ШАФФОФИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТШИНОСӢ - ОМИЛИ ТАҲКИМИ ЭЪТИМОДИ ҶОМЕА ВА РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Дар шароити ҷаҳони муосир, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ, ҳамгироии иқтисодӣ ва густариши ҳамкориҳои байнидавлатӣ босуръат рушд менамоянд, таъмини волоияти қонун, шаффофияти фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимми рушди устувори ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Дар ин замина, муқовимат ба коррупсия ҳамчун яке аз омилҳои асосии таъмини суботи иҷтимоӣ, рушди иқтисодӣ ва таҳкими эътимоди ҷомеа ба ниҳодҳои давлатӣ аҳаммияти махсус касб менамояд.
Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки метавонад ба фаъолияти самараноки сохторҳои давлатӣ, рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, сифати хизматрасониҳои давлатӣ ва нуфузи байналмилалии кишвар таъсири манфӣ расонад. Оқибатҳои он на танҳо дар сатҳи муносибатҳои дохилӣ, балки дар муносибатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, илмӣ ва таълимии байни давлатҳо низ эҳсос мегарданд. Аз ин рӯ, муқовимат ба ин падида бояд ҳамчун вазифаи муштараки мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди масъулиятшинос арзёбӣ гардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи муқовимат ба коррупсияро яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ арзёбӣ намуда, борҳо зарурати таҳкими интизоми хизматӣ, риояи қонунгузорӣ ва баланд бардоштани масъулияти шахсони мансабдорро таъкид кардаанд.
Мувофиқи таъкидҳои Пешвои миллат, мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, балки масъулияти тамоми ҷомеа мебошад. Ин мавқеъ аз ҳар як корманди соҳаи давлатӣ, аз ҷумла кормандони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, талаб менамояд, ки дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ принсипҳои адолат, поквиҷдонӣ, шаффофият ва масъулиятшиносиро риоя намояд.
Дар ҳақиқат, самаранокии муқовимат ба коррупсия пеш аз ҳама аз муносибати ҳар як шахс ба вазифаи хизматӣ, эҳтиром ба қонун ва дарки масъулияти шаҳрвандӣ вобаста мебошад. Танҳо дар сурати риояи ин арзишҳо метавон муҳити солими иҷтимоӣ ва фарҳанги баланди ҳуқуқиро дар ҷомеа ташаккул дод.
Яке аз паҳлуҳои муҳимми масъала таъсири коррупсия ба раванди ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад. Дар шароити муосир эътимод яке аз сармояҳои асосии ҳар як давлат ва муассиса ба шумор меравад. Шарикони хориҷӣ ҳангоми барқарор намудани муносибатҳои ҳамкорӣ на танҳо ба имкониятҳои иқтисодӣ ва илмии ҷониби шарик, балки ба сатҳи шаффофияти идоракунӣ, риояи ӯҳдадориҳо ва масъулияти ҳуқуқии он низ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.
Коррупсия метавонад ба раванди ҷалби сармояи хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, истифодаи маблағҳои грантӣ ва рушди муносибатҳои дарозмуддати шарикӣ монеа эҷод намояд. Дар чунин шароит шаффофияти фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ омили муҳимми таҳкими мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
Масалан, ҳангоми татбиқи барномаҳои байналмилалӣ, ки бо дастгирии ташкилотҳои хориҷӣ ва шарикони рушд амалӣ мегарданд, риояи талаботи молиявӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳо, пешниҳоди ҳисоботи дақиқ ва таъмини шаффофияти тамоми марҳилаҳои иҷрои лоиҳа аҳаммияти махсус дорад. Ҳар гуна номуайянӣ ё амалҳои ғайришаффоф метавонанд ба эътимоди шарикон таъсир расонида, имкониятҳои минбаъдаи ҳамкориро маҳдуд созанд.
Аз ин рӯ, муқовимат ба коррупсияро метавон яке аз шартҳои муҳими ташаккули муҳити мусоиди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани эътибори кишвар арзёбӣ намуд.
Муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги шаҳрвандии насли ҷавон нақши муҳим доранд. Донишгоҳ на танҳо маркази омода намудани мутахассисони баландихтисос, балки муҳити ташаккули арзишҳои ахлоқӣ, эҳтиром ба қонун ва масъулияти иҷтимоӣ мебошад.
Дар ин раванд, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ ҳамчун муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар омода намудани мутахассисони соҳаҳои молия, иқтисод, идоракунӣ ва дигар самтҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа масъулияти назаррас дорад.
Ташаккули муҳити солими маънавию ахлоқӣ дар байни донишҷӯёну омӯзгорон, таъмини муносибати одилона дар раванди таълим, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва пешгирии ҳар гуна зуҳуроти номатлуб аз ҷумлаи омилҳои муҳимми таҳкими фарҳанги зиддикоррупсионӣ мебошанд.
Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо баргузории конференсияҳои илмӣ, мизҳои мудаввар, семинарҳои маърифатӣ, вохӯриҳо бо мутахассисони соҳа ва татбиқи барномаҳои тарбиявӣ аҳаммияти калон доранд. Чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии донишҷӯён ва ташаккули муносибати масъулиятнок нисбат ба қонунгузорӣ мусоидат менамоянд.
Дар шароити густариши робитаҳои байналмилалӣ фаъолияти шуъбаҳои робитаҳои байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олӣ низ бо масъалаҳои таъмини шаффофият ва масъулиятшиносӣ робитаи зич дорад.
Имрӯз ҳамкориҳои донишгоҳҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд яке аз воситаҳои муҳимми баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди таҳқиқоти илмӣ ва густариши имкониятҳои академӣ ба ҳисоб мераванд.
Дар ин замина, омода ва татбиқ намудани созишномаҳои ҳамкорӣ, ташкили барномаҳои мубодилаи донишҷӯёну омӯзгорон, иштирок дар конференсияҳои байналмилалӣ, ҷалби шарикони хориҷӣ ва таҳияи лоиҳаҳои грантӣ бояд дар асоси принсипҳои шаффофият, баробарӣ ва масъулияти касбӣ амалӣ карда шаванд.
Аз ҷумла, ҳангоми интихоби донишҷӯён барои иштирок дар барномаҳои байналмилалӣ риояи меъёрҳои муайян, таъмини имкониятҳои баробар ва пешниҳоди маълумоти воқеӣ аҳаммияти муҳим дорад. Инчунин, дар раванди татбиқи лоиҳаҳои муштарак иҷрои саривақтии ӯҳдадориҳо, истифодаи дурусти захираҳо ва пешниҳоди ҳисоботи дақиқ шарти асосии нигоҳ доштани эътимоди шарикони хориҷӣ мебошад.
Дар ин раванд ҳар як корманди донишгоҳ, новобаста аз вазифа ва самти фаъолият, дар ҳифзи обрӯ ва эътибори муассиса саҳми худро мегузорад. Зеро фарҳанги баланди хизматӣ ва муносибати софдилона ба вазифа метавонад ба ташаккули имиҷи мусбати донишгоҳ дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат намояд.
Муқовимат ба коррупсия яке аз масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Қабули Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия аз 31 октябри соли 2003 барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овард.
Конвенсияи мазкур пешгирии коррупсия, ҷиноят донистани амалҳои коррупсионӣ, ҳамкории байналмилалӣ, расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва бозпас гардонидани дороиҳои ғайриқонунӣ бадастомадаро пешбинӣ менамояд.
Таҷрибаи кишварҳои гуногун нишон медиҳад, ки истифодаи технологияҳои рақамӣ, низоми электронии ҳуҷҷатгузорӣ, механизмҳои ҳисоботдиҳӣ ва назорати ҷамъиятӣ метавонад барои коҳиш додани омилҳои коррупсионӣ мусоидат намояд.
Барои муассисаҳои таҳсилоти олӣ низ омӯзиши чунин таҷриба ва татбиқи усулҳои муосири идоракунӣ имконият фароҳам меорад, ки фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва маъмурӣ дар заминаи принсипҳои шаффофият ва масъулиятшиносӣ ба роҳ монда шавад.
Ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт бояд на танҳо ба табодули таҷрибаи илмӣ ва таълимӣ, балки ба омӯзиши усулҳои пешқадами идоракунӣ ва ташаккули фарҳанги баланди ташкилӣ низ равона гарданд.
Дар маҷмуъ, коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва институтсионалӣ буда, муқовимат ба он муносибати фарогир ва масъулияти муштараки тамоми ҷомеаро тақозо менамояд.
Таъмини шаффофият, риояи қонунгузорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ташаккули фарҳанги поквиҷдонона бояд ба ҷузъи ҷудонашавандаи фаъолияти ҳар як муассисаи давлатӣ ва таълимӣ табдил ёбад.
Барои муассисаҳои таҳсилоти олӣ, бахусус дар шароити густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, ин масъала аҳаммияти дучанд дорад. Зеро шаффофият на танҳо шарти пешгирии коррупсия, балки омили таҳкими эътимоди шарикони хориҷӣ, ҷалби имкониятҳои нави ҳамкорӣ ва баланд бардоштани эътибори академии муассиса мебошад.
Ҳар як корманд бояд дарк намояд, ки муносибати софдилона ба вазифа, риояи қонун ва масъулиятшиносӣ дар назди ҷомеа танҳо талаботи касбӣ нест, балки саҳми шахсӣ дар рушди давлат ва таҳкими нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Зеро ҷомеаи пешрафта ва давлати соҳибэътибор аз муҳити шаффоф, адолатпарвар ва масъулиятшинос оғоз меёбад.
Фаррух МУМИНОВ,
корманди шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng