Рӯзи дониш яке аз санаҳои муҳими ҳаёти маънавию фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, оғози соли нави таҳсил ва марҳилаи тозаи омӯзишу маърифат мебошад. Ин рӯз дар қалби ҳар як омӯзгор, донишҷӯ, хонанда ва падару модар эҳсоси масъулият, умед ба фардо ва муҳаббат ба илму донишро бедор менамояд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди давлат таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Зеро маориф заминаи асосии ташаккули шахсияти комил, тарбияи насли соҳибмаърифат ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон пайваста таъкид менамоянд, ки рушди илму маориф яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлат мебошад. Ин таваҷҷуҳ ба он далолат мекунад, ки ояндаи давлат ва ҷомеа аз сатҳи дониш, маърифат ва ҷаҳонбинии насли ҷавон вобастагии бевосита дорад.

Рӯзи дониш барои ҷавонон танҳо оғози дарсҳои нав нест. Он оғози қадами дигар ба сӯи оянда, такмили ҷаҳонбинӣ, рушди қобилиятҳо ва аз худ намудани донишҳои нав мебошад. Ҳар як донишҷӯ бояд дарк намояд, ки таҳсил ва донишомӯзӣ, пеш аз ҳама, барои бунёди ояндаи худи ӯ ва дар маҷмуъ, барои пешрафти ҷомеа аҳамияти бузург дорад.

Рӯзи дониш рӯзи масъулияти бузург мебошад: барои омӯзгор масъулияти тарбияи насли соҳибмаърифат, барои донишҷӯ масъулияти хуб омӯхтан ва барои ҷомеа фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди илму маориф.

Дар сиёсати давлатии Тоҷикистон ба соҳаи маориф ва илм аҳамияти махсус дода мешавад. Зеро маҳз тавассути маорифи босифат мо метавонем мутахассисони донишманд, ватандӯст, соҳибкасб ва барои ҷомеа муфидро тарбия намоем. Ҳадафи асосӣ соҳиб шудан ба донишҳои муосир, касбияти баланд, малакаҳои зарурӣ ва қобилияти татбиқи донишҳо дар ҳаёти воқеӣ мебошад.

Ҷомеаи имрӯз ба мутахассисоне ниёз дорад, ки бо масъулияти баланд кор кунанд, навовар бошанд, мустақилона андеша намоянд ва барои рушди кишвар саҳм гузоранд. Дар ин замина, ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба рушди маориф, омӯзиши илмҳои замонавӣ, технологияҳои иттилоотӣ, забонҳои хориҷӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонон аҳамияти хос доранд.

Дар шароити имрӯза, ки илму техника ва технологияҳои муосир бо суръати баланд рушд доранд, дониш яке аз муҳимтарин омилҳои пешрафти ҷомеа ба шумор меравад. Давлате, ки ба илму маориф таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамояд, барои рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худ заминаи мустаҳкам фароҳам меорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ ба нақши ҷавонон дар рушди кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, онҳоро ҳамчун қувваи бузурги созанда ва пешбарандаи ҷомеа арзёбӣ менамоянд. Ин андеша ҳар як ҷавонро водор месозад, ки аз имкониятҳои фароҳамгардида самаранок истифода бурда, дониш омӯзад, касби интихобкардаи худро хуб аз худ намояд ва дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузорад.

Махсусан, дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбии донишҷӯён, ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд.

Рӯзи дониш моро водор месозад, ки ба нақши китобу китобхонӣ, фарҳанги мутолиа ва рушди тафаккури илмӣ бештар таваҷҷуҳ намоем. Китоб яке аз сарчашмаҳои муҳими дониш ва маърифат буда, мутолиаи пайваста ҷаҳонбинии инсонро васеъ, қобилияти андешаронии ӯро такмил ва завқи маънавии шахсро баланд мебардорад. Ҷавоне, ки китоб мехонад, дониш меомӯзад ва пайваста худро такмил медиҳад, метавонад дар оянда ҳамчун мутахассиси соҳибмаърифат ва фаъоли ҷомеа нақши муҳим дошта бошад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани фарҳанги китобхонӣ, ҷалби ҷавонон ба мутолиа ва фароҳам овардани шароити муносиб барои донишомӯзӣ аз вазифаҳои муҳими китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меравад.

Имрӯз дар назди донишҷӯёни донишгоҳ имкониятҳои васеи таҳсил, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз худ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва иштирок дар барномаҳои гуногуни илмӣ қарор доранд. Истифодаи дуруст ва самараноки ин имкониятҳо метавонад барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва касбияти донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам оварад.

Ҷавонон қишри фаъол ва неруи созандаи ҷомеа мебошанд. Ояндаи ҳар давлат аз дониш, ҷаҳонбинӣ, масъулиятшиносӣ ва сатҳи маърифати ҷавонони он вобастагии зиёд дорад. Имрӯз ҳар як ҷавони Тоҷикистон бояд дарк намояд, ки саҳми ӯ дар ободии Ватан аз муносибаташ ба дониш, таҳсил ва касбомӯзӣ оғоз меёбад. Ҳар як соати омӯзиш, ҳар як китоби мутолиашуда ва ҳар як малакаи азхудшуда метавонад дар оянда ба қадами муҳим дар роҳи рушди кишвар табдил ёбад.

Мо бояд ба он бирасем, ки донишҷӯ танҳо барои гирифтани баҳои хуб таҳсил накунад, балки донишро ҳамчун воситаи рушди шахсӣ, касбӣ ва ҷомеа қабул намояд. Зеро мутахассиси донишманд метавонад дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа саҳми назаррас гузорад.

Рӯзи донишро метавон рамзи оғози роҳи маърифат, худшиносӣ ва созандагӣ номид. Ин рӯз ҳар як омӯзгор ва донишҷӯро водор месозад, ки ба қадри имкониятҳои таҳсил, сулҳу субот ва шароити мусоиди фароҳамгардида барои рушди илму маориф расанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди кишвар пайваста дар маркази таваҷҷуҳи давлат қарор дорад. Вазифаи мо - омӯзгорон, кормандони соҳаи маориф ва донишҷӯён аз он иборат аст, ки ин имкониятҳоро самаранок истифода намуда, барои баланд бардоштани сатҳи дониш, маърифат ва касбияти худ талош намоем.

Бо эҳсоси баланди масъулият метавон гуфт, ки ояндаи Тоҷикистон ба ҷавонони донишманд, соҳибкасб, худшинос, ватандӯст ва созанда вобастагии зиёд дорад. Аз ин рӯ, ҳар як ҷавон бояд донишро сарвати бузург ва калиди муваффақияти худ донад.

Бошад ки Рӯзи дониш барои ҳар як омӯзгор, донишҷӯ ва хонанда оғози соли нави пур аз дониш, дастовардҳои илмӣ, комёбиҳои нав ва қадамҳои устувор ба сӯи ояндаи дурахшон бошад!

 

Зарина МИРЗОЕВА,

китобдори китобхонаи илмии ДДМИТ