ПЕШВОИ МИЛЛАТ - РОҲНАМОИ МИЛЛАТ
Аз самими қалб метавон гуфт, ки дар тамоми давру замонҳо пешрафту шукуфоии Ватан, сарҷамъии миллат ва таҳкими давлатдорӣ ба фаъолияти роҳбарияти давлат вобастагии калон дорад. Хушбахтии миллати тоҷик дар он аст, ки дар шароите, ки вазъи сиёсии ҷаҳон ва бархе аз кишварҳо бо нооромӣ, парокандагӣ, буҳронҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ рӯ ба рӯ гардидааст, Тоҷикистони азизи мо дар роҳи пешрафту созандагӣ, эҳёи таъриху фарҳанг ва рушди илму маориф қадамҳои устувор мегузорад.
Боиси зикр аст, ки дар заминаи талошҳои созанда ва ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар дигаргуниҳои муҳимми сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба амал омадаанд. Маҳз бо роҳбарии ӯ миллати парокандаи тоҷик ба ҳам омада, сулҳу субот дар сарзамини мо пойдор гардид. Ҳамзамон, барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки хизматҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими давлатдорӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар таърихи навини тоҷикон ҷойгоҳи хосса доранд. Хусусан, пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ вазъи сиёсии кишвар мураккаб гардида, ҷанги шаҳрвандӣ ба миён омад. Дар он рӯзҳои тақдирсоз масъалаи ҳифзи истиқлолият, нигоҳ доштани якпорчагии кишвар ва барқарор намудани сулҳу субот аҳаммияти ҳаётан муҳим пайдо кард.
Маҳз талошҳои пайгирона ва иродаи сиёсии роҳбарияти давлат барои расидан ба сулҳу ризоияти миллӣ замина гузоштанд. Имрӯз мо, насли ҷавону наврас, дар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ зиндагӣ ва таҳсил намуда, имконият дорем, ки барои ояндаи дурахшони Ватани азизамон дониш омӯзем ва саҳми арзандаи худро гузорем. Аз ин рӯ, қадршиносии сулҳу субот ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Қобили зикр аст, ки яке аз иқдомҳои муҳимми роҳбарияти давлат арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони барӯманди миллат мебошад, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ барои ҳифзи забон, таърих, фарҳанг, сарзамин ва арзишҳои миллии тоҷикон саҳми бузург гузоштаанд. Сарфароз гардонидани чунин шахсиятҳо бо унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» нишонаи эҳтиром ба таърихи миллат, қадршиносии хизматҳои фарзандони фарзонаи халқ ва арҷгузорӣ ба хотираи неки онҳо мебошад.
Дар байни шахсиятҳои барҷастае, ки бо унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» сарфароз гардидаанд, номҳои зерини фарзандони фарзонаи миллат ҷойгоҳи махсус доранд:
Садриддин Айнӣ (1878–1954) - адиб, олим, маорифпарвар ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик, нахустин президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ӯ дар бедории худшиносии миллӣ, ҳифзи забон ва рушди адабиёти тоҷик саҳми бузург гузоштааст. Соли 1997 бо унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.
Бобоҷон Ғафуров (1909–1977) - олими барҷаста, академики Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, ходими давлатӣ ва муаллифи асари машҳури «Тоҷикон». Ӯ дар омӯзиш, таҳқиқ ва муаррифии таърихи пурғановати миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ хизматҳои арзанда кардааст. Соли 1997 бо унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.
Эмомалӣ Раҳмон - сиёсатмадор ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои хизматҳои бузург дар роҳи таҳкими давлатдории соҳибистиқлол ва пойдории сулҳу субот дар кишвар соли 1999 бо унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.
Мирзо Турсунзода (1911–1977) - шоири халқии Тоҷикистон, арбоби барҷастаи адабиёту фарҳанг, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ. Ӯ бо осори пурғановати худ дар муаррифии фарҳангу адабиёти тоҷик дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзанда гузоштааст. Соли 2001 бо унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.
Нусратулло Махсум (1881–1938) - ходими намоёни давлатӣ ва сиёсӣ, яке аз шахсиятҳои таърихии таъсис ва ташаккули Ҷумҳурии Тоҷикистон. Соли 2006 бо унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.
Шириншоҳ Шоҳтемур (1899–1937) - ходими намоёни давлатӣ ва сиёсӣ, ки дар ташаккул ва рушди давлатдории миллии тоҷикон саҳми назаррас гузоштааст. Соли 2006 бо унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.
Ин шахсиятҳои бузург бо фаъолияти пурсамар ва хизматҳои таърихии худ дар ташаккули худшиносии миллӣ, рушди илму фарҳанг ва таҳкими давлатдории тоҷикон нақши мондагор гузоштаанд. Қадрдонии хизматҳои онҳо моро водор месозад, ки таърихи миллатро амиқтар омӯзем, ба гузаштагони худ эҳтиром гузорем ва арзишҳои миллиро ҳамчун мероси гаронбаҳо ҳифз намоем.
Ҳамаи ин иқдомҳо ва ғамхориҳои давлату Ҳукумат, инчунин хизматҳои таърихии фарзандони фарзонаи миллат, моро - насли даврони истиқлолият - водор месозанд, ки ба қадри сулҳу субот, истиқлолияти давлатӣ ва имкониятҳои фароҳамовардашуда бирасем. Мо бояд бо донишомӯзӣ, меҳнати содиқона, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷомеа барои пешрафту ободии Ватани азизамон саҳм гузорем.
Махсусан, мо, омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф, масъулияти бештар дорем, ки дар тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таъриху фарҳанг ва рамзҳои давлатӣ саҳми арзанда гузорем. Зеро насли дорои маърифати баланд, ҷаҳонбинии солим ва ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ метавонад ояндаи дурахшони давлату миллатро таъмин намояд.
Дар фарҷом мехоҳам бо ин мисраъҳои шеърӣ андешаи худро ҷамъбаст намоям:
Паёми ту паёми ошноист,
Садои ту навои кибриёист.
Ба дарди захмҳои пушти Айнӣ,
Паёми ту давои мумиёист.
Сайёд ДАВЛАТЗОДА,
омӯзгори ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng