Дар шароити муосир рақамикунонии иқтисодиёт ба яке аз омилҳои калидии рушди устувор, баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои давлатӣ ва иҷтимоӣ, таҳкими шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ ва рушди соҳибкорӣ табдил ёфтааст. Пешрафти босуръати технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, густариши зеҳни сунъӣ, рушди савдои электронӣ, хизматрасониҳои рақамӣ ва ташаккули иқтисоди ба дониш асосёфта муносибати навро ба идоракунии иқтисоди миллӣ тақозо менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар даврони истиқлолияти давлатӣ ба ин равандҳои ҷаҳонӣ пайваста, марҳила ба марҳила заминаҳои ҳуқуқӣ, институтсионалӣ, технологӣ ва кадрии иқтисоди рақамиро ташаккул дода истодааст. Дар ин раванд Паёмҳои солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун яке аз сарчашмаҳои муҳими муайянкунандаи самтҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи иқтисоди рақамӣ аҳаммияти хосса доранд.

Таҳлили муҳтавои Паёмҳои солҳои 2017-2025 нишон медиҳад, ки масъалаи иқтисоди рақамӣ дар сиёсати иқтисодии кишвар тадриҷан аз як самти алоҳидаи рушди технологияҳои муосир ба яке аз афзалиятҳои стратегии рушди иқтисоди миллӣ табдил ёфтааст. Агар дар солҳои аввал бештар масъалаҳои омӯзиши иқтисоди рақамӣ, рушди илм ва истифодаи технологияҳои нав матраҳ гардида бошанд, дар солҳои минбаъда масъалаҳои рақамикунонии соҳаҳои иқтисод, ташаккули инфрасохтори рақамӣ, рушди ҳукумати электронӣ, рақамикунонии молияву андоз, омодасозии кадрҳо, амнияти киберӣ, савдои электронӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ ба миён гузошта шудаанд.

Ташаккули заминаҳои сиёсӣ ва стратегӣ. Яке аз хусусиятҳои муҳими рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон дар он зоҳир мегардад, ки ин раванд дар сатҳи сиёсати давлатӣ пайваста дастгирӣ ёфта, дар ҳуҷҷатҳои барномавӣ ва Паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи устувор пайдо кардааст.

Марҳилаи муҳими ин равандро метавон аз Паёми 22 декабри соли 2017 оғозшуда ҳисобид. Дар ин давра ба масъалаи сармояи инсонӣ, рушди илм, инноватсия ва технологияҳои нав таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Аз ҷумла, зарурати бештар ҷалб намудани ҷавонон ба омӯзиши илм, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ таъкид карда шуд. Ин мавқеъ аҳаммияти стратегӣ дошт, зеро рушди иқтисоди рақамӣ пеш аз ҳама ба неруи инсонӣ, сатҳи дониш, малакаҳои касбӣ ва қобилияти истифодаи технологияҳои муосир вобаста мебошад.

Дар Паёми 26 декабри соли 2018 масъалаи иқтисоди рақамӣ ба сатҳи нави сиёсӣ бароварда шуда, зарурати тавсеаи корҳо оид ба татбиқи иқтисодиёти рақамӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ таъкид гардид. Ин нишон медиҳад, ки муносибат ба рақамикунонӣ аз масъалаи марбут ба илм ва технология тадриҷан ба унсури муҳими сиёсати иҷтимоиву иқтисодии давлат табдил ёфт.

Марҳилаи нави ташаккули сиёсати рақамикунонӣ дар Паёми 26 декабри соли 2019 инъикос гардид. Дар он Ҳукумати мамлакат вазифадор карда шуд, ки ба тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа диҳад. Ҳамчунин, зарурати таҳия ва қабули Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ ва барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодиёти рақамӣ таъкид гардид. Ин иқдом заминаи муҳим барои гузариш аз марҳилаи ташаккули ғоя ва ҳадафҳо ба марҳилаи институтсионалӣ ва барномавии рушди иқтисоди рақамӣ гардид.

Рақамикунонӣ ҳамчун самти стратегии рушди иқтисоди миллӣ. Дар Паёми 26 январи соли 2021 масъалаи рақамикунонӣ бо таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ ва рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ пайваст карда шуд. Дар ин замина зарурати рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъат бахшидани раванди татбиқи «ҳукумати электронӣ» таъкид гардид.

Ташаккули сохтори махсуси давлатӣ дар самти инноватсия ва технологияҳои рақамӣ низ аз муҳимтарин қадамҳои институтсионалӣ ба ҳисоб меравад. Чунин равиш нишон медиҳад, ки рақамикунонии иқтисодиёт дигар танҳо масъалаи техникии истифодаи технологияҳо набуда, балки ба самти мустақили сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.

Дар ин марҳила моҳияти иқтисоди рақамӣ ҳамчун маҷмӯи равандҳои ба ҳам алоқаманди технологӣ, иқтисодӣ ва идоракунӣ бештар равшан гардид. Рақамикунонӣ на танҳо ҷорӣ намудани компютер ва технологияҳои иттилоотӣ, балки тағйир додани тарзи фаъолияти корхонаҳо, мақомоти давлатӣ, низоми хизматрасонӣ, муносибатҳои молиявӣ ва раванди қабули қарорҳои иқтисодиро дар бар мегирад.

Рушди инфрасохтори рақамӣ ва гузариш ба хизматрасониҳои рақамӣ. Паёми 21 декабри соли 2021 идомаи мантиқии сиёсати рақамикунонии иқтисоди миллӣ буд. Дар он зарурати баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди неруи инсонӣ таъкид гардида, ба рақамикунонии бомароми иқтисоди миллӣ ва ташаккули заминаи технологии он таваҷҷуҳи махсус дода шуд.

Яке аз самтҳои муҳим дар ин марҳила гузариши тадриҷӣ ба иқтисоди рақамӣ ва хизматрасониҳои рақамӣ дар ҳамаи соҳаҳо мебошад. Ин раванд, пеш аз ҳама, ба рушди инфрасохтори алоқа ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ вобастагӣ дорад.

Дар ҳамин замина масъалаи рушди таҳсилоти рақамӣ низ аҳаммияти махсус пайдо кард. Зеро иқтисоди рақамӣ бе ташаккули ҷомеаи дорои саводи рақамӣ ва бе омодасозии мутахассисони дорои малакаҳои муосир наметавонад ба натиҷаҳои устувор ноил гардад. Аз ин рӯ, таҳияи консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ яке аз қадамҳои муҳими пайвастани ислоҳоти иқтисодӣ бо ислоҳоти соҳаи маориф мебошад.

Иқтисоди рақамӣ ва рушди неруи инсонӣ. Яке аз омилҳои асосии рушди иқтисоди рақамӣ сармояи инсонӣ мебошад. Технологияҳо худ ба худ рушди иқтисодиро таъмин намекунанд. Барои истифодаи самараноки онҳо мутахассисони соҳибмаърифат, барномасозон, муҳандисон, таҳлилгарон, иқтисоддонҳо, менеҷерон ва дигар кадрҳои дорои донишҳои муосир заруранд.

Дар Паёми 23 декабри соли 2022 ба масъалаи омодасозии мутахассисони соҳаҳои саноат, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва иқтисоди рақамӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шуд. Дар ин замина зарурати роҳандозии барномаҳои таълими касбу ҳунарҳои муосир, васеъ намудани омӯзиши амалии донишҷӯён ва таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот таъкид гардид.

Ин мавқеъ аҳаммияти махсус дорад, зеро дар шароити иқтисоди рақамӣ рақобат на танҳо байни корхонаҳо ва давлатҳо, балки байни дониш, малака ва қобилияти инноватсионии инсонҳо сурат мегирад. Аз ин рӯ, сармоягузорӣ ба маориф, илм, таҳсилоти касбӣ ва бозомӯзии кадрҳо бояд ҳамчун сармоягузорӣ ба рушди дарозмуддати иқтисоди миллӣ арзёбӣ гардад.

Рақамикунонии иқтисод ва рушди бахши молиявию андоз. Яке аз самтҳои муҳимтарини иқтисоди рақамӣ рақамикунонии низоми молиявию андоз мебошад. Гузариш ба муносибатҳои рақамӣ дар ин соҳаҳо метавонад шаффофияти амалиёт, самаранокии идоракунӣ, суръати хизматрасонӣ ва назорати молиявиро беҳтар намояд.

Дар Паёми 28 декабри соли 2023 ба зарурати густариши раванди рақамикунонии молияву андоз ва роҳандозии низоми мукаммали муносибатҳои молияи рақамӣ таъкид гардид. Ин раванд барои ташаккули муҳити муосири иқтисодӣ, коҳиш додани хароҷоти маъмурӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ аҳаммияти калон дорад.

Рақамикунонии низоми андозу молия инчунин барои таҳкими шаффофияти иқтисодӣ ва ташаккули муносибатҳои нави байни давлат, соҳибкорон ва шаҳрвандон замина фароҳам меорад. Дар оянда густариши чунин равандҳо метавонад ба ташаккули муҳити рақобатпазиртар ва пешгӯишавандаи иқтисодӣ мусоидат намояд.

Марҳилаи нави рушди иқтисоди рақамӣ. Паёми 28 декабри соли 2024 аз нигоҳи муайян намудани самтҳои мушаххаси рушди иқтисоди рақамӣ аҳаммияти махсус дорад. Дар он гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди кишвар арзёбӣ гардида, ҳафт самти асосии рушди иқтисоди рақамӣ муайян карда шуданд.

Самти якум такмили заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар соҳаи иқтисоди рақамӣ мебошад. Ин масъала муҳим аст, зеро рушди технологияҳои нав бояд бо низоми ҳуқуқии муосир ҳамоҳанг бошад.

Самти дуюм рушди инфрасохтори рақамӣ, аз ҷумла рушди шабакаҳои 5G, марказҳои коркарди маълумот ва ташкили махзани мукаммали миллии маълумот мебошад. Инфрасохтори рақамӣ ҳамчун «сутунмӯҳра»-и иқтисоди рақамӣ барои фаъолияти тамоми бахшҳои он хизмат мекунад.

Самти сеюм рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ мебошад. Ин иқдом метавонад муносибатҳои байни давлат ва шаҳрвандонро содатар намуда, сатҳи дастрасӣ ва сифати хизматрасониҳои давлатӣ беҳтар гардад.

Самти чорум рушди сармояи инсонӣ мебошад. Омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо дар дохил ва хориҷи кишвар, инчунин баланд бардоштани маърифати рақамии аҳолӣ дар шароити рушди босуръати технологияҳо аҳаммияти ҳаётан муҳим дорад.

Самти панҷум истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ мебошад. Зеҳни сунъӣ метавонад дар оянда ба яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ табдил ёбад.

Самти шашум таъмини амнияти киберии махзанҳои маълумот мебошад. Бо зиёд шудани ҳаҷми маълумоти рақамӣ ва густариши хизматрасониҳои онлайн масъалаи ҳифзи маълумот ва амнияти киберӣ аҳаммияти стратегӣ пайдо мекунад.

Самти ҳафтум ташаккули соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ мебошад. Ин самт барои густариши бозори дохилӣ, дастрасӣ ба бозорҳои хориҷӣ, рушди хизматрасониҳои нав ва фароҳам овардани имкониятҳои иловагӣ барои соҳибкорон заминаи мусоид фароҳам меорад.

«Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» ҳамчун марҳилаи нави сиёсати давлатӣ. Яке аз ташаббусҳои муҳим, ки дар Паёми соли 2024 пешниҳод гардид, эълон намудани солҳои 2025-2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» мебошад.

Ин ташаббус аз ҷиҳати стратегӣ метавонад марҳилаи нави рушди иқтисоди рақамиро дар Тоҷикистон муайян намояд. Зеро рақамикунонӣ танҳо дар ҳолате самаранок мегардад, ки он бо рушди инноватсия, истеҳсолот, илм, маориф ва соҳибкорӣ ҳамоҳанг карда шавад.

Дар ин замина пайванди инноватсия бо истеҳсолот аҳаммияти махсус дорад. Агар натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва технологӣ ба истеҳсолот ворид карда шаванд, онҳо метавонанд ба афзоиши маҳсулнокии меҳнат, коҳиши хароҷот, баланд шудани сифати маҳсулот ва рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат намоянд.

Ҳамзамон, ҷорӣ намудани ихтисосҳои марбут ба барномасозӣ ва дигар самтҳои зарурии иқтисоди рақамӣ дар низоми таҳсилоти касбӣ аз талаботи муҳими замони муосир мебошад. Пешниҳоди таъсиси Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва ташкили факултаю кафедраҳои дахлдор дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низ ба ҳамин ҳадаф равона шудааст.

Иқтисоди рақамӣ ҳамчун омили баланд бардоштани рақобатпазирии миллӣ. Рушди иқтисоди рақамӣ метавонад ба тамоми бахшҳои иқтисоди миллӣ таъсири мусбат расонад. Дар соҳаи саноат технологияҳои рақамӣ барои автоматикунонии истеҳсолот, назорати сифат ва идоракунии захираҳо истифода мешаванд. Дар соҳаи кишоварзӣ онҳо метавонанд барои мониторинги замин, истифодаи самараноки об ва захираҳо, пешгӯии ҳосилнокӣ ва идоракунии занҷираи таъминот мусоидат намоянд.

Дар соҳаи молия технологияҳои рақамӣ имкониятҳои нави пардохт, хизматрасонии бонкӣ ва идоракунии молиявиро фароҳам месозанд. Дар соҳаи савдо рушди платформаҳои электронӣ метавонад ба соҳибкорон имконият диҳад, ки бозори фаъолияти худро васеъ намоянд.

Дар соҳаи давлатӣ рақамикунонӣ метавонад ба баланд шудани самаранокии идоракунӣ, кам шудани хароҷоти маъмурӣ, беҳтар гардидани дастрасии шаҳрвандон ба хизматрасониҳо ва баланд шудани шаффофият мусоидат кунад.

Аз ин рӯ, иқтисоди рақамӣ бояд на ҳамчун як соҳаи ҷудогона, балки ҳамчун муҳаррики тағйироти технологӣ ва сохтории тамоми иқтисоди миллӣ арзёбӣ карда шавад.

Паёми соли 2025: гузариш ба марҳилаи нави рушди иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ. Марҳилаи нави рушди сиёсати рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми соли 2025 баён гардидааст. Агар дар Паёмҳои солҳои қаблӣ асосан масъалаҳои ташаккули заминаҳои ҳуқуқию институтсионалӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, молияву андоз, омодасозии кадрҳо ва рушди соҳибкории рақамӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта бошанд, дар Паёми соли 2025 ба таври возеҳ ба технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ҳамчун манбаи нави рушди иқтисодӣ аҳаммияти стратегӣ дода шудааст.

Дар ин Паём таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат бояд самтҳои афзалиятноки рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, саноатикунонии босуръат бо истифодаи технологияҳои муосир, идомаи ислоҳоти идоракунии давлатӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузориро тақвият бахшад. Ин мавқеъ нишон медиҳад, ки рақамикунонӣ минбаъд ҳамчун воситаи ёрирасони рушди иқтисодӣ не, балки ҳамчун яке аз омилҳои асосии тағйирёбии модели иқтисодии кишвар арзёбӣ мегардад.

Яке аз ҷанбаҳои муҳими Паёми соли 2025 гузариш ба модели иқтисодии ба дониш ва навоварӣ асосёфта мебошад. Дар чунин модел дониш, технология, қобилияти инноватсионӣ ва сармояи инсонӣ ба унсурҳои асосии истеҳсоли арзиши иқтисодӣ табдил меёбанд. Аз ин рӯ, рушди иқтисоди рақамӣ бояд бо рушди илм, маориф, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва дастгирии фаъолияти инноватсионӣ ҳамоҳанг карда шавад.

Дар Паём махсус таъкид шудааст, ки пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ тақозо менамояд, ки ин дастовардҳо дар ҳамаи соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд. Ин нукта аз ҷиҳати иқтисодӣ аҳаммияти хос дорад, зеро имконият медиҳад, ки Тоҷикистон дар баробари истифодаи технологияҳои рақамӣ барои эҳтиёҷоти дохилӣ, ба рушди хизматрасониҳои рақамии содиротӣ низ таваҷҷуҳ намояд.

Дар баробари ин, зарурати таҳкими заминаи ҳуқуқии гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ таъкид гардидааст. Таҷрибаи рушди технологияҳои нав нишон медиҳад, ки бе заминаи мукаммали ҳуқуқӣ ва меъёрии муносиб истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ метавонад бо масъалаҳои ҳифзи маълумот, амнияти киберӣ, масъулияти рақамӣ ва танзими муносибатҳои иқтисодӣ рӯ ба рӯ гардад. Аз ин рӯ, такмили қонунгузорӣ бояд яке аз самтҳои доимии сиёсати рақамикунонӣ бошад.

Яке аз масъалаҳои муҳими Паёми соли 2025 рушди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ ва таъмини аҳолӣ бо интернети баландсуръат мебошад. Дар ин замина зарурати таҷдиди хатҳои нахиву нурии байнишаҳрӣ ва зиёд намудани хатҳои байналмилалӣ таъкид гардидааст.

Ин масъала аҳаммияти бунёдӣ дорад, зеро иқтисоди рақамӣ бе инфрасохтори боэътимод ва дастрас наметавонад ба таври комил рушд намояд. Суръат ва сифати интернет ба рушди тиҷорати электронӣ, хизматрасониҳои давлатӣ, таҳсилоти рақамӣ, фаъолияти соҳибкорӣ, кори фосилавӣ, хизматрасониҳои молиявии рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ таъсири мустақим мерасонад.

Аз ин рӯ, рушди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ бояд ҳамчун яке аз унсурҳои асосии инфрасохтори иқтисодии мамлакат баррасӣ гардад. Гузариш ба технологияҳои муосир ва рушди шабакаҳои баландсуръат барои фароҳам овардани шароити баробар дар истифодаи имкониятҳои иқтисоди рақамӣ аҳаммияти стратегӣ дорад.

Дар Паёми соли 2025 ба масъалаи таъмини иқтисоди рақамӣ бо кадрҳои соҳибихтисос низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст. Ба вазоратҳои дахлдор супориш дода шудааст, ки талаботи бозори меҳнатро дар самти иқтисоди рақамӣ омӯзанд ва барои зиёд намудани теъдоди мутахассисон ва баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳо чораҳои зарурӣ андешанд.

Ин самт яке аз масъалаҳои калидии рақамикунонии иқтисоди миллӣ мебошад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки рушди технологияҳои рақамӣ на танҳо ба таҷҳизот ва инфрасохтор, балки пеш аз ҳама ба сармояи инсонӣ вобаста аст. Мутахассисони соҳаҳои барномасозӣ, таҳлили маълумот, зеҳни сунъӣ, киберамният, технологияҳои молиявӣ, идоракунии рақамӣ ва дигар самтҳои технологӣ дар оянда талаботи бештар пайдо хоҳанд кард.

Аз ин лиҳоз, низоми таҳсилоти кишвар бояд ба талаботи нави бозори меҳнат мутобиқ карда шуда, ҳамзамон бо омодасозии мутахассисони нав, бозомӯзии кадрҳои амалкунанда низ ба роҳ монда шавад. Робитаи муассисаҳои таълимӣ бо бахши воқеии иқтисодиёт, ташкили марказҳои инноватсионӣ ва лабораторияҳои рақамӣ метавонад ба беҳтар гардидани сифати омодасозии мутахассисон мусоидат намояд.

Самти дигари муҳими сиёсати рақамӣ, ки дар Паёми соли 2025 инъикос ёфтааст, зиёд намудани ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ ва рушди инфрасохтори пардохт мебошад.

Гузариш ба пардохтҳои рақамӣ яке аз нишондиҳандаҳои муҳими ташаккули иқтисоди муосир ба ҳисоб меравад. Пардохтҳои ғайринақдӣ метавонанд шаффофияти амалиёти иқтисодиро баланд бардошта, суръати гардиши маблағҳоро афзоиш диҳанд ва барои рушди хизматрасониҳои нави молиявӣ замина фароҳам созанд.

Рушди инфрасохтори пардохтии рақамӣ ҳамчунин барои соҳибкорон ва шаҳрвандон имкониятҳои нав фароҳам оварда, метавонад ба рушди савдои электронӣ ва хизматрасониҳои рақамӣ мусоидат намояд. Дар ин замина рушди ҳамгироии технологияҳои молиявӣ бо низоми андоз, бонкдорӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ аҳаммияти бештар пайдо мекунад.

Яке аз масъалаҳои муҳимтарини Паёми соли 2025 истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатӣ мебошад. Ҳадафи асосӣ дар ин самт баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ ва коҳиш додани таъсири омили инсонӣ дар равандҳои иқтисодӣ ва молиявӣ мебошад.

Дар ин робита мисоли низоми рақамии биллингии ҳисоб ва пардохти неруи барқ аҳаммияти махсус дорад. Тибқи маълумоти дар Паём пешниҳодшуда, қабл аз ҷорӣ намудани низоми муосири ҳисоб ва пардохти неруи барқ, дар солҳои гузашта қисми муайяни аҳолӣ ҳамчун пардохткунандаи пурраи ҳаққи истифодаи неруи барқ ба ҳисоб гирифта намешуд. Пас аз ҷорӣ намудани низоми нави биллингӣ фарогирии ҳисобу пардохт ба сатҳи пурра расонида шудааст.

Ин таҷриба нишон медиҳад, ки рақамикунонӣ метавонад на танҳо сифати хизматрасониҳоро баланд бардорад, балки механизми идоракунӣ ва назорати равандҳои иқтисодиро низ тағйир диҳад. Системаҳои рақамӣ имконият медиҳанд, ки маълумот ба таври автоматӣ ҷамъоварӣ ва коркард шуда, эҳтимоли хатои инсонӣ ва дахолати субъективӣ коҳиш дода шавад.

Мисоли шаҳри Душанбе низ аҳаммияти амалии рақамикунонии идоракуниро нишон медиҳад. Тибқи маълумоти Паём, дар натиҷаи ҷорӣ намудани низоми рақамии биллингӣ дар 11 моҳи соли 2025 талафоти неруи барқ дар шаҳри Душанбе 13 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ба андозаи 7 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст.

Ин нишондиҳанда далели он мебошад, ки истифодаи технологияҳои рақамӣ метавонад барои баланд бардоштани самаранокии идоракунии захираҳо, назорати молиявӣ ва кам кардани талафоти иқтисодӣ натиҷаи назаррас диҳад.

Дар Паёми соли 2025 ба масъалаи гузариши пурра ба раванди рақамии идораи молияи давлатӣ, инчунин ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии молиявӣ дар ҳамаи субъектҳои хоҷагидор таваҷҷуҳи махсус дода шудааст.

Рақамикунонии идоракунии молияи давлатӣ метавонад самаранокии банақшагирӣ, иҷро ва назорати буҷетро беҳтар намуда, барои қабули қарорҳои асосноки иқтисодӣ замина фароҳам созад. Дар шароити истифодаи технологияҳои муосири таҳлили маълумот имкониятҳои пешгӯии нишондиҳандаҳои молиявӣ ва муайян намудани хавфҳои эҳтимолӣ низ васеъ мегарданд.

Дар самти маъмурикунонии андоз низ дар доираи «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025» як қатор тадбирҳо амалӣ гардидаанд. Рақамикунонии соҳаи андоз ба баланд бардоштани сифату самаранокии хизматрасониҳои электронӣ, соддагардонии иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, густариши ҳамкориҳои фосилавӣ бо шаҳрвандон ва андозсупорандагон ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат кардааст.

Ин раванд нишон медиҳад, ки рақамикунонии андоз танҳо воситаи техникӣ нест, балки яке аз механизмҳои муҳими такмили муносибатҳои давлат ва соҳибкорон мебошад. Хизматрасониҳои рақамӣ метавонанд хароҷоти вақт ва маблағи андозсупорандагонро коҳиш дода, шаффофият ва самаранокии маъмурикунонии андозро баланд бардоранд.

Дар Паёми соли 2025 ба зарурати пурра ҷорӣ намудан ва оммавӣ гардонидани сомонаи ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ низ таъкид шудааст.

Ташкили низоми ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ яке аз қадамҳои муҳим дар самти ташаккули ҳукумати рақамӣ мебошад. Чунин низом метавонад дастрасии шаҳрвандон ва соҳибкоронро ба хизматрасониҳои давлатӣ осон намуда, шумораи муроҷиатҳои мустақим ба мақомоти давлатиро кам кунад.

Дар оянда рушди хизматрасониҳои давлатӣ бояд ба самти автоматикунонии равандҳо, мубодилаи байниидоравии маълумот, истифодаи таҳлили маълумот ва зеҳни сунъӣ равона карда шавад. Ин раванд метавонад ба ташаккули модели нави идоракунии давлатӣ мусоидат намояд, ки дар он қарорҳо бештар ба маълумоти воқеӣ ва таҳлили рақамӣ асос меёбанд.

Мушкилот ва масъалаҳои ҳалталаб. Бо вуҷуди пешрафтҳои назаррас, рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳалли як қатор масъалаҳои муҳимро тақозо мекунад. Аз ҷумла, такмили пайвастаи заминаи ҳуқуқӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ, дастрасии васеи аҳолӣ ба интернет, баланд бардоштани сатҳи саводи рақамӣ, омодасозии кадрҳои соҳибихтисос, таъмини амнияти киберӣ ва ҳифзи маълумот аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим мебошанд.

Ҳамчунин, зарур аст, ки рушди иқтисоди рақамӣ бо талаботи минтақаҳои гуногуни кишвар мутобиқ карда шавад. Дастрасии баробар ба инфрасохтори рақамӣ яке аз шартҳои муҳими фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои шаҳрвандон, соҳибкорон ва муассисаҳои иҷтимоӣ мебошад.

Масъалаи дигар ин рушди фарҳанги истифодаи технологияҳои рақамӣ мебошад. Рақамикунонии хизматрасонӣ танҳо дар ҳолате натиҷаи дилхоҳ медиҳад, ки шаҳрвандон ва субъектҳои иқтисодӣ тавонанд аз имкониятҳои он самаранок ва бехатар истифода баранд.

Дар баробари ин, рушди зеҳни сунъӣ ва афзоиши ҳаҷми маълумоти рақамӣ зарурати таҳкими механизмҳои ҳифзи маълумот ва амнияти кибериро бештар менамояд. Аз ин рӯ, сиёсати рақамикунонӣ бояд ҳамеша бо сиёсати ҳифзи маълумот, таъмини амнияти иттилоотӣ ва баланд бардоштани маърифати рақамии аҳолӣ ҳамоҳанг бошад.

Хулоса. Таҳлили равандҳои рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолияти давлатӣ нишон медиҳад, ки ин раванд дар солҳои охир ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат табдил ёфтааст.

Агар дар марҳилаи аввал масъалаҳои иқтисоди рақамӣ асосан дар доираи рушди илм, инноватсия, технологияҳои муосир ва сармояи инсонӣ баррасӣ гардида бошанд, минбаъд доираи онҳо васеъ шуда, масъалаҳои рақамикунонии соҳаҳои иқтисодӣ, ташаккули инфрасохтори рақамӣ, ҳукумати электронӣ, рақамикунонии молияву андоз, рушди таҳсилоти рақамӣ, омодасозии кадрҳо, савдои электронӣ, соҳибкории рақамӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ ва таъмини амнияти кибериро фаро гирифтааст.

Паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин раванд ҳамчун омили муҳими муайянкунандаи самтҳои стратегии сиёсати давлатӣ баромад мекунанд. Аз таҳлили онҳо бармеояд, ки Тоҷикистон аз марҳилаи дарки зарурати рақамикунонӣ ба марҳилаи муайян намудани ҳадафҳои мушаххас ва ташаккули инфрасохтору институтҳои иқтисоди рақамӣ гузашта истодааст.

Эълон гардидани солҳои 2025-2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» метавонад оғози марҳилаи сифатан нави рақамикунонии иқтисоди миллӣ бошад. Дар ин давра самаранокии татбиқи ҳадафҳои пешбинишуда пеш аз ҳама ба ҳамоҳангии сиёсати давлатӣ, рушди инфрасохтор, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, дастгирии соҳибкорӣ ва инноватсия, такмили заминаи ҳуқуқӣ ва таъмини амнияти рақамӣ вобаста хоҳад буд.

Дар маҷмӯъ, рушди иқтисоди рақамӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо воситаи ҷорӣ намудани технологияҳои нав, балки шарти муҳими баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ, таҳкими иқтидори инсонӣ, рушди соҳибкорӣ, беҳтар намудани хизматрасониҳои давлатӣ ва ташаккули модели муосири иқтисоди миллӣ мебошад.

Аз ин нуқтаи назар, рақамикунонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон яке аз самтҳои муҳими рушди стратегии кишвар дар марҳилаи нави истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ намуд. Самаранок ва пайгирона амалӣ гардидани ин раванд метавонад барои ташаккули иқтисодиёти инноватсионӣ, рақобатпазир ва ба талаботи иқтисоди ҷаҳонии муосир мутобиқ заминаи устувор фароҳам оварад.

Қурбонализода Давлаталӣ, омӯзгори кафедраи молияи ДДМИТ