9 сентябри соли 2026 Ҷумҳурии Тоҷикистон 35-солагии Истиқлолияти давлатии худро ҷашн мегирад. Ин санаи таърихӣ барои миллати тоҷик рамзи озодӣ, соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори давлат мебошад. Дар тули ин солҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурифтихори давлатдориро тай намуда, дар тамоми самтҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Дар солҳои аввали истиқлолият кишвари мо ба мушкилоти зиёди сиёсӣ ва иқтисодӣ рӯ ба рӯ гардид. Бо вуҷуди ин, ба шарофати сиёсати хирадмандона ва созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот дар кишвар барқарор гардида, барои рушди устувори ҳамаи бахшҳои иқтисодиёт заминаи боэътимод гузошта шуд. Дар ин миён, соҳаи энергетика ҳамчун яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлатӣ муайян гардида, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба яке аз чор ҳадафи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт.

Энергетика имрӯз яке аз бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ маҳсуб ёфта, рушди саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, соҳибкорӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ бевосита аз фаъолияти босамари ин соҳа вобаста мебошад. Бе таъмини устувори неруи барқ рушди дигар бахшҳои иқтисодиёт ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали истиқлолият барои рушди инфрасохтори энергетикӣ, бунёди неругоҳҳои нави барқи обӣ, таҷдиди шабакаҳои интиқоли неруи барқ ва истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ тадбирҳои муассир андешид.

Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳое мебошад, ки дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ аст. Дар қаламрави кишвар ҳазорҳо дарёҳои хурду бузург ҷорӣ буда, иқтидори бузурги истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза доранд. Ин имконият Тоҷикистонро ба яке аз давлатҳои дорои захираҳои бойи энергияи обӣ дар ҷаҳон табдил додааст.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ як қатор неругоҳҳои муҳими барқи обӣ сохта, таҷдид ва навсозӣ гардиданд. Аз ҷумла, таҷдиди пурраи Неругоҳи барқи обии “Норак”, ки калонтарин неругоҳи амалкунандаи кишвар ба ҳисоб меравад, иқтидори истеҳсолии онро баланд бардошт. Ҳамчунин, ба истифода дода шудани Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1», Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2», Неругоҳи барқи обии «Помир-1» ва дигар иншооти муҳими энергетикӣ барои афзоиши истеҳсоли неруи барқ ва беҳтар гардидани таъминоти аҳолӣ мусоидат намуд.

Дар баробари ин, дар мамлакат даҳҳо зеристгоҳҳои муосири барқӣ ва садҳо километр хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ сохта шуданд. Лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ, аз ҷумла хатҳои интиқоли неруи барқи «Ҷануб - Шимол», «Лолазор - Хатлон» ва дигар шабакаҳои стратегӣ ба муттаҳид гардидани низоми энергетикии кишвар ва таъмини устувори неруи барқ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ мусоидат намуданд.

Яке аз бузургтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» мебошад. Ин иншооти азим на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти бузурги иқтисодӣ ва стратегӣ дорад.

Сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» яке аз ормонҳои деринаи мардуми тоҷик буда, маҳз дар даврони истиқлолият барои амалӣ гардидани он тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шуданд. Бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони ин неругоҳи азим вусъати тоза гирифта, имрӯз он ба рамзи қудрати давлат, иродаи матини миллат ва иқтидори муҳандисиву техникии Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо сарбанди баландтарини ҷаҳон ва иқтидори бузурги истеҳсоли неруи барқ яке аз калонтарин неругоҳҳои барқи обии ҷаҳон ба шумор меравад. Пас аз пурра ба истифода дода додани ҳамаи агрегатҳои он, неругоҳ метавонад солона миллиардҳо киловатт-соат неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол намояд.

Ба истифода дода шудани агрегатҳои аввали неругоҳ барои рушди иқтисоди миллӣ аҳамияти бузург дошт. Ин иқдом имкон дод, ки истеҳсоли неруи барқ зиёд гардида, таъминоти аҳолӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ боз ҳам беҳтар гардад. Бо анҷоми пурраи сохтмони неругоҳ Тоҷикистон ба истиқлолияти комили энергетикӣ расида, имконияти васеи содироти неруи барқ ба кишварҳои ҳамсояро соҳиб хоҳад шуд.

Неругоҳи барқи обии «Роғун» рамзи ваҳдати миллӣ, худшиносии миллӣ, меҳнати созандаи мардуми тоҷик ва эътимод ба ояндаи дурахшони кишвар мебошад.

Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари истеҳсолкунандаи энергияи сабз дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардидааст. Зиёда аз 90 фоизи неруи барқи мамлакат аз неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад. Ин нишондиҳанда Тоҷикистонро дар қатори кишварҳои пешсафи ҷаҳон аз рӯи истеҳсоли энергияи аз лиҳози экологӣ тоза қарор медиҳад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари сохтмони неругоҳҳои нав, ба масъалаҳои истифодаи самараноки неруи барқ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, навсозии шабакаҳои барқӣ, насби ҳисобкунакҳои интеллектуалӣ ва коҳиш додани талафоти неруи барқ низ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Ин тадбирҳо ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти соҳа ва беҳтар гардидани хизматрасонӣ ба аҳолӣ мусоидат менамоянд.

Тоҷикистон, ҳамчунин дар татбиқи лоиҳаҳои байналмилалии энергетикӣ нақши фаъол дорад. Аз ҷумла, лоиҳаи CASA-1000 барои интиқоли неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба кишварҳои Афғонистон ва Покистон имкониятҳои нав фароҳам оварда, мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун таъминкунандаи энергияи сабз дар минтақа боз ҳам таҳким мебахшад.

Рушди соҳаи энергетика барои татбиқи ҳадафи чоруми стратегии кишвар - саноатикунонии босуръати Тоҷикистон аҳамияти ҳалкунанда дорад. Имрӯз таъсиси садҳо корхонаҳои нави истеҳсолӣ, рушди соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат маҳз аз таъмини устувори неруи барқ вобаста мебошад.

Дар зарфи 35 соли истиқлолият Тоҷикистон аз кишвари дорои маҳдудиятҳои ҷиддии энергетикӣ ба давлате табдил ёфт, ки имрӯз амалӣ намудани бузургтарин лоиҳаҳои гидроэнергетикиро идома дода, дар рушди энергетикаи сабз мавқеи шоиста касб намудааст. Ин дастовардҳо самараи сиёсати созандаи давлат, заҳмати шабонарӯзии энергетикҳо, муҳандисон, сохтмончиён ва тамоми мардуми меҳнатқарини Тоҷикистон мебошанд.

Таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ҷашни дастовардҳои гузашта, балки оғози марҳилаи нави рушд мебошад. Бо идомаи сохтмони иншооти энергетикӣ, истифодаи технологияҳои муосир, татбиқи лоиҳаҳои байналмилалӣ ва ба истифода пурра дода шудани Неругоҳи барқи обии «Роғун» Тоҷикистон дар солҳои наздик ба яке аз марказҳои муҳими истеҳсол ва содироти энергияи сабз дар минтақа табдил хоҳад ёфт.

Истиқлолият барои Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки бо такя ба неруи зеҳнӣ ва заҳмати созандаи фарзандони худ дар роҳи пешрафт қадамҳои устувор гузорад. Имрӯз соҳаи энергетика ҳамчун рамзи иқтидори иқтисодӣ, истиқлолияти воқеии давлатӣ ва рушди устувори кишвар хизмат намуда, барои зиндагии шоистаи мардум ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи боэътимод фароҳам меорад.

Маҳтоб ҲАМИДОВА, омӯзгори ДДМИТ