ТАТБИҚИ СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ: ШАФФОФИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ИҚТИСОДИ САМАРАНОК
Коррупсия аз ҷумлаи зуҳуроти номатлубест, ки ба қонунияту адолат, рушди иқтисодӣ, самаранокии идоракунӣ ва эътимоди ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, муқовимат ба он танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, масъулияти тамоми ҷомеа, аз ҷумла ҳар як муассиса ва шахси масъул мебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъала ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ пайваста дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, таҳти №222 Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якум солҳои 2021-2025 тасдиқ гардид.
Ҳоло кишвар ба марҳилаи нави татбиқи ҳуҷҷати стратегии мазкур ворид шудааст. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2026, таҳти №1145 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои марҳилаи дуюм солҳои 2026-2030 тасдиқ шудаву дар ин марҳила ба тақвияти чораҳои пешгирикунанда, коҳиш додани омилҳои коррупсионӣ, рақамикунонӣ, шаффофияти идоракунӣ ва таҳкими ҳамкории ниҳодҳои давлатӣ таваҷҷуҳи бештар дода мешавад. Аз ин рӯ, имрӯз масъала танҳо дар бораи мубориза бо оқибатҳои коррупсия нест. Вазифаи асосӣ пеш аз ба вуҷуд омадани ҳолати коррупсионӣ муайян ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда мебошад.
Барои муассисаи давлатӣ, бахусус муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, масъалаи шаффофияти фаъолияти иқтисодӣ аҳамияти махсус дорад. Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз рӯйи хусусияти фаъолияти худ дар ин масъала масъулияти хос дорад. Мутахассисоне, ки имрӯз дар ДДМИТ таҳсил мекунанд, фардо дар соҳаҳои молия, бонкдорӣ, андоз, гумрук, иқтисод, идоракунии давлатӣ, аудит, соҳибкорӣ ва дигар бахшҳои ҳаёти иқтисодии кишвар фаъолият хоҳанд кард. Аз ин рӯ, донишгоҳ бояд на танҳо мутахассиси соҳибмаълумот, балки мутахассиси дорои фарҳанги баланди ҳуқуқӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионӣ тарбия намояд.
Маҳз бо ҳамин мақсад дар ДДМИТ масъалаи муқовимат ба коррупсия пайваста мавриди баррасӣ қарор дорад. Аз ҷумла, 2 майи соли 2026 дар донишгоҳ бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2026, таҳти №1145 ҷаласа баргузор гардида, масъалаҳои пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ шуданд. Инчунин, 30 майи соли 2026 дар донишгоҳ вохӯрии омӯзишӣ оид ба сиёсати давлат дар самти пешгирии коррупсия баргузор гардид.
Ин гуна чорабиниҳо танҳо маъракаҳои иттилоотӣ набуда, балки онҳо бояд ба ташаккули муносибати нави кормандон ва донишҷӯён нисбат ба қонун ва масъулияти шаҳрвандӣ мусоидат намоянд.
Ҳар як қарор бояд ба манфиати муассиса ва дар доираи талаботи қонун қабул шавад. Агар дар чунин равандҳо манфиати шахсӣ ҷой дошта бошад, хавфи коррупсионӣ ба миён меояд. Аз ин рӯ, масъулияти шахсони иштироккунанда дар раванди харид бояд возеҳ бошад.
Дар марҳилаи нави татбиқи Стратегия масъалаи риояи қонунгузорӣ, интихоби асоснок, пешгирии манфиатҳои шахсӣ ва ҳуҷҷатгузории дақиқ аҳамияти бештар пайдо мекунад. Зеро яке аз роҳҳои муассири коҳиш додани омилҳои коррупсионӣ кам кардани дахолати субъективӣ ва гузариш ба механизмҳои рақамӣ ва шаффоф мебошад.
Имрӯз дар ҷаҳон рақамикунонӣ на танҳо омили рушди иқтисодӣ, балки воситаи муассири пешгирии коррупсия низ ба ҳисоб меравад. Ҳар қадаре ки хизматрасонӣ ва қабули қарорҳо аз муносибатҳои мустақими инсонӣ ба низомҳои рақамӣ гузаранд, ҳамон қадар имконияти дахолати субъективӣ кам мешавад.
Маҳз ба ҳамин хотир дар марҳилаи дуюми Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия масъалаи рақамикунонӣ ва коҳиш додани омили инсонӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳим таъкид шудааст. Барои муассисаҳои таълимӣ низ ин раванд аҳамияти калон дорад.
Ба назари ман, яке аз масъалаҳои муҳими замони муосир тағйир додани муносибат ба мафҳуми шаффофият мебошад. Шаффофият набояд танҳо иҷрои талаботи санадҳои меъёрӣ бошад. Он бояд ба принсипи идоракунӣ табдил ёбад.
Бақайдгирии электронӣ, гардиши ҳуҷҷатҳои рақамӣ, ҳисоботи электронӣ, назорати молиявӣ ва истифодаи низомҳои муосири идоракунӣ метавонанд шаффофияти фаъолияти муассисаро баланд бардоранд. Аммо бояд таъкид кард, ки рақамикунонӣ худ ба худ коррупсияро аз байн намебарад. Агар тартиби қабули қарор, масъулияти шахсӣ ва назорати дохилӣ суст бошад, технология низ наметавонад ҳамаи мушкилотро ҳал кунад. Аз ин рӯ, технология бояд бо масъулият, қонун ва назорат ҳамқадам бошад.
Коррупсияро танҳо бо ҷазо решакан кардан мумкин нест. Албатта, ҷазо барои кирдори коррупсионӣ зарур аст ва ҳама гуна қонуншиканӣ бояд беҷавоб намонад. Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки танҳо бо чораҳои ҷазоӣ ҳалли масъала имконнопазир аст. Агар сабаби коррупсионӣ бартараф карда нашавад, ҷойи як ҳолат ҳолати дигар пайдо шуда метавонад. Аз ин рӯ, бояд ба пешгирӣ, тарбия, таҳлили хавфҳо ва такмили механизмҳои идоракунӣ таваҷҷуҳи бештар дода шавад.
Маҳз ҳамин равиш дар марҳилаи дуюми Стратегия низ аҳамияти бештар пайдо кардааст.
Имрӯз, ки Тоҷикистон марҳилаи нави рушди иқтисодию иҷтимоиро тай мекунад, ҳифзи захираҳои давлатӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ ва тақвияти интизоми молиявӣ аҳамияти бештар пайдо мекунад.
Аз сӯи дигар, муқовимат ба коррупсия вазифаи як рӯз ё як маърака набуда, он раванди пайвастаест, ки аз муносибати ҳар як инсон ба қонун, вазифа ва ҷомеа вобаста мебошад. Биноан, барои мо, кормандони соҳаи иқтисодӣ ва маъмурию хоҷагӣ, ин масъулият аҳамияти махсус дорад. Зеро фаъолияти мо бо истифодаи маблағ, молу мулк ва захираҳои давлатӣ бевосита иртибот дорад. Аз ин рӯ, бояд ҳамеша се меъёрро роҳнамои фаъолияти худ қарор диҳем: қонуният, шаффофият ва самаранокӣ. Агар ин се принсип дар фаъолияти ҳар як сохтор устувор гардад, заминаҳои коррупсионӣ тадриҷан маҳдуд мешаванд.
Бовар дорам, ки татбиқи марҳилаи дуюми Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2026-2030 низ ба таҳкими ҳамин фарҳанги нави идоракунӣ мусоидат хоҳад кард.
Набояд фаромӯш кард, ки вазифаи мо танҳо риояи қонун нест. Вазифаи мо эҷоди чунин муҳити корист, ки дар он қонунмандӣ ба меъёр, шаффофият ба одат ва масъулият ба фарҳанги касбӣ табдил ёбад. Зеро дар ниҳояти кор муқовимат ба коррупсия мубориза танҳо барои пешгирии як кирдори ғайриқонунӣ нест. Ин мубориза барои адолат, эътимод, самаранокии иқтисодӣ, обрӯи муассиса ва ояндаи шоистаи давлату миллат мебошад.
Диловаршо МУРОДЗОДА,
муовини ректор оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва маъмурию хоҷагии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng