Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Сулҳ неъмати бебаҳост, ки бе он ҳеҷ давлату миллат ба рушди устувор ноил шуда наметавонад». Бешубҳа, оромиву субот барои ҳар як мамлакат омили муҳимми пешрафту тараққиёт ба ҳисоб меравад, зеро танҳо дар фазои сулҳу амният метавон нақшаҳои созандаро амалӣ намуда, ба ҳадафҳои стратегӣ ноил гардид. Чунонки аз таҷрибаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ҷанг на танҳо хисороти зиёди ҷонӣ, моддӣ ва маънавӣ ба бор овард, балки раванди рушди кишварро барои солҳои тӯлонӣ ба ақиб партофт. Аз ин рӯ, масъалаи сулҳу ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии осоишта барои мардуми тоҷик аҳаммияти хосса дорад.

Воқеан, дар ҷаҳони муосир, ки бо низоъҳои мусаллаҳона, ифротгароӣ, терроризм, буҳронҳои иқтисодӣ ва тағйирёбии иқлим рӯ ба рӯ мебошад, ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалӣ ба яке аз масъалаҳои муҳимтарини рӯз табдил ёфтааст. Имрӯз инсоният беш аз ҳар вақти дигар ба ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкорӣ ва таҳкими сулҳи пойдор ниёз дорад. Дар чунин шароит қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» барои солҳои 2027–2036, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, рӯйдоди муҳимми сиёсиву байналмилалӣ ва дастоварди арзишманд ба ҳисоб меравад. Ин иқдом аз ҷиҳати мазмун ва аҳаммияти худ ба таҳкими сулҳу субот, пешгирии низоъҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии осоиштаи наслҳои оянда равона шудааст.

Зеро имрӯз дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон миёни давлатҳо ва қудратҳои бузург ихтилофу мухолифатҳо идома дошта, рақобатҳои геосиёсӣ ва бархӯрди манфиатҳо боиси сар задани низоъҳои гуногун мегарданд. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки ҷангу даргириҳо ҳеҷ гоҳ натиҷаи мусбат ба бор намеоранд. Баръакс, оқибати онҳо хунрезӣ, харобкорӣ, талафоти ҷонӣ, зарари моддиву маънавӣ ва бозмондан аз рушди иқтисодию иҷтимоӣ мебошад. Аз ин рӯ, ақли солим ҳамеша ҷонибдори сулҳ, муколама ва ҳалли мусолиматомези ихтилофот аст.

Вобаста ба ин, Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ сиёсати хориҷии худро бар пояи сулҳҷӯӣ, ҳамкории созанда ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ роҳандозӣ намудааст. Таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандӣ барои мардуми тоҷик дарси бузурги таърих гардид. Маҳз бо талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар сулҳу ваҳдати миллӣ барқарор гардида, барои рушди устувори давлат заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон имрӯз ҳамчун намунаи муҳими ҳалли низоъҳо тавассути муколама, музокирот ва ҳамдигарфаҳмӣ мавриди омӯзишу таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ қарор дорад. Дар ҳамин замина, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самтҳои сулҳу амният, ҳифзи захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим ва рушди устувор ба густариши ҳамкориҳои байнидавлатӣ ва ҳалли масъалаҳои глобалӣ мусоидат менамоянд.

Қабули «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» идомаи мантиқии сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаи Тоҷикистон ба шумор меравад. Ҳадафи асосии ин ташаббус муттаҳид намудани кишварҳои ҷаҳон дар самти пешгирии низоъҳо, густариши фарҳанги сулҳ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ миёни халқҳо ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи инсондӯстиву таҳаммулпазирӣ мебошад.

Дар доираи ин даҳсола давлатҳо метавонанд ҳамкориҳои худро дар самтҳои дипломатияи сулҳ, маориф, илм, фарҳанг ва мубодилаи таҷрибаи пешқадам густариш диҳанд. Дар ин раванд тарбияи ҷавонон ҳамчун ҷонибдорони сулҳу субот ва таҳаммулгароӣ яке аз самтҳои муҳимми амалисозии ташаббуси мазкур ба ҳисоб меравад.

Тавре маълум аст, ҷавонон қисми назарраси аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳанд ва нақши онҳо дар ҳифзи сулҳу субот бисёр муҳим мебошад. Агар насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтироми қонун, таҳаммулпазирӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ тарбия ёбад, метавонад дар пешгирии ифротгароӣ, зӯроварӣ ва низоъҳои иҷтимоӣ саҳми арзанда гузорад.

Пӯшида нест, ки дар ҳама давру замон сатҳи баланди маърифат омили муҳимми пешрафти ҷомеа ба ҳисоб рафта, дониш ва ҷаҳонбинии васеъ мавқеи шахсро дар ҷомеа муайян менамояд. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд бо омӯзиши пайваста, азхуд намудани донишҳои муосир ва рушди малакаҳои касбӣ барои пешрафти ҷомеа ва таҳкими мавқеи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ саҳм гузоранд. Барои расидан ба ин ҳадафи олӣ, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи маърифат, ҷаҳонбинӣ ва масъулияти шаҳрвандии насли ҷавон зарур аст.

Воқеан, ҷавонон неруи пешбарандаи ҷомеа ва ояндаи давлату миллат мебошанд. Ояндаи сулҳу субот ва рушди устувори кишвар аз сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ, худшиносӣ ва ҳисси масъулияти онҳо вобастагии калон дорад. Аз ин рӯ, яке аз самтҳои муҳимми даҳсолаи байналмилалӣ бояд баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳаммулгароӣ миёни ҷавонон бошад. Ҷавононе, ки бо дониш, маърифат ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия меёбанд, метавонанд дар бунёди ҷомеаи солиму осоишта нақши муассир гузоранд.

Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон дар солҳои охир бо пешниҳоди ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббуси «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавқеи худро ҳамчун давлати ташаббускор ва масъули ҷомеаи байналмилалӣ боз ҳам таҳким бахшидааст.

Пешбурди чунин ташаббусҳо далели равшани саҳми Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад. Ин иқдомҳо на танҳо барои давлати мо, балки барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳаммияти муҳим дошта, ифодагари талошҳои муштарак баҳри таъмини ояндаи осоишта мебошанд.

Бояд таъкид намуд, ки таҳкими сулҳ танҳо вазифаи сиёсатмадорон ва ниҳодҳои давлатӣ нест, балки масъулияти тамоми ҷомеа мебошад. Ҳар як шаҳрванд метавонад бо рафтору гуфтор, муносибати нек, эҳтироми ҳуқуқи дигарон ва фаъолияти созандаи худ дар таҳкими сулҳу ваҳдат саҳм гузорад.

Имрӯз вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус ҷавонон, аз он иборат аст, ки сулҳу ваҳдати миллиро ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ҳифз намуда, арзишҳои инсондӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳаммулпазириро тарғиб кунанд. Ҳамзамон, онҳо бояд бо донишандӯзӣ, меҳнати софдилона ва ташаббусҳои созанда дар ободиву пешрафти Ватан саҳми арзандаи худро гузоранд.

Дар фарҷом метавон гуфт, ки ташаббуси «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» на танҳо иқдоми муҳими байналмилалӣ, балки даъват ба ҳамбастагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулияти муштараки тамоми инсоният мебошад. Амалисозии ҳадафҳои он метавонад барои таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирии низоъҳо, рушди муколамаи тамаддунҳо, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи инсондӯстӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.

 

Саидбек РОФИЗОДА,

омӯзгори кафедраи назарияи иқтисодии ДДМИТ