СОҲИБКОРӢ ВА САРМОЯГУЗОРӢ - ОМИЛИ МУҲИММИ РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ
14 октябри соли 2026 мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон ва сармоягузорони мамлакат доир гардид. Дар он масъалаҳои муҳими рушди иқтисоди миллӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии бахши хусусӣ, густариши истеҳсолоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар шароити муосир соҳибкорӣ яке аз омилҳои асосии пешрафти иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими иқтидори истеҳсолии кишвар ба ҳисоб меравад. Фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорон ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар аҳаммияти хосса дорад.
Сарвари давлат саҳми соҳибкорону сармоягузоронро дар ободониву созандагӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ муҳим арзёбӣ намуданд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша зиёда аз 3300 корхонаву коргоҳи саноатӣ, беш аз 4300 иншооти соҳаи маориф, 2200 иншооти тандурустӣ ва ҳазорҳо иншооти дигари иҷтимоиву хизматрасонӣ бунёд ва навсозӣ гардидаанд.
Дар мулоқот натиҷаҳои рушди иқтисоди миллӣ низ баррасӣ шуданд. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, соли 2025 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба 177 миллиард сомонӣ расида, рушди воқеии иқтисодӣ 8,4 фоизро ташкил додааст. Дар нуҳ моҳи соли 2026 ин нишондиҳанда 8,3 фоизро ташкил намудааст.
Дар кишвар тақрибан 395 ҳазор субъекти соҳибкорӣ фаъолият дошта, ҳадаф гузошта шудааст, ки то соли 2030 шумораи онҳо ба на кам аз 500 ҳазор расонида шавад. Афзоиши саҳми бахши хусусӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, таъмини шуғли аҳолӣ ва ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ аз самтҳои муҳими рушди минбаъдаи иқтисодиёт мебошанд.
Яке аз масъалаҳои меҳварии мулоқот ҷалби сармояи мустақими дохиливу хориҷӣ ва истифодаи самараноки он буд. Сармоягузорӣ барои бунёди корхонаҳои нав, навсозии иқтидорҳои истеҳсолӣ, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва таъсиси ҷойҳои кории доимӣ замина фароҳам меорад.
Тавре таъкид гардид, дар 25 соли охир барои рушди иқтисоди кишвар 760 миллиард сомонӣ сармоя, аз ҷумла 337 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, равона шудааст. Ин маблағҳо дар рушди энергетика, роҳу нақбҳо, инфрасохтори нақлиётӣ, корхонаҳои саноатӣ ва дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ нақши муҳим бозидаанд.
Дар шароити иқтисоди ҷаҳонии муосир истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ омили муҳими баланд бардоштани рақобатпазирии истеҳсолот мебошад. Технологияҳои нав имкон медиҳанд, ки хароҷоти истеҳсолӣ кам, сифати маҳсулот беҳтар ва идоракунӣ самаранок гардад.
Дар мулоқот ба рушди иқтисоди рақамӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Барои татбиқи ин ҳадафҳо ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои касбомӯзӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ зарур аст. Ҳамзамон, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ метавонад шаффофияти расмиёти бақайдгирӣ ва иҷозатдиҳиро баланд бардошта, хароҷоти соҳибкоронро коҳиш диҳад.
Соҳибкории хурду миёна дар рушди иқтисоди маҳаллӣ, таъмини шуғли аҳолӣ ва истифодаи имкониятҳои истеҳсолии минтақаҳо нақши муҳим дорад. Дар мулоқот масъалаҳои дастрасии соҳибкорон ба қарзҳои дарозмуддат, сода намудани расмиёти маъмурӣ, ҳифзи ҳуқуқи моликият ва пешгирии дахолати беасос ба фаъолияти соҳибкорӣ баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла, зарурати зиёд намудани ҳиссаи қарзҳои ба соҳаҳои истеҳсолӣ равонашаванда таъкид шуд. Маблағгузории истеҳсолот, кишоварзӣ, коркард, сайёҳӣ ва хизматрасониҳои содиротӣ метавонад ба рушди иқтидори иқтисодӣ ва афзоиши ҷойҳои кории сермаҳсул мусоидат намояд.
Беҳтар намудани муҳити соҳибкорӣ аз фаъолияти шаффофу масъулонаи худи соҳибкорон низ вобаста аст. Риояи қонунгузорӣ, иҷрои саривақтии уҳдадориҳои андозӣ, пешниҳоди ҳисоботи дуруст ва истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷалбшуда барои таҳкими эътимоди сармоягузорон аҳаммияти калон доранд.
Ҷалби сармоя ба шаҳру ноҳияҳо, бахусус минтақаҳои дурдасту кӯҳистон аз масъалаҳои дигари муҳим ба шумор меравад. Ин минтақаҳо дорои захираҳои табиӣ, имкониятҳои кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва иқтидори сайёҳӣ мебошанд. Бунёди корхонаҳои хурду миёна, коргоҳҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва инфрасохтори сайёҳӣ метавонад ба рушди иқтисоди маҳаллӣ мусоидат намояд. Таъсиси ҷойҳои корӣ дар маҳалли зисти мардум ҳамчунин барои таъмини даромади устувор ва коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ замина фароҳам меорад.
Дар марҳалаи кунунӣ ҳамкории созандаи давлат ва бахши хусусӣ, риояи қонунгузорӣ, рақобати солим ва истифодаи мақсадноки имкониятҳои иқтисодӣ барои расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар аҳаммияти махсус дорад. Соҳибкорону сармоягузорон бо ташаббус, дониш, сармоя ва фаъолияти истеҳсолии худ метавонанд дар таҳкими иқтидори иқтисодии Тоҷикистон ва таъмини рушди устувори он саҳми арзанда гузоранд.
Ҳадятулло РАСУЛЗОДА,
муаллими кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкории ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng