Ҳар як халқ ва ҳар як давлати соҳибистиқлол дорои рамзҳои хос, нишонаҳои давлатӣ ва атрибутҳое мебошад, ки моҳияти давлатдорӣ, таъриху фарҳанг ва ҷаҳонбинии онро таҷассум месозанд. Ин рамзҳо на танҳо ифодагари андешаи сиёсӣ ва ҳувияти миллӣ мебошанд, балки барои наслҳои оянда мояи ифтихор, арҷгузорӣ ва эҳтироми ҳамешагӣ ба ҳисоб мераванд. Яке аз муҳимтарин рамзҳои давлатдории тоҷикон Парчами миллӣ аст, ки дар худ таърихи ҳазорсоларо таҷассум намуда, чун рамзи ягонагӣ, ифтихор ва соҳибихтиёрӣ шинохта мешавад.

Дар паҳлуи Парчами давлатӣ, дар давлати муосири Тоҷикистон инчунин Дирафши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи хоси ҳуқуқӣ ва таърихӣ дорад, ки идомаи мантиқии таҷрибаи парчамдории ниёгони ориёинажод маҳсуб меёбад.

Таҳқиқоти забоншиносӣ нишон медиҳанд, ки мафҳумҳои «парчам» ва «дирафш» аз забонҳои бостонии ориёӣ маншаъ гирифтаанд. Вожаи «парчам» аз калимаи суғдии parčam- ба маънои «овеза» ё «алам» пайдо шудааст. Калимаи «дирафш» бошад, реша дар авестоии drafjā, форсии бостон drafša, паҳлавии drafš ва суғдии arδaф дорад, ки маънои асосии он «парчам», «нишона» ва «рамзи давлатдорӣ» мебошад.

Ин ишораҳо ба он далолат медиҳанд, ки мафҳуми парчам дар тафаккури мардумони ориёинажод аз ҳазорсолаҳо пеш вуҷуд дошта, ҷузъи муҳими фарҳанги давлатдории онҳо ба шумор мерафт.

Сарчашмаҳои бостонӣ далел медиҳанд, ки таърихи парчамдории халқи мо аз аҳди куҳан оғоз меёбад. Дар «Авасто» - китоби муқаддаси ориёиён - омадааст: «Балхи зебои афроштадирафш аз беҳтарин кишварҳои офаридаи Аҳуро аст». Ин ишора ба мавҷудияти парчамҳои пурҷалол дар сарзамини Бохтару Суғд ҳанӯз дар аҳди бостон мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар суханрониҳои худ борҳо таъкид кардаанд, ки парчамдорӣ дар тамаддуни ориёӣ решаи чандҳазорсола дорад: «Дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб - рамзи қудрат ва давлатдорӣ ҷой гирифта буд».

Яке аз барҷастатарин рамзҳои парчамдории ориёиён «Дирафши Ковиён» мебошад, ки дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ҳам ба таври равшан тавсиф ёфтааст. Мувофиқи ривояти таърихӣ, Коваи оҳангар ҳангоми шӯриш бар зидди Заҳҳок пешдомани чармини худро бар сари найза афрохта, онро ба рамзи озодӣ мубаддал сохт. Баъдан Фаридун ин дирафшро бо се ранг – сурх, зард ва бунафш ва сангҳои қиматбаҳо оро дод.

Ин дирафш ба рамзи муборизаи халқ барои озодӣ, адолат ва давлатдории миллӣ табдил гардид ва садсолаҳо ҳамчун рамзи қудрати эронитаборон истифода мешуд.

Дирафши Ковиён на танҳо рамзи шӯриш ва ғалаба, балки мазҳари фарри илоҳӣ, ҳокимият, адолат ва ваҳдати миллӣ буд. Дар давраҳои гуногун — аз Пешдодиён то Каёниён, аз Ҳахоманишиён то Сосониён, парчамдории давлатӣ бо ин дирафш пайванди ногусастанӣ дошт.

Дар расмҳои қадимӣ, муҷассамаҳо, тангаҳо ва деворнигораҳои Панҷакенти асрҳои V–VIII, тасвирҳои парчамҳои ҷангии ориёиён дида мешаванд, ки рамзҳои шер, аждаҳо, уқоб ва одамони паҳлавонгилро ифода мекарданд. Ҳар яке аз ин тасвирҳо аломати шуҷоат, қудрат, фарри шоҳӣ ва ҳимояи давлат буд.

Дар фарҳанги миллии тоҷикон парчам аз оғоз дорои эҳтироми хос буд. Онро бо матоъҳои беҳтарин медӯхтанд, бо олоти заррин оро медоданд ва дар набардҳо чун рамзи нангу номус истифода менамуданд. Парчамбардор мавқеи махсус дошт ва шахси бениҳоят далеру ҷасур интихоб мешуд. Дар ҷанг афтидани парчам нишонаи шикаст ва баланд бардоштани он рамзи пирӯзӣ буд. Ҳамин эҳтироми таърихӣ дар давлати муосири Тоҷикистон низ пурра эҳё гардид.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон қабул гардид, идомаи мантиқии анъанаи дирафшбардории ниёгонамон мебошад.

Се ранги он - сурх, сафед ва сабз, мазмунҳои амиқи таърихӣ, фарҳангӣ ва илоҳӣ доранд. Тоҷ ва ҳафт ситораи болои он рамзи давомдори дар тули ҳазорсолаҳо вуҷуддоштаи ҳафтгун: ҳафт иқлим, ҳафт табақаи осмон, ҳафт сайёра, ҳафт рӯз ва ҳафт арзиши муқаддаси миллӣ мебошад.

Имрӯз, дар маркази пойтахт - назди Қасри Миллат, дирафши тоҷик дар яке аз баландтарин пояҳои ҷаҳон парафшон аст, ки ифодагари қудрат, ваҳдат ва устувории давлати соҳибистиқлол мебошад.

Ҳамин тариқ, таърихи парчамдории тоҷикон таърихи чандҳазорсола дошта, аз Авастои бостон то давлати муосири миллӣ идома меёбад. Парчами миллӣ имрӯз на танҳо рамзи давлатдории тоҷикон аст, балки таҷассумгари ифтихор, худшиносӣ, ваҳдат ва ормонҳои таърихии миллат мебошад.

Дирафши Ковиён, ки дар шуури ниёгони мо чун рамзи озодӣ, адолат ва қудрати миллӣ нақш бастааст, имрӯз дар шакли Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассум ёфта, миллатро ба сӯи муваффақият, сулҳ, созандагӣ ва пешрафт раҳнамун месозад.

Далер Сангинов, муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарии ДДМИТ