Ҳамватанони гиромӣ, устодон ва донишҷӯёни азиз!

Имрӯз мо дар фазои ифтихору сарафрозӣ яке аз санаҳои муҳими давлатдории миллиамон - 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоем.

Ба ин муносибат Шуморо самимона табригу таҳният намуда, бароятон сиҳатмандии комил, саодати рӯзгор ва дар фаъолияти меҳнатиатон бурдбориву муваффақиятҳои беназирро орзу менамоям.

Ин ҷашн танҳо як санаи тақвимӣ нест, балки рӯзи арҷгузорӣ ба давлатдории миллӣ, эҳтиром ба қонун, қадршиносии истиқлол ва ифодаи эътимод ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз аст. Аз ин лиҳоз Конститутсия шиносномаи давлат, таҷассумгари иродаи халқ ва шоҳсутуни давлатдории соҳибистиқлоли мост!

Ҳанӯз 6 ноябри соли 1994 мардуми шарифи Тоҷикистон иродаи сиёсии худро баён намуда, бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул карда, асосҳои ҳуқуқии давлати мустақилро муайян намуданд. Ин санади сарнавиштсоз дар шароити мураккаби таърихӣ барои ташаккули низоми давлатдорӣ, таҳкими пояҳои ҳуқуқии ҷомеа ва муайян намудани самтҳои рушди минбаъдаи кишвар замина гузошт.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус ба маврид таъкид карда, баён намудаанд, ки “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоскунандаи воқеъияти даврони истиқлолу озодии Ватан, рушди давлат вапешрафти миллати тамаддунсози тоҷик мебошад”.

Имрӯз, бо гузашти сию ду сол, мо аҳамияти таърихии ин санадро амиқтар дарк менамоем. Конститутсия на танҳо асоси ҳуқуқии фаъолияти давлат, балки раҳнамои зиндагии ҷомеа ва кафили эътирофу ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Моддаи якуми Конститутсия муқаррар мекунад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, давлати иҷтимоӣ мебошад ва барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ин меъёри бунёдӣ ҳадафҳои асосии давлатдории миллии моро таҷассум мекунад. Демократӣ будани давлат иштироки халқро дар ҳаёти давлату ҷомеа, ҳуқуқбунёд будан волоияти Конститутсия ва қонун, дунявӣ будан риояи принсипҳои ҳуқуқии ташкили ҳаёти ҷамъиятӣ ва иҷтимоӣ будан фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагии шоистаи инсонро тақозо менамояд.

Моддаи 5-и Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф мекунад. Ин меъёр ба мо ёдрас месозад, ки моҳияти давлатдорӣ дар ҳифзи шаъну шарафи инсон ва фароҳам овардани имкониятҳои муносиб барои зиндагии арзанда таҷассум меёбад. Аз ин рӯ, эҳтиром ба Конститутсия бояд дар рафтори ҳаррӯза, риояи қонун, иҷрои уҳдадориҳои шаҳрвандӣ ва фаъолияти софдилонаи ҳар яки мо зоҳир гардад.

Устодони гиромӣ, донишҷӯёни азиз!

Имсол ин ҷашни муҳими давлатӣ бо ду рӯйдоди барои мо хотирмон: 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоҳанг гардидааст.

Сию панҷ соли истиқлол дар таърихи навини давлатдории тоҷикон давраи муҳимми таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва фароҳам овардани заминаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар мебошад. Истиқлол ба миллати тоҷик имконият дод, ки роҳи ояндаи худро мустақилона муайян намуда, барои ободии Ватан ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум талош варзад. Аммо истиқлол на танҳо дастоварди таърихӣ, балки масъулияти бузург дар назди наслҳои гузашта, имрӯз ва оянда низ мебошад. Зеро Истиқлол бо садоқат ҳифз мешавад, давлатдорӣ бо қонун устувор мегардад ва оянда бо дониш, меҳнати созанда бунёд меёбад!

Барои аҳли донишгоҳ соли 2026 боз аз он ҷиҳат хотирмон аст, ки мо 30-солагии таъсисёбии муассисаи азизи худро таҷлил менамоем. Дар тӯли сӣ соли фаъолият донишгоҳ дар омода намудани мутахассисони соҳаҳои молия, иқтисод, муҳосибот, бонкдорӣ, андоз, идоракунӣ ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ саҳми арзанда гузоштааст. Хатмкунандагони донишгоҳ имрӯз дар соҳаҳои гуногун фаъолият намуда, бо дониш ва маҳорати касбии худ дар пешрафти кишвар саҳм мегузоранд.

Мо ба роҳи тайкардаи донишгоҳ ва заҳмати устодону кормандон арҷ мегузорем. Ҳамзамон, хуб дарк мекунем, ки ифтихор аз гузашта моро водор месозад, ки барои фардои беҳтар бештар талош намоем. Вазифаи мост, ки мутахассисони дорои донишҳои муосир, тафаккури мустақил ва ҷаҳонбинии васеъро тарбия кунем, то онҳо дар шароити рушди иқтисоди рақамӣ ва тағйирёбии муносибатҳои иқтисодии ҷаҳонӣ фаъолияти самаранок дошта бошанд.

Дар баробари ин, донишгоҳ бояд дар замири ҷавонон эҳтиром ба Конститутсия, садоқат ба Ватан, маърифати ҳуқуқӣ ва ҳисси баланди шаҳрвандиро таҳким бахшад. Зеро мутахассиси донишманд вақте ба неруи воқеии пешрафт табдил меёбад, ки донишаш бо виҷдон, касбияти ӯ бо масъулият ва фаъолияташ бо эҳтиром ба қонун пайванд дошта бошад.

Устодони муҳтарам!

Мову Шумо дар тарбияи ҷавонон ва омода намудани кадрҳои соҳибкасб нақши калидӣ дорем. Ҳар як дарси босифат, таҳқиқоти илмии арзишманд ва муносибати одилона бо донишҷӯён саҳме дар бунёди ояндаи кишвар аст.

Донишҷӯёни азиз!

Шумо ворисони истиқлол, пайравони Пешвои миллат ва созандагони фардои Тоҷикистон ҳастед. Аз ин рӯ, вақти ҷавониро барои донишомӯзӣ, азхуд кардани касбу ҳунар, омӯзиши технологияҳои муосир ва ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ самаранок истифода баред. Конститутсияро омӯзед, ҳуқуқу уҳдадориҳои худро донед, ба қонун эҳтиром гузоред ва бо дониш, рафтори шоиста ва ташаббусҳои созанда сазовори боварии ҷомеа гардед.

Тоҷикистони оянда ба ҷавонони донишманд, соҳибкасб, ватандӯст ва навовар ниёз дорад. Боварь дорем, ки шумо бо дастовардҳои худ дар пешрафти иқтисод, ҷомеа ва илми кишвар саҳми арзанда мегузоред.

Ҳамкорони гиромӣ!

Дар имрӯз моро зарур аст, ки арзишҳои конститутсионӣ ва манфиатҳои умумимиллиро сармашқи фаъолияти худ қарор диҳем. Ҳифзи сулҳу субот, таҳкими Ваҳдати миллӣ, эҳтироми қонун ва меҳнати созанда заминаҳои муҳими пешрафти Тоҷикистон мебошанд.

Ҳар яки мо метавонем дар ҷойи кори худ ба ободии Ватан саҳм гузорем: омӯзгор бо таълими босифат, олим бо таҳқиқоти судманд, донишҷӯ бо донишомӯзии пайваста ва корманд бо меҳнати софдилона. Маҳз аз ҳамин талошҳои ҳаррӯза иқтисоди қавӣ, ҷомеаи босубот ва давлати пешрафта шакл мегирад.

Биёед, Конститутсияро на танҳо ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ, балки ҳамчун меъёри арзишмандтарини зиндагӣ ва паймони умумимиллии худ дар роҳи ободии Ватан гиромӣ дорем!

Ҳамватанони гиромӣ, устодон ва донишҷӯёни азиз!

Бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона таҳният менамоям.

Ба хонадони ҳар яки шумо файзу баракат, ба фаъолияти касбиатон барору комёбӣ ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи пойдор, пешрафти устувор ва шукуфоии ҷовидонаро таманно дорам.

Бигзор, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои ҳамаи мо оғози дастовардҳои нав, ташаббусҳои созанда ва фаъолияти боз ҳам пурмаҳсул дар роҳи хизмат ба миллату Ватан бошад!

Бигзор, парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша парафшон, Ваҳдати миллати тоҷик абадӣ ва қадамҳои мо дар роҳи илму маърифат, созандагӣ ва пешрафти Ватан устувор бошанд!

Ҷашни Конститутсия муборак бошад!