Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муқаддастарин рамзҳои давлатдории миллӣ буда, дар худ таърихи пурифтихор, фарҳанги ғанӣ, ҳувияти миллӣ ва ормонҳои ҳазорсолаи миллати тоҷикро таҷассум менамояд. Он на танҳо як рамзи давлатӣ, балки нишонаи соҳибихтиёрӣ, истиқлолият, озодӣ, ваҳдат ва ягонагии мардуми Тоҷикистон мебошад.

24-уми ноябр барои ҳар як шаҳрванди ватандӯсти Тоҷикистон рӯзи хотирмон ва пурифтихор аст. Дар ин рӯз мо ба яке аз муқаддасоти асосии давлатдории худ -Парчами давлатӣ арҷ мегузорем ва нақши бузурги онро дар таҳкими худшиносӣ, ҳувияти миллӣ ва ҳисси ватандӯстии ҷомеа бори дигар эҳсос менамоем.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Қабули он дар марҳилаи ҳассоси таърихи давлатдории навини тоҷикон аҳаммияти бузург дошта, ҳамчун рамзи эҳёи давлатдории миллӣ ва оғози марҳилаи нави таърихӣ дар ҳаёти кишвар пазируфта шуд.

Ҳар як ранги Парчами миллӣ дорои маънои амиқ ва рамзӣ мебошад. Ранги сурх таҷассумгари муборизаю ҷоннисориҳо дар роҳи озодию истиқлолият, ранги сафед рамзи покӣ, сулҳу осоиштагӣ ва нияти неки мардум, ранги сабз бошад, нишонаи сарсабзӣ, ободӣ, табиати зебо ва саодати зиндагӣ мебошад. Тоҷ ва ҳафт ситораи дар маркази Парчам ҷойгиршуда рамзи давлатдории тоҷикон, бахту иқболи нек ва ягонагии мардум мебошанд.

Парчам таърихи миллатро ба имрӯз мепайвандад ва ба наслҳои оянда паёми ифтихор, масъулият ва садоқатро мерасонад. Вақте ки Парчами миллӣ дар майдонҳои бузург, назди муассисаҳои давлатӣ ва дар арсаи байналмилалӣ парафшон мегардад, ин пеш аз ҳама нишонаи эътирофи давлат, соҳибихтиёрӣ ва мавқеи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ, ҳамчун яке аз самтҳои муҳими тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ ҷойгоҳи хосса пайдо кардааст.

Имрӯз Парчами давлатӣ моро ба ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ, ҳифзи сулҳу субот, таҳкими истиқлолият ва саҳмгузорӣ дар пешрафти давлату ҷомеа раҳнамоӣ мекунад.

Зеро ватандӯстӣ танҳо бо сухан ифода намеёбад, балки дар рафтору кирдор, масъулиятшиносӣ, меҳнати софдилона ва хизмат ба халқу Ватан таҷассум меёбад.

Махсусан, барои насли ҷавон Парчами миллӣ бояд мактаби бузурги худшиносӣ ва ватандӯстӣ бошад. Ҷавонон бояд бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ, эҳтиром ба таъриху фарҳанги миллӣ ва донистани арзишҳои истиқлолият дар ободию шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро гузоранд.

Ҳар яки мо бояд дарк намоем, ки Парчами давлатӣ рамзи муқаддаси ваҳдати миллат аст. Эҳтиром ба он эҳтиром ба Ватан, ба таърихи пурифтихори гузаштагон, ба заҳмату ҷоннисориҳои фарзандони содиқи миллат ва ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз мебошад.

Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар фазои софу беғубори Ватани маҳбубамон парафшон бошад! Бигзор зери сояи он сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстиву бародарӣ ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷовидона пойдор бимонад.

Мо бо Парчами худ ифтихор дорем, зеро он рамзи ҳастии миллат, шарафи давлат ва нишонаи сарбаландии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст!

 Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!

 

М. АМРОХОНЗОДА,

сармутахассиси шуъбаи банақшагирӣ

 ва дурнамои иқтисодӣ