст. Ҳамарӯза баргузор намудани ҷамъомадҳои саҳаргоҳӣ, таҷлили санаҳои муҳими давлатӣ ва чорабиниҳои тарбиявию маърифатӣ дар назди Парчами давлатӣ барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандии наврасону ҷавонон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Маҳз тавассути чунин иқдомҳо насли наврасу ҷавон дарк менамояд, ки эҳтиром ба Парчами давлатӣ эҳтиром ба таърих, забон, фарҳанг, истиқлолият ва тамоми арзишҳои миллии мост. Парчам моро ба ҳамдигарфаҳмӣ, муттаҳидӣ, меҳнати созанда ва ҳифзи дастовардҳои истиқлол ҳидоят менамояд.
Бояд ҳар як шаҳрванди кишвар дарк намояд, ки эҳтиром ба Парчами давлатӣ ҳифзи истиқлолият, саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат, омӯзиши илму дониш, риояи қонунҳо, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ободонии Ватан низ ифодаи амалии садоқат ба ин рамзи муқаддас мебошанд.
Парчами давлатӣ дар ҳама давру замон рамзи ҳастии миллат, нишонаи соҳибихтиёрии давлат ва омили муттаҳидкунандаи ҷомеа боқӣ мемонад. Пас, вазифаи муқаддаси ҳар яки мост, ки ин рамзи муқаддаси давлатдориро гиромӣ дорем, эҳтироми онро дар қалби фарзандон парвариш намоем ва барои парафшон мондани он дар фазои сулҳу субот ва осоиштагӣ ҳамеша саҳмгузор бошем.
Баҳодур ҶӮРАХОНЗОДА,
мудири кафедраи андозбандӣ ва суғуртаи ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng