Баъзе роҳҳо касро ба сӯи як ҷаҳон андеша, хотира ва эҳсосоти нав раҳнамун месозанд. Дар зиндагии ҳар инсон гоҳе чунин сафарҳое пеш меоянд, ки пас аз анҷоми онҳо роҳҳои тайкарда, манзараҳои дида, суханони шунида ва чеҳраҳои вохӯрда дар хотир зинда мемонанд ва ҳар боре ки сари онҳо андеша мекунӣ, гӯё боз як бор ҳамон роҳро тай намуда, ҳамон ҳаворо нафас мекашӣ ва ҳамон саҳнаҳоро пеши назар меорӣ. Роҳи мо ба сӯйи НБО-и «Роғун» низ аз ҳамин гуна роҳҳо буд.

Рӯзи 15-уми сентябри соли 2026 зиёда аз 100 нафар адибону рӯзноманигорон, фарҳангиён ва аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ташкилотҳои ибтидоии шаҳри Душанбе ва кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон роҳи НБО-и “Роғун”-ро пеш гирифтем. Ин сафар бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «35 соли Истиқлол, 35 соли шукуфоӣ бо НБО “Роғун”» сурат гирифт. Ман ҳам кайҳо боз орзу доштам, ки ин коргоҳи бузурги созандагиро аз наздик бинам, зеро медонистам, ки НБО-и “Роғун” як сохтмони бузургест бо кӯҳҳои баланд, нақбҳои тӯлонӣ, садди азим ва одамони меҳнатдӯст пайваст.

Халқи тоҷик солҳо бунёди онро интизор,

Рост гӯям, нуқтаи охири армон Роғун аст.

Нақлиёт оҳиста-оҳиста аз муҳити шаҳрӣ дур мешуд ва ҳар қадар роҳ пеш мерафт, ҳамон қадар манзараҳо тағйир меёфтанд, хонаҳо камтар, кӯҳҳо баландтар ва дараҳо тангтар мешуданд. Мо, ки аз паси шишаи тиреза ба ин манзараҳо менигаристем, беихтиёр ба он фикр мерафтем, ки паси ҳамин кӯҳҳо коргоҳи бузурге ҷой гирифтааст, ки имрӯз ҳазорон нафар дар он барои анҷоми як кори бузург заҳмат мекашанд. Ҳамин тавр, тақрибан соати 10 ба мавзеи НБО-и «Роғун» расидем.

Дар даромадгоҳи неругоҳ таваққуфи кӯтоҳе доштем ва аз ҳамон лаҳза ҳаракати одамон, техника ва корҳои пайвастаи сохтмонӣ аз он дарак медод, ки мо ба муҳите ворид шудем, ки дар ин коргоҳи бузург ҳар кас вазифаи муайяни худро дорад.

Баъди расидан ба мавзеи сохтмон моро ба қисми фарҳангии барнома даъват карданд, ки дар толори фарҳангӣ барои кормандони НБО-и «Роғун» ва меҳмонон доир гардид. Сухан аз равшанӣ ва нури маърифат рафт. Умедвории зиёд аз ин коргоҳу кормандон ва сохтмончиён буд.

Пас аз анҷоми барномаи фарҳангӣ либосҳои кориро ба бар карда, тоскулоҳҳо ба сар гузоштем ва пеш аз ворид шудан ба минтақаи сохтмон масъулон қоидаҳои бехатариро фаҳмонданд. Аз ҳамон лаҳза ҳис кардем, ки ҳар қадами мо бояд бо эҳтиёткорӣ гузошта шавад.

Неругоҳи барқи “Роғун” фатҳи халқи тоҷик аст,

Аз дурахши нури “Роғун” мушкил осон гаштааст.

Дасти ҳам бигрифтаву монда қадамҳо устувор,

Парчами армони миллат партавафшон гаштааст.

Қадами аввалро, ки ба минтақаи сохтмон гузоштем, манзараи дигаре пеши назар кушода шуд. Нақбҳо, роҳҳои дохилӣ, техникаҳои бузург, иншооти зеризаминӣ, садои муҳаррикҳо ва одамоне, ки ҳар кадом ба кори худ машғул буданд.

Роҳбалад моро аз қисматҳои гуногуни иншоот гузаронида, дар бораи нақбҳои обпарто, агрегатҳо, садд ва дигар ҷузъиёти сохтмон маълумот медод.

Вақте сухан аз баландии пешбинишудаи садд - 335 метр рафт, дар паси ин рақам солҳои тӯлонии ҳисобу китоб, тарҳрезӣ, омӯзиш, меҳнати муҳандисон, сохтмончиён, коргарон ва мутахассисони соҳа меистад. Яке лоиҳа таҳия мекунад, дигаре ҳисоб мекунад, касе техника идора мекунад, дигаре дар нақб кор мекунад, муҳандисе ба раванди сохтмон назорат мебарад ва мутахассиси дигар масъалаҳои бехатариро месанҷад. Яъне, вазифаҳо гуногунанд, аммо мақсад як аст ва ҳамин пайванди меҳнати одамони гуногун аст, ки ба сохтмон ва умеди миллати тоҷик симои ягона мебахшад.

Лозим ба ёдоварист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи энергетикаи Тоҷикистон ва бунёди НБО-и “Роғун” таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. НБО-и “Роғун” яке аз лоиҳаҳои муҳими энергетикии кишвар ба ҳисоб рафта, барои таъмини Тоҷикистон бо неруи барқ аҳамияти калон дорад.

Бинои НОБ-и “Роғун” арсаи номусу нангат гашт,

Аз ин ҷовид дар таърих мемонӣ, ту меарзӣ.

Тавре зимни чорабинии тантанавӣ муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъмат иброз намуд, Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон имкониятҳои васеи созандагиро фароҳам оварда, маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои бузурги бунёдкориву созандагӣ дар саросари кишвар вусъат пайдо карданд.

Неругоҳи барқи обии «Роғун» яке аз бузургтарин лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар, рушди иқтисоди миллӣ ва фароҳам овардани заминаҳои устувор барои пешрафти соҳаҳои гуногун нақши муҳим дорад.

Дар чорабинӣ саҳми созандагону мутахассисон, муҳандисон, коргарон ва ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин иншооти бузурги миллӣ саҳм мегузоранд, махсус таъкид гардида, меҳнати фидокоронаи онҳо ҳамчун намунаи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан арзёбӣ шуд.

Дарвоқеъ, НБО-и “Роғун” ҳамчун яке аз иншооти бузурги аср барои рушди иқтисодиёти кишвар, беҳтар намудани таъминоти неруи барқ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави истеҳсолӣ нақши муҳим дорад. Бунёди он ба рушди инфрасохтор ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад.

НБО-и “Роғун” рамзи меҳнати созанда ва талошҳои мардуми Тоҷикистон барои рушди энергетикаи миллӣ мебошад.

Бояд қайд кард, ки агрегати якуми неругоҳ 16-уми ноябри соли 2018 ва агрегати дуюми он 9-уми сентябри соли 2019 ба кор даромаданд. Идомаи сохтмони ин иншооти бузург бошад, аз муҳимтарин самтҳои рушди энергетикии кишвар ба шумор меравад.

Вақте аз НБО-и “Роғун” бармегаштем, нигоҳу таассуроти мо дигар шуд. Акнун медонистем, ки паси ин кӯҳҳо одамон кор мекунанд, дар дили ҳамин кӯҳҳо нақбҳо ҳастанд ва дар он ҷо садои техникаву меҳнати инсон идома бомаром дорад.

Оре, Роғун манбаи беинтиҳои равшанист,

Файзбахшу дилкушову ҷои хубу диданист.

Наврӯз ҶОБИРОВ