Рафтаам зи пушти шеър,

Пуштаам тӯфони ишқ.

Ҳадяаам ба ашки ёр,

Дар шукуфа хушхонист.

 

Шеъри ман худафрӯз аст,

Аз табори Наврӯз аст.

Гулханаш зи тоби нанг,

Дар танури исёнист.

 

Заргараш вафодор аст,

Зевараш гули нор аст.

Дар масири хушбинӣ,

Оташаш санохонист.

 

Мевааш ба ҳар пеша,

Шоха- шоха андеша.

Иқтидораш аз реша,

Поядори инсонист.

 

Маҳзараш миноранг аст,

Гулбунаш гули санг аст.

  Ташналаб чу дарёҳо,

Бе гулоби найсонист.

 

Кишвараш пур аз ово,

Чидааш ғами дунё.

Дар нигоҳи кӯтаҳбин,

Пайраҳи пушаймонист.

 

Мераҳад зи ҳар селоб,

Чун таронаи бехоб.

Маслакаш ба ҳар поя,

Ваҳдат аст, на вайронист.

 

Гар ба хоби шаб ояд,

Мавҷи бетараб ояд.

Субҳидам ба ҳоли хеш,

Хандааш зи нодонист.

 

Шеъри ман на ирфонист,

Ҳури  тоҷикистонист.

Дар канори Истиқлол,

Рӯиёи раҳмонист.

 

Печу тоби дил дорад,

Обу тоби дил дорад.

Лаҳзаи хатарафзо,

Шаҳсавори майдонист.

 

Ҷумъа МАХШУЛ