ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ - ВАБОИ АСР
«Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».
Эмомалӣ Раҳмон
Яке аз проблемаҳои ҷиддие, ки имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст, ин экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо мебошад. Барои ба ҳадафҳои нопоки худ расидан, аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонда, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлату давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд.
Ифротгароӣ ва терроризм яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мегардад.
Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») гирифта шуда, маънои он «тарс ва ваҳм» аст.
Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ чунин аст: «Ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он бо мақсади ҷисмонӣ бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, мақомоти ҳокимияти далатӣ ва сохторҳои низомӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо, инчунин, таҳдиди содир намудани кирдорҳои зикргашта бо мақсадҳои номбурда мебошад».
Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ, аз ҷониби ҷомеа ва давлат мумкин аст эътирозро ба миён оварад, ки он дар оянда метавонад ба ифротгароӣ гузарад.
Субҳияи Худойдод, донишҷўи курси 4-уми ихтисоси 1-25010202 - иқтисодиёти молиявӣ ва бонкии факултети молия ва қарз
Тоҷ
Рус
Eng