Мусоҳибаи ихтисосии сардори шуъбаи иттилоот ва нашрия Муҳаммадалӣ Очилдиев бо ёвари ректори ДДМИТ Абдулло Давлатзода дар остонаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон

Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик танҳо рӯйдоди сиёсӣ ва ҳуқуқӣ набуд. Он оғози марҳалаи нав дар сарнавишти миллат, эҳёи тафаккури миллӣ, таҳкими давлатдории навин ва бозгашти ҷомеа ба решаҳои таърихиву фарҳангии худ гардид. Миллате, ки дар тӯли таърих давлатдорӣ, фарҳанг, забон ва тамаддуни ғании худро ҳифз намуда буд, бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ имкони воқеии соҳибихтиёрона муайян намудани роҳи рушди хешро пайдо кард.

Сию панҷ соли соҳибистиқлолӣ барои Тоҷикистони азизи мо давраи пур аз озмоиш, сабақҳои таърихӣ, дигаргунсозиҳои бунёдӣ ва дастовардҳои бузург мебошад. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ки кишвар ба мушкилоти бисёр сангини сиёсиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид, то имрӯз роҳи пурмашаққат, вале пурифтихори бунёди давлатдории миллӣ ва таҳкими пояҳои ҷомеаи навинро тай намуд. Дар ин масир эҳёи ҳофизаи таърихӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, гиромидошти забон ва фарҳанги миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавӣ ва ташаккули ҳисси баланди ватандӯстӣ ҳамчун рукнҳои муҳими сиёсати давлатдорӣ қарор гирифтанд.

Имрӯз, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ба таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинад, масъалаи ташаккул ва таҳкими ҳувияти миллӣ беш аз ҳар вақти дигар аҳамияти муҳим пайдо кардааст. Зеро ҷаҳони муосир, дар баробари имкониятҳои бузурги рушди илму технология ва ҳамгироии ҷомеаҳо, таҳдидҳои навро низ ба вуҷуд меорад. Дар чунин шароит миллате метавонад мавқеъ ва асолати худро ҳифз кунад, ки таърихи худро донад, забону фарҳанги худро гиромӣ дорад, манфиатҳои миллиро дарк намояд ва барои ояндаи давлату ҷомеаи хеш масъулият эҳсос кунад.

Перомуни ҷойгоҳи Истиқлолияти давлатӣ дар ташаккули ҳуввияти миллӣ, нақши сулҳу Ваҳдати миллӣ, сиёсати фарҳангӣ, саҳми Пешвои миллат, аҳамияти ҷавонон ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар тарбияи шаҳрвандони соҳибҳувият ва вазифаҳои ҷомеа дар шароити ҷаҳонишавӣ сардори шуъбаи иттилоот ва нашрия Муҳаммадалӣ Очилдиев бо ёвари ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон муҳтарам Абдулло Давлатзода суҳбате анҷом дод, ки муҳтавои онро манзури қазовати хонандагони нуктасанҷ мегардонем.

- Мусаллам аст, ки Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик танҳо ба даст овардани соҳибихтиёрии сиёсӣ набуд, балки оғози марҳалаи нави худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гардид. Пеш аз ҳама, мехостем суҳбатро аз мафҳуми асосӣ оғоз намоем. Ба андешаи Шумо, «ҳувияти миллӣ» чист ва Истиқлолияти давлатӣ барои ташаккули он чӣ имкониятҳо фароҳам овард?

- Ҳувияти миллӣ, пеш аз ҳама, маҷмуи худшиносӣ, худогоҳӣ, эҳсоси мансубият ба миллат, эҳтиром ба таърих, забон, фарҳанг, арзишҳои маънавӣ ва давлатдории миллӣ мебошад. Ин танҳо донистани он нест, ки мо ба кадом миллат тааллуқ дорем. Ҳуввияти миллӣ дар сатҳи амиқтар маънои дарки масъулияти ҳар як фардро дар назди миллат, давлат ва ҷомеа низ дорад.

Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик дар ин самт имкониятҳои бесобиқа фароҳам овард. Агар то ба даст овардани соҳибистиқлолӣ масъалаҳои муҳими рушди миллӣ дар доираи имкониятҳои маҳдуд қарор доштанд, пас Истиқлол ба мо шароити воқеӣ дод, ки роҳи давлатдории худро интихоб кунем, арзишҳои миллиро эҳё намоем, ба омӯзиши таърихи худ таваҷҷуҳи бештар зоҳир созем ва фарҳангу забони миллиро ҳамчун пояҳои ҳастии миллӣ таҳким бахшем. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки Истиқлол барои миллати тоҷик танҳо озодии сиёсӣ набуд. Он фазои воқеии эҳёи миллӣ, худшиносӣ ва бозшиносии хештан гардид. Дар тӯли 35 сол ҷомеаи Тоҷикистон тадриҷан ба дарки амиқтари он расид, ки давлатдории миллӣ, ҳуввияти миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мафҳумҳои аз ҳам ҷудонашаванда мебошанд.

- Роҳи Тоҷикистон барои расидан ба имрӯзи шукуфо ҳамвор набуд. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишвар бо мушкилоти сахт рӯ ба рӯ гардид. Ин озмоишҳо дар ташаккули худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ чӣ нақш гузоштанд?

- Таърих нишон медиҳад, ки миллатҳо маҳз дар рӯзҳои мушкил моҳияти воқеии ягонагӣ ва арзишҳои миллии худро беҳтар дарк мекунанд. Тоҷикистон низ солҳои аввали соҳибистиқлолӣ давраи бисёр сангинро аз сар гузаронд. Низои дохилӣ, нооромии сиёсӣ, мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба давлат ва ҷомеаи ҷавони тоҷик таҳдидҳои ҷиддӣ эҷод карданд. Вале маҳз аз ҳамин рӯзҳои пурмашаққат ҷомеаи Тоҷикистон сабақҳои бузурги таърихӣ гирифт. Миллат ба хубӣ дарк кард, ки бидуни сулҳ давлат вуҷуд дошта наметавонад, бидуни Ваҳдати миллӣ пешрафт имконнопазир аст ва бидуни эҳсоси масъулияти умумимиллӣ ҳифзи давлатдорӣ хеле душвор мебошад.

Дар ҳамин ҷо бояд нақши барҷастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро махсус таъкид намуд. Бо талошҳои сиёсӣ, иродаи қавӣ ва сиёсати сулҳофарини Роҳбари давлат Тоҷикистон тавонист аз марҳалаи бисёр мураккаби таърихӣ гузашта, сулҳу субот ва Ваҳдати миллиро таъмин намояд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон имрӯз низ ҳамчун таҷрибаи муҳими сиёсӣ ва миллӣ арзёбӣ мешавад.

Сулҳ ба ҷомеа танҳо оромӣ наовард. Сулҳ барои эҳёи давлатдорӣ, рушди иқтисодӣ, таҳкими фарҳанг ва ташаккули ҷаҳонбинии нави миллӣ замина гузошт. Аз ҳамин ҷиҳат, сулҳу Ваҳдати миллӣ аз рукнҳои муҳими ҳуввияти миллии тоҷикони имрӯз ба ҳисоб мераванд.

- Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ташаккули ҳувияти миллӣ чӣ гуна метавон арзёбӣ кард?

- Агар мо ба роҳи 35-солаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо диди таҳлилӣ назар кунем, мебинем, ки масъалаи таҳкими давлатдории миллӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва эҳёи арзишҳои таърихӣ дар меҳвари сиёсати давлат қарор дошт.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали фаъолияти давлатӣ ба масъалаи эҳёи давлатдории миллӣ ва таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Сиёсати давлатӣ дар самти омӯзиши таърих, эҳёи мероси фарҳангӣ, гиромидошти забони давлатӣ, арҷгузорӣ ба шахсиятҳои бузурги таърихиву фарҳангӣ ва таҳкими ваҳдати ҷомеа дар маҷмӯъ ба ташаккули муҳити нави миллӣ мусоидат кард.

Дар суханрониҳо ва асарҳои Пешвои миллат масъалаи шинохти таърих, эҳтиром ба фарҳанг, ҳифзи забони давлатӣ ва эҳсоси масъулият дар назди Ватан пайваста ҳамчун масъалаҳои калидӣ матраҳ мешаванд. Ин андешаҳо барои ҷомеаи Тоҷикистон аҳамияти хос доранд, зеро худшиносӣ танҳо бо шиор ба вуҷуд намеояд. Барои ташаккули ҳуввияти миллӣ дониши таърихӣ, ҷаҳонбинии солим ва тарбияи дуруст зарур аст.

- Яке аз асосҳои муҳими ҳувияти миллӣ забон мебошад. Имрӯз ҳифз, рушди забони тоҷикӣ ва истифодаи дурусти он дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа то кадом андоза масъалаи муҳими худшиносии миллӣ маҳсуб меёбад?

- Забон, пеш аз ҳама, ҳофизаи миллат аст. Дар забон таърих, фарҳанг, ҷаҳонбинӣ, тафаккур ва рӯҳи маънавии миллат таҷассум меёбад. Аз ҳамин рӯ, ҳифз ва рушди забони давлатӣ яке аз шартҳои муҳими ҳифзи ҳуввияти миллӣ мебошад.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои таҳкими мақоми забони тоҷикӣ корҳои муҳим анҷом дода шуданд. Имрӯз забони давлатӣ ҳамчун рукни муҳими давлатдорӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, илм, фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма ҷойгоҳи бештар пайдо кардааст. Аммо вазифаи мо танҳо бо ифтихор аз забони тоҷикӣ маҳдуд намешавад. Мо бояд забонро дуруст истифода барем, фарҳанги суханро баланд бардорем, барои рушди истилоҳоти илмӣ ва касбӣ саҳм гузорем ва насли ҷавонро ба эҳтироми воқеии забони модарӣ тарбия намоем.

Хусусан, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои рақамӣ рушди забони тоҷикӣ дар фазои илмӣ ва иттилоотӣ аҳамияти бештар пайдо мекунад. Миллате, ки забони худро дар муҳити муосир рушд медиҳад, барои таҳкими ҳуввияти худ заминаи боэътимод фароҳам меорад.

- Муҳтарам Давлатзода! Лутфан бигӯед, ки аз нигоҳи Шумо эҳёи таърих ва арҷгузорӣ ба шахсиятҳои бузурги миллат дар таҳкими худшиносӣ чӣ ҷойгоҳ доранд?

- Миллате, ки таърихи худро намедонад, наметавонад ояндаи худро бо итминон бунёд кунад. Ҳофизаи таърихӣ яке аз рукнҳои муҳими ҳуввияти миллӣ мебошад. Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ барои омӯзиш ва муаррифии таърихи давлатдорӣ ва фарҳанги миллӣ имкониятҳои васеъ ба даст овард.

Таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба мероси бузургони гузаштаамон Исмоили Сомонӣ, Имоми Аъзам, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва дигар фарзандони фарзонаи миллат танҳо эҳтироми шахсиятҳои таърихӣ нест. Ин ҳама бозгашт ба сарчашмаҳои маънавии миллат мебошад.

Ҳангоме ҷавонон бо осори чунин шахсиятҳо шинос мешаванд, онҳо дарк мекунанд, ки миллати тоҷик дорои таърихи қадим, тамаддуни ғанӣ ва саҳми арзанда дар рушди фарҳанги башарӣ мебошад. Чунин дониш эҳсоси ифтихори миллиро тақвият мебахшад.

Дар ин масир эҳёи ҷашнҳои аҷдодӣ, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Тиргон ва дигар анъанаҳои таърихии мардум дар ин раванд гувоҳи таъсир расондан ба эҳсоси пайвандии ҷавонон бо таъриху тамаддуни миллӣ мебошад.Аммо ифтихори миллӣ бояд бо дониш ҳамроҳ бошад. Ифтихори воқеӣ аз он сарчашма мегирад, ки инсон таърихи худро амиқ донад, дастовардҳои гузаштагонро дуруст дарк кунад ва барои идомаи он дар замони имрӯз саҳм гузорад.

- Дар ҷаҳони пуртазоди имрӯз, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ босуръат пеш мераванд, масъалаи ҳифзи асолати миллӣ аҳамияти бештар пайдо кардааст. Ба назари Шумо, ҷараёни ҷаҳонишавӣ барои ҳувияти миллӣ бештар имконият аст ё таҳдид?

- Ҷаҳонишавӣ як воқеияти замони мост. Мо наметавонем худро аз равандҳои ҷаҳонӣ канор гирем. Имрӯз кишварҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва иттилоотӣ бо ҳам бештар пайванд мегиранд. Аммо ҷаҳонишавӣ дар баробари имкониятҳо, хатарҳои муайян низ дорад. Яке аз чунин хатарҳо заиф гардидани асолати миллӣ ва пайравии кӯр-кӯрона ба фарҳангҳои бегона мебошад. Аз ин рӯ, ҷавоби дуруст ба ҷаҳонишавӣ бастани дарҳои кишвар нест. Баръакс, мо бояд ҷаҳонро омӯзем, илм ва технологияҳои пешрафтаро аз худ кунем, таҷрибаи муваффақи кишварҳои дигарро истифода барем, аммо ҳамзамон шахсияти миллӣ ва арзишҳои маънавии худро ҳифз намоем.

Ҷавони тоҷик метавонад якчанд забон донад, технологияҳои навтаринро истифода барад, дар донишгоҳҳои бонуфуз таҳсил кунад ва дар айни замон тоҷик будани худро фаромӯш накунад. Ин ҳамон тавозунест, ки ҳувияти миллии муосирро тавоно месозад.

- Имрӯз ҷавонон бештар дар фазои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ қарор доранд. Ин раванд барои ҳувияти миллӣ чӣ имконият ва чӣ таҳдид дорад?

- Фазои иттилоотӣ имрӯз ба як қисми ҷудонашавандаи ҳаёти инсон табдил ёфтааст. Шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд воситаи омӯзиш, табодули дониш, муаррифии фарҳанг ва иртиботи созанда бошанд. Аммо дар баробари ин, онҳо метавонанд ба майдони паҳншавии иттилооти бардурӯғ, ақидаҳои ифротӣ, фарҳанги бегона ва ҷаҳонбинии носолим низ табдил ёбанд. Аз ин рӯ, масъала танҳо дар маҳдуд кардани технология нест. Муҳим он аст, ки ҷавонон маърифати баланди иттилоотӣ дошта бошанд. Ҷавон бояд тавонад иттилооти дурустро аз нодуруст ҷудо кунад, ҳар хабарро бидуни таҳлил қабул накунад ва дар фазои иттилоотӣ мавқеи мустақили фикрӣ дошта бошад.

Ҳувияти миллӣ дар ин ҷо нақши як сипари маънавиро иҷро мекунад. Ҷавоне, ки таърихи худро медонад, арзишҳои миллиро эҳтиром мекунад ва ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ дорад, ба ҳар гуна таъсироти манфӣ осон таслим намешавад.

- Ба андешаи Шумо, ҷавони воқеан соҳибҳувият бояд дорои кадом сифатҳо бошад?

- Ба назари ман, ҷавони соҳибҳуввияти миллӣ, пеш аз ҳама, бояд Ватани худро дӯст дорад. Вале ватандӯстӣ танҳо эҳсос нест. Ватандӯстӣ дар донишомӯзӣ, меҳнати ҳалол, эҳтиром ба қонун, масъулияти шаҳрвандӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа зоҳир мегардад.

Ҷавони соҳибҳувият бояд таърих ва фарҳанги худро донад, забони давлатиро гиромӣ дорад, ба арзишҳои миллӣ эҳтиром гузорад, ҷаҳонбинии васеъ дошта бошад ва ҳамзамон барои пешрафти давлат масъулият эҳсос кунад.

Имрӯз кишвар ба ҷавонони танҳо соҳиби диплом ниёз надорад. Тоҷикистон ба ҷавонони донишманд, соҳибкасб, ташаббускор, ватандӯст ва дорои тафаккури созанда эҳтиёҷ дорад.

Дар ҳамин ҳол, ҳувияти миллӣ бояд инсонро аз ҷаҳони муосир дур накунад, балки ӯро барои иштирок дар рушди ҷомеаи муосир омода созад. Яъне ҷавони тоҷик бояд ҳам решаҳои миллии худро дошта бошад ва ҳам ба осмони дониш ва пешрафти ҷаҳонӣ нигарад.

- Акнун биёед ба паҳлуи дигари масъала таваҷҷуҳ намоем, ки дар ташаккули ҳувияти миллӣ оила ва муассисаҳои таълимӣ чӣ нақш доранд?

- Оила нахустин мактаби тарбия аст. Маҳз дар муҳити оила кӯдак аввалин бор маънои муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба калонсолон, қадршиносӣ аз арзишҳои миллӣ ва масъулияти инсонӣ را меомӯзад.

Мактаб ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ин равандро идома медиҳанд. Дар ин ҷо донишҷӯ на танҳо донишҳои касбӣ, балки ҷаҳонбинӣ, мавқеи шаҳрвандӣ ва муносибат ба ҷомеаро низ ташаккул медиҳад. Бинобар ин, миёни оила, мактаб, донишгоҳ, ҷомеа ва воситаҳои ахбори омма бояд ҳамоҳангии воқеӣ вуҷуд дошта бошад. Тарбияи ҳуввияти миллӣ вазифаи танҳо як ниҳод нест. Ин вазифаи умумимиллӣ мебошад.

- Дар ин раванд нақши омӯзгор дар тарбияи шахсияти соҳибҳуввияти миллӣ чӣ гуна аст? Оё имрӯз танҳо интиқоли дониш кофист ё омӯзгори муосир бояд пеш аз ҳама намунаи фарҳанг, ахлоқ, ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ бошад?

- Омӯзгор танҳо интиқолдиҳандаи дониш нест. Ӯ тарбиятгар, роҳнамо ва намунаи ахлоқии насли ҷавон мебошад. Ва бесабаб ҳам нест, ки донишҷӯ бештар аз сухан ба рафтори омӯзгор диққат медиҳад. Агар омӯзгор донишманд, фарҳангӣ, масъулиятшинос, ватандӯст ва соҳибахлоқ бошад, чунин сифатҳо ба шогирд низ таъсир мерасонанд. Аз ин рӯ, рисолати омӯзгор имрӯз боз ҳам бештар шудааст. Ӯ бояд ҳамқадами замон бошад, донишҳои навро аз худ кунад, технологияи муосирро истифода барад, вале ҳамзамон арзишҳои маънавӣ ва миллӣро дар муҳити таълимӣ зинда нигоҳ дорад.

- Шумо ҳамчун ёвари ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон рисолати донишгоҳро дар омода кардани насли нави иқтисоддонҳо, молиячиён, менеҷерҳо ва дигар мутахассисоне, ки ҳамзамон соҳиби ҳувияти миллӣ ва ҷаҳонбинии муосир мебошанд, чӣ гуна мебинед?

- Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар баробари он ки маркази омодасозии мутахассисони иқтисодӣ ва молиявӣ мебошад, ҳамзамон, муҳайё намудани муҳити муҳими ташаккули шахсияти шаҳрвандиро низ рисолати худ медонад. Зеро мо хуб дарк мекунем, ки мутахассиси оянда бояд донишҳои амиқи касбӣ дошта бошад. Аммо дониш бе масъулият метавонад самаранок набошад. Иқтисоддони ҷавон, молиячӣ, муҳосиб, менеҷер ё роҳбари оянда бояд манфиатҳои давлату ҷомеаро эҳсос намояд. Биноан, дар фаъолияти донишгоҳ масъалаи пайванди таҳсил ва тарбия аҳамияти муҳим дорад. Баргузории конференсияҳо, ҳамоишҳо, маҳфилҳои илмӣ, чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, вохӯриҳо бо шахсиятҳои фарҳехта, фаъолони ҷомеа ва дигар иқдомҳои маърифатӣ метавонанд дар ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон таъсири муассир расонанд. Мо мехоҳем, хатмкунандаи донишгоҳ на танҳо мутахассиси соҳибкасб, балки шаҳрванди дорои мавқеи устувор, ҷаҳонбинии солим ва эҳсоси баланди масъулияти миллӣ бошад.

- Оё метавон гуфт, ки рушди иқтисодӣ низ ба таҳкими ҳувияти миллӣ таъсир мерасонад?

- Албатта. Истиқлолияти сиёсӣ ва рушди иқтисодӣ бо ҳамдигар иртиботи амиқ доранд. Давлати мустақил барои ҳифзи истиқлолияти худ бояд дорои иқтисоди устувор бошад. Вақте шаҳрванд дар рушди кишвар саҳми худро мебинад, вақте натиҷаи меҳнати худро дар ободии ҷомеа эҳсос мекунад, ҳисси мансубияти ӯ ба давлат қавитар мегардад. Аз ҳамин рӯ, рушди иқтисодӣ низ метавонад ҳисси масъулият ва ифтихори миллиро таҳким бахшад.

Иқтисоди қавӣ ба давлат имконият медиҳад, ки соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, илм ва иҷтимоиётро рушд диҳад. Ва ҳамаи ин дар маҷмӯъ барои таҳкими ҷомеаи солим ва ҳуввияти миллӣ мусоидат мекунад.

- Дар шароити рушди босуръати технология ва зеҳни сунъӣ чӣ гуна метавон ҳувияти миллӣ ва тафаккури муосирро ҳамоҳанг сохт?

- Ин масъала имрӯз хеле муҳим аст. Мо дар асри рақамӣ зиндагӣ мекунем. Технологияҳо тамоми соҳаҳои ҳаётро тағйир медиҳанд. Ҷавонон бояд ба ин раванд омода бошанд. Аммо рушди технология маънои даст кашидан аз фарҳанг ва арзишҳои миллӣ надорад. Баръакс, мо метавонем аз технология барои ҳифз ва муаррифии фарҳанг истифода барем.

Имрӯз имконият вуҷуд дорад, ки таърих, адабиёт, фарҳанг ва забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ бештар муаррифӣ шаванд. Китобҳои электронӣ, захираҳои таълимӣ, барномаҳои рақамӣ ва платформаҳои иттилоотӣ метавонанд ба рушди маърифати миллӣ хизмат кунанд. Вазифаи муҳими мо аз он иборат аст, ки технологияро ба хизматгори фарҳанг ва рушди миллӣ табдил диҳем, на ин ки ба таъсири бечунучарои фарҳангҳои беруна гирифтор шавем.

- Ба назари Шумо, ҳувияти миллии тоҷикони асри равон бояд чӣ хусусият дошта бошад?

- Ҳувияти миллии тоҷикони имрӯз бояд ҳамзамон миллӣ ва муосир бошад. Мо бояд решаҳои худро ҳифз кунем, аммо дар гузашта зиндагӣ накунем.

Тоҷикистони имрӯз ба ҷомеаи донишбунёд, иқтисоди рақамӣ, мутахассисони рақобатпазир ва шаҳрвандони дорои тафаккури ҷаҳонӣ ниёз дорад. Аммо ҳамаи ин бояд дар асоси фарҳанги миллӣ, ахлоқи солим, ватандӯстӣ ва эҳсоси масъулият рушд кунад. Ба ибораи дигар, тоҷикони асри 21 бояд таърихи ҳазорсолаи худро донанд, вале барои ҳазорсолаи оянда низ омода бошанд. Ин аст, моҳияти ҳуввияти миллии муосир: реша дар таърих, андеша дар имрӯз ва нигоҳ ба оянда.

- Агар ба 35 соли роҳи Истиқлолияти давлатӣ назар кунем, муҳимтарин дастоварди миллӣ дар самти ташаккули ҳувияти миллиро дар чӣ мебинед?

- Ба назари ман, муҳимтарин дастовард дар он аст, ки ҷомеаи Тоҷикистон имрӯз давлатдории миллии худро ҳамчун арзиши муқаддас дарк мекунад. Мо дар ин 35 сол роҳи пурмашаққатеро тай кардем. Сулҳро ҳифз намудем, Ваҳдати миллиро таҳким бахшидем, давлатдориро тақвият додем, иқтисодро рушд додем, фарҳангу забон ва арзишҳои миллиро эҳё кардем.

Имрӯз насли нав дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба воя мерасад. Барои онҳо Истиқлол танҳо як рӯйдоди таърихӣ нест. Истиқлол муҳити табиии зиндагӣ, таҳсил, фаъолият ва орзуҳои онҳост.

Вазифаи мо аз он иборат аст, ки ба ҷавонон фаҳмонем: ҳамаи ин дастовардҳо худ аз худ ба вуҷуд наомадаанд. Барои ҳар як рӯзи сулҳу оромӣ, барои ҳар як пешрафт ва барои ҳар як дастоварди давлат меҳнати бузург ва масъулияти таърихӣ қарор дорад.

- Ва саволи ҷамъбастӣ: Шумо дар арафаи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба ҷавонони Тоҷикистон чӣ паёми рӯшане додан мехоҳед?

- Ман мехоҳам ба ҳар як ҷавони Тоҷикистон муроҷиат намуда бигӯям: Истиқлолро ҳамчун бузургтарин неъмати таърихии миллат қадр кунед. Шумо дар замоне зиндагӣ мекунед, ки Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, дорои парчам, нишон, Конститутсия, забони давлатӣ ва роҳи муайяни рушди худ мебошад. Ҳифзи ин ҳама вазифаи танҳо давлат нест. Ҳар як шаҳрванд барои пойдории Истиқлол масъул аст.

Бихонед, дониш омӯзед, касб интихоб кунед, ҷаҳонро омӯзед, забонҳои хориҷиро донед, технологияҳои муосирро аз худ кунед. Аммо ҳар ҷо, ки бошед, фаромӯш накунед, ки фарзанди ин Ватан ҳастед.

Тоҷик будан танҳо мансубияти миллӣ нест. Он масъулият аст — масъулият дар назди гузашта, имрӯз ва фардои миллат.

Ба андешаи ман, роҳи минбаъдаи Тоҷикистон аз дониш, меҳнат, ваҳдат, ватандӯстӣ ва эҳсоси баланди масъулияти шаҳрвандӣ мегузарад. Агар ҷавонони мо соҳиби дониши муосир, ахлоқи ҳамида, ҳуввияти устувори миллӣ ва иродаи созанда бошанд, метавон бо итминон гуфт, ки ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол боз ҳам дурахшон хоҳад буд.

P/S:

Сӣ панҷ соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо таърихи бунёди давлат, балки таърихи бозшиносии миллат низ мебошад. Ин солҳо ба ҷомеаи Тоҷикистон имкон доданд, ки ба гузашта бо нигоҳи нав назар кунад, арзишҳои худро аз нав эҳё созад ва барои фардои худ роҳи мустақилона интихоб намояд.

Ҳувияти миллӣ имрӯз бояд ҳамчун мафҳуми зинда ва фаъол дар зиндагии ҳар як шаҳрванд таҷассум ёбад. Он танҳо эҳтиром ба гузашта нест, балки масъулият дар назди имрӯз ва фардо низ ҳаст. Миллати соҳибҳувият миллати донишманд, созанда, худогоҳ ва дорои иродаи пешрафт аст.

Таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон фурсати бознигарӣ ба роҳи тайшуда ва андеша дар бораи оянда мебошад. Роҳе, ки аз рӯзҳои душвори бунёди давлат оғоз ёфта, имрӯз ба марҳалаи нави рушди миллӣ расидааст.

Ва шояд моҳияти ҳамаи ин роҳи пурифтихорро метавон дар як андеша ҷамъбаст кард: Истиқлол ба миллат имкони соҳиб шудан ба сарнавишти хешро дод, ҳувияти миллӣ бошад, ба миллат неру мебахшад, ки ин сарнавиштро бо дастони худ созад.

Пас, вазифаи насли имрӯз ва фардои Тоҷикистон ҳифзи муқаддасоти миллӣ, таҳкими сулҳу Ваҳдати миллӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг, рушди илму маърифат ва муҳимтар аз ҳама, ҳифзу таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз мебошад. Зеро Истиқлол танҳо мероси гузашта нест, он амонати имрӯз ва масъулияти фардои ҳар як фарзанди Тоҷикистон аст.

 

Мусоҳиб: Маҳмадалӣ ОЧИЛДИЕВ,

сардори шуъбаи иттилоот ва нашрияи ДДМИТ