Дар аксари давлатҳои ҷаҳон идоракунии давлатӣ тибқи низоми муайяни конститутсионӣ амалӣ гардида, Президент ҳамчун яке аз ниҳодҳои олии ҳокимияти давлатӣ дар низоми давлатдорӣ мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Президент, ки маъмулан сарвари давлат ба ҳисоб меравад, дар доираи ваколатҳои муқаррарнамудаи Конститутсия ва қонунгузории кишвар фаъолияти худро амалӣ намуда, дар муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ нақши назаррас дорад.

Дар ин замина, мансаби Президент яке аз ниҳодҳои муҳимми сохтори конститутсионии давлат ба шумор рафта, тартиби интихоб, муҳлати ваколат, салоҳият ва масъулияти он дар Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар карда мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Конститутсия тартибу шартҳои интихоб шудан ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози фаъолияти ӯро муайян намудааст. Тибқи муқаррароти он, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз шурӯи иҷрои вазифа дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунад.

Дар байни ҷашну санаҳои муҳими давлатӣ ва миллӣ Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷойгоҳи махсус дорад. Ин сана ҳамасола 16 ноябр таҷлил гардида, ба таърихи ташаккули низоми президентӣ ва давлатдории навини Тоҷикистон алоқаманд мебошад.

Бояд қайд намуд, ки салоҳият ва доираи ваколатҳои Президент дар кишварҳои гуногун вобаста ба шакли идоракунии давлат фарқ мекунанд. Дар ҷумҳуриҳои президентӣ ваколатҳои сарвари давлат васеътар буда, дар баъзе низомҳо Президент ҳамзамон вазифаҳои роҳбари ҳокимияти иҷроияро низ ба зимма дорад. Дар маҷмӯъ, Конститутсия ва қонунҳои ҳар як давлат мақому манзалат, салоҳият, имтиёз ва кафолатҳои фаъолияти Президенти кишварро муайян менамоянд.

Дар таърихи давлатдории кишварҳои гуногуни ҷаҳон шахсиятҳои барҷаста ва таърихие ба арсаи сиёсат омадаанд, ки дар марҳилаҳои ҳассосу сарнавиштсози кишвари худ барои таҳкими давлатдорӣ, таъмини суботу оромӣ ва муайян намудани самтҳои рушди минбаъдаи ҷомеа саҳми назаррас гузоштаанд. Фаъолияти чунин шахсиятҳо дар бисёр мавридҳо ба таҳаввулоти муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳо мусоидат намудааст.

Дар бархе аз давлатҳо бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои сарварони давлат ва инъикоси нақши ниҳоди президентӣ дар таърихи миллӣ Рӯзи Президент таҷлил карда мешавад. Ин санаҳо метавонанд ба гиромидошти таърихи давлатдорӣ, таҳкими сохтори конститутсионӣ, истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ бахшида шаванд. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷазираҳои Маршалл, Ангола ва Ботсвана аз ҷумлаи давлатҳое мебошанд, ки дар онҳо рӯзҳои марбут ба Президент ё ниҳоди президентӣ таҷлил мегарданд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо марҳилаи муҳими таърихи навини давлатдорӣ алоқаманд аст. Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ кишвар бо мушкилоти ҷиддии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид. Дар чунин шароити мураккаб масъалаи ҳифзи истиқлолият, барқарор намудани сохторҳои давлатӣ, таъмини сулҳу субот ва муттаҳид сохтани ҷомеа аҳаммияти аввалиндараҷа пайдо кард.

Дар ин марҳилаи тақдирсоз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳбарии раванди барқарорсозии давлатдорӣ, пешбурди музокироти сулҳ ва таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ нақши муҳим гузоштанд. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 яке аз рӯйдодҳои муҳимми таърихи муосири кишвар буда, барои хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва оғози марҳилаи нави рушди осоиштаи Тоҷикистон замина фароҳам овард.

Дар солҳои минбаъда масъалаҳои таҳкими ниҳодҳои давлатӣ, рушди иқтисоди миллӣ, бунёди инфрасохтори муосир, беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ ба шумор рафтанд. Дар ин раванд барқарорсозии соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ барои пешрафти мамлакат замина гузоштанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фаъолияти худ ба масъалаҳои таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, рушди иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва густариши муносибатҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ташаббусҳои Тоҷикистон дар масъалаҳои об, иқлим ва ҳифзи пиряхҳо низ аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии кишвар ба ҳисоб мераванд.

Дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии фаъоли равандҳои сиёсӣ ва иҷтимоии ҷаҳонӣ шинохта шуда, ташаббусҳои он дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ мавриди таваҷҷуҳи созмонҳои байналмилалӣ қарор гирифтаанд. Ин раванд барои муаррифии имкониятҳои кишвар, таҳкими ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳаммияти муҳим дорад.

Мақоми Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он ҷомеаро ба омӯзиши таърихи давлатдории навин, арҷгузорӣ ба истиқлолияти давлатӣ ва дарки масъулияти шаҳрвандӣ ҳидоят менамояд. Ин сана ҳамчунин имконияти муносибест барои таҳлили дастовардҳо, баррасии масъалаҳои мубрами ҷомеа ва муайян намудани вазифаҳои минбаъда дар роҳи рушди кишвар.

Мо бояд дарк намоем, ки таҳкими давлатдорӣ танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ набуда, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Ҳар як сокини Тоҷикистон метавонад бо меҳнати ҳалол, риояи қонун, донишомӯзӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷомеа дар ободии Ватан саҳм гузорад.

Хусусан, ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва пешбарандаи ҷомеа бояд бо омӯзиши илмҳои муосир, азхудкунии касбу ҳунар, эҳтиром ба таъриху фарҳанги миллӣ ва масъулиятшиносии шаҳрвандӣ барои ояндаи дурахшони мамлакат талош намоянд. Зеро пойдории истиқлолият ва рушди устувори давлат аз сатҳи маърифат, ҷаҳонбинӣ ва фаъолияти созандаи насли ҷавон низ вобастагии калон дорад.

Ҳамин тариқ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо як санаи тақвимӣ, балки фурсати муносиб барои арҷгузорӣ ба таърихи давлатдории навин, таҳкими худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои конститутсионӣ ва дарки масъулияти шаҳрвандон дар назди Ватан мебошад.

Мардуми шарафманди тоҷик ин рӯзро ҳамчун яке аз санаҳои муҳими тақвими давлатӣ таҷлил намуда, ба истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ арҷ мегузоранд. Бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки садоқат ба Ватан дар меҳнати содиқона, масъулиятшиносӣ, эҳтиром ба қонун ва саҳмгузорӣ дар ободии сарзамини аҷдодӣ таҷассум меёбад.

 

Исматулло ҶУМАЕВ,

сармутахассиси раёсати ташкилию тарбиявии ДДМИТ