Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди бузурги таърихӣ барои мардуми тоҷик заминаи устувори ташаккули давлатдории миллӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва пешрафти ҳамаҷонибаи кишварро фароҳам овард. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Истиқлолият барои ҳар як миллат арзишмандтарин неъматест, ки тақдири таърихии онро муайян месозад ва роҳнамои рушди ояндааш мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба марҳилаи нави таърихӣ ворид шуд. Дар ин давра, аҳли ҷомеа таҳти сарварии Пешвои хирадманди худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи қавӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ ба сохтмони давлати миллӣ камар бастанд. Тайи 35 соли соҳибистиқлолӣ кишвар роҳи пурпечутоб, вале пурифтихореро тай намуд, ки дар он дастовардҳои бузург бо заҳмату талоши халқи шарафманди тоҷик ба даст омадаанд.

Дар тули 35 соли истиқлолият Тоҷикистон дар самтҳои гуногун ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар соҳаи иқтисод тадбирҳои муассир андешида шуданд, ки ба рушди бахшҳои муҳими хоҷагии халқ, аз ҷумла энергетика, саноат, кишоварзӣ ва инфрасохтор мусоидат намуданд. Сохтмони роҳҳо, пулҳо ва нақбҳо имкон фароҳам овард, ки минтақаҳои гуногуни кишвар бо ҳам пайваст гардида, шароити зиндагии мардум беҳтар шавад. Ҳамзамон, татбиқи лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои гидроэнергетикии кишвар заминаи мусоид фароҳам овард.

Ҳоло, ки мо дар арафаи таҷлили пуршукуҳи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз фурсати муносибест, ки ба роҳи тайнамудаи кишвар назар афканда, дастовардҳоро холисона арзёбӣ намояд ва барои ояндаи дурахшон нақшаву лоиҳаҳои нав таҳия кунад. Зеро гиромидошти ин санаи таърихӣ на танҳо рамзи озодӣ ва соҳибихтиёрӣ, балки нишонаи заҳмату талошҳои як миллат дар роҳи бунёди давлати ободу пешрафта мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи иқтисоди ҷаҳони муосир дар самти таъмини рушди иқтисоди миллӣ ҳадафҳои мушаххасеро пеш гузоштааст, ки ба марҳилаи рушди иқтисоди миллии кишвар мутобиқ мебошанд. Дар меҳвари ин ҳадафҳо масъалаҳои созандаву бунёдкорона, аз ҷумла баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани ҷумҳурӣ ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат қарор доранд.

Дар натиҷаи марҳила ба марҳила татбиқ намудани ин ҳадафҳо Ҳукумати кишвар дар самти таҳияи стратегияҳо ва барномаҳои соҳавӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъмини устувории макроиқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 31 декабри соли 2025 дар кишвар 258 ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ татбиқ гардида истодааст.

Дар роҳи ҳифзу таҳкими истиқлолияти миллӣ ва кафолати рушди устувори Тоҷикистони навин нақш ва ҷойгоҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, беназир мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хираду матонат, иродаи қавӣ, ҷаҳонбинӣ, донишу таҷрибаи бузург ва мавқеи устувори милливу давлатдорӣ тавонистанд истиқлолияти бадастомадаро на танҳо ҳифз ва таҳким бахшанд, балки барои рушди минбаъдаи давлатдории миллӣ заминаи мусоид фароҳам оваранд.

Хизматҳои шоёни Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат, рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ва баланд бардоштани мақому манзалати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ назаррас мебошанд. Имрӯз дастовардҳои давлати навини Тоҷикистон натиҷаи сиёсати созандаву бунёдкорона, меҳнати софдилонаи мардуми кишвар ва татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ба ҳисоб мераванд.

Тайи солҳои охир таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми бахшҳои хоҷагии халқ ба пешрафтҳои назаррас ноил гардида, Ватани соҳибистиқлоли мо ба майдони созандагиву бунёдкорӣ табдил ёфтааст. Дар чунин марҳилаи созандагӣ ва таҳаввулоти ҳаёти ҷомеа масъалаи мактабу маориф, дастгирии технологияҳои пешрафтаи муосир, омода намудани мутахассисони соҳибихтисос мутобиқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон аз дастовардҳои илми ҷаҳонӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди босуръати Ватани азиз аҳамияти хосса пайдо мекунад.

Имрӯз дар Тоҷикистон низоми маорифи миллӣ ташаккул ёфта, барои рушди неруи инсонӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос шароити мусоид марҳила ба марҳила фароҳам оварда мешавад. Дар ин раванд, баланд бардоштани сифати таълим, истифодаи технологияҳои муосир ва тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим ба ҳисоб мераванд.

Дар давоми 35 соли Истиқлолияти давлатӣ таҳти сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Пешвои муаззами миллат кишвари мо ба дастовардҳои бузург ноил гардидааст. Мо хуб огоҳем, ки бар асари ҷанги шаҳрвандӣ бисёре аз бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат зарари ҷиддӣ дида, иқтисоди миллӣ ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ шуда буд. Бо вуҷуди ин, дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ бо татбиқи ҳадафҳои иқтисодию иҷтимоӣ буҷети давлатӣ афзоиш ёфта, сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандон тадриҷан беҳтар гардид.

Ҳамаи ин дастовардҳо, пеш аз ҳама, натиҷаи таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва суботу оромӣ дар кишвар мебошанд. Ба таъкиди Сарвари давлат, истиқлолият Тоҷикистонро ба ҷаҳон ва ҷаҳонро ба Тоҷикистон наздик намуд. Маҳз сиёсати созанда ва дурнигаронаи кишвар буд, ки ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар доираи «Сиёсати дарҳои боз» густариш ёфта, нуфузи байналмилалии мамлакат боз ҳам боло рафт.

Натиҷаи ин сиёсати созанда ва фаъолияти пайгиронаи Тоҷикистонро метавон дар таҳкими мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ, пешбурди ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи обу иқлим ва саҳми арзанда дар ташаккули рӯзномаи ҷаҳонии сулҳу амният мушоҳида намуд. Тоҷикистон имрӯз ҳамчун кишвари ташаббускор ва ҷонибдори сулҳу субот дар сатҳи байналмилалӣ мавқеи устувор дорад. Аммо дар идомаи ин роҳи пурифтихор тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро мебояд беш аз пеш заҳмат кашида, барои таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ободии Ватан саҳми арзандаи худро гузоранд. Чунонки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Ба ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад».

Ин таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд барои ҳар як шаҳрванди кишвар ҳамчун дастури фаъолияти созанда хизмат кунад. Ҳар яки мо вазифадорем, ки бо меҳнати содиқона, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва муҳаббат ба Ватан дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми сазовори худро гузорем.

Хусусан, тарбияи насли наврас ва ҷавонон, аз ҷумла донишҷӯён, дар рӯҳияи ватандӯстиву миллатдӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва садоқат ба Ватан аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи имрӯз ба шумор меравад. Зеро ояндаи давлати соҳибистиқлол ва рушди минбаъдаи он аз донишу ҷаҳонбинӣ, маърифату фарҳанг ва ҳисси масъулияти насли ҷавон вобастагии зиёд дорад.

 

Фарҳод САФАРОВ,

муаллими калони кафедраи забони русӣ