ЗАБОН ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛИИ ҶАВОНОН
Забони миллӣ оинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ, хирад ва маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад. Он на танҳо воситаи муошират, балки пояи устувори давлатдорӣ, омили муҳими ваҳдати миллӣ ва нишонаи асосии ҳастии миллат мебошад. Забон дар ҳифзи асолати миллӣ, фарҳанг, таърих ва арзишҳои маънавии халқ нақши бузург дорад. Аз ин рӯ, ҳифзу гиромидошти забони модарӣ яке аз вазифаҳои муҳимми ҳар як фарди ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Забон яке аз бузургтарин неъматҳои инсонӣ ва муҳимтарин воситаи муоширати одамон мебошад. Инсон тавассути забон фикру андеша, эҳсосот, орзуву ният ва мақсадҳои худро ба дигарон мерасонад. Забон одамонро ба ҳам мепайвандад, дӯстиву рафоқатро тақвият мебахшад, ҳамдигарфаҳмиро густариш медиҳад ва дар пешрафти ҷомеа нақши муҳим мегузорад. Бе забон рушди илму фарҳанг, интиқоли дониш аз насл ба насл ва ҳифзи таъриху тамаддуни инсониятро тасаввур кардан душвор аст.
Забон неъмати бебаҳоест, ки инсон аз овони кӯдакӣ онро аз модар ва муҳити атроф меомӯзад. Он яке аз муҳимтарин воситаҳои ифодаи тафаккур ва муаррифии шахсияти инсон мебошад. Забон ҳамчун нахустин унсури ваҳдати миллӣ ва сарвати бебаҳои фарҳангӣ шиносномаи миллат ба шумор меравад, зеро ҳар як халқро дар арсаи ҷаҳон пеш аз ҳама бо таърих, фарҳанг ва забони он мешиносанд.
Дар ин маврид метавон чунин гуфт:
Агар сесад забон донӣ, фузун нест,
Ҳама рӯзе ба кор ояд, забун нест.
Надонӣ гар забони миллати худ,
Пушаймонӣ надорад оқибат суд!
Вақте мо бо забони модарӣ сухан мегӯем, пеши назар симои пурмеҳри модар, аллаи ӯ, дуои некаш, гулу гулгаштҳои Ватан ва таъриху фарҳанги ниёгонамон ҷилвагар мешаванд. Забони модарӣ инсонро бо решаҳои таърихӣ, арзишҳои миллӣ ва сарзамини аҷдодӣ мепайвандад. Аз ин рӯ, муҳаббат ба забони модарӣ ҷузъи ҷудонашавандаи муҳаббат ба Ватан ва эҳтиром ба миллат мебошад.
Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои куҳанбунёд ва пурғановати ҷаҳон ба шумор меравад. Он таърихи тӯлонӣ дошта, дар ташаккул ва рушди фарҳангу адабиёти халқи тоҷик нақши бузург бозидааст. Забони тоҷикӣ бо шириниву равонӣ, фасоҳату балоғат ва имкониятҳои васеи ифодаи фикр аз забонҳои дорои мероси ғании адабӣ ба ҳисоб меравад.
Дар тӯли асрҳо шоирону нависандагон ва донишмандони бузург бо ин забон осори гаронбаҳои худро офаридаанд. Устод Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигар бузургони илму адаб бо осори безаволи худ ба рушди забон ва ғановати фарҳанги ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Осори онҳо на танҳо барои мардуми тоҷик, балки барои тамоми инсоният аҳаммияти бузурги маънавӣ, илмӣ ва адабӣ дорад.
Дар замони муосир забон дар рушди илм, техника, технология ва густариши муносибатҳои байналмилалӣ низ нақши муҳим мебозад. Бо пешрафти воситаҳои ахбори омма, интернет ва технологияҳои рақамӣ имкониятҳои омӯзишу истифодаи забонҳо хеле васеъ гардидаанд. Имрӯз ҷавонон метавонанд тавассути шабакаҳои интернетӣ дониш андӯхта, бо намояндагони халқҳои гуногун муошират кунанд ва фарҳангу дастовардҳои миллии худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд. Аммо истифодаи технологияҳои муосир набояд боиси коҳиш ёфтани таваҷҷуҳ ба забони модарӣ гардад. Баръакс, ҷавонон бояд аз ин имкониятҳо барои такмили забондонӣ, баланд бардоштани саводи забонӣ ва густариши муҳтавои босифат ба забони тоҷикӣ истифода баранд.
Дар ин замина, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҳифз, рушди забони давлатӣ ва баланд бардоштани мақоми он таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Забони давлатӣ ҳамчун яке аз арзишҳои муҳимми миллӣ дар таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати ҷомеа ва худшиносии миллӣ нақши муассир дорад. Ҳифзи покизагии забон, риояи меъёрҳои забони адабӣ ва истифодаи дурусти он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Забон бо ҳастии миллат робитаи ногусастанӣ дорад. Миллате, ки забони худро дӯст медорад ва эҳтиром мекунад, таъриху фарҳанг ва арзишҳои миллии худро низ ҳифз менамояд. Забон ҳофизаи таърихии халқ буда, робитаи маънавии наслҳои гузашта, имрӯз ва ояндаро таъмин мекунад. Маҳз тавассути забон анъанаҳо, расму оинҳо, таҷрибаи зиндагӣ, осори адабӣ ва донишҳои ниёгон ба наслҳои минбаъда интиқол меёбанд.
Забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми хосса касб карда, барои рушди он заминаҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ фароҳам оварда шуданд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва тадбирҳои пайвастаи давлатӣ дар самти татбиқи он барои густариши истифодаи забони давлатӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа аҳаммияти муҳим доранд. Ҳамзамон, таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти кишвар ба масъалаҳои забон, фарҳанг ва худшиносии миллӣ барои ҳифзи ин сарвати маънавӣ ва таҳкими мақоми он мусоидат менамояд.
Худшиносии миллӣ пеш аз ҳама аз шинохти таърих, эҳтиром ба фарҳанг ва муҳаббат ба забони модарӣ оғоз меёбад. Ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа дар ҳифз ва рушди забони тоҷикӣ масъулияти бузург доранд. Онҳо бояд забони модарии худро хуб омӯзанд, китобҳои бадеӣ ва илмиро мутолиа кунанд, аз осори адибони классик ва муосир баҳра гиранд, қоидаҳои имло ва меъёрҳои забони адабиро риоя намоянд. Ҳамчунин, истифодаи дурусти забони тоҷикӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, омода кардани маводи босифати рақамӣ ва тарғиби арзишҳои миллӣ дар муҳити маҷозӣ метавонад дар таҳкими мавқеи забони давлатӣ саҳми назаррас гузорад.
Ҳар як ҷавон бояд дарк намояд, ки эҳтиром ба забони модарӣ танҳо бо сухан маҳдуд намешавад. Он пеш аз ҳама дар гуфтору навиштори дуруст, муносибати масъулона ба мероси адабӣ, истифодаи оқилонаи вожаҳои тоҷикӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди забон зоҳир мегардад. Ҳамзамон, омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ барои густариши ҷаҳонбинӣ ва муаррифии фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ муҳим аст. Донистани забонҳои дигар набояд сабаби камарзиш шуморидани забони модарӣ гардад, балки бояд барои муаррифии шоистаи забону фарҳанги тоҷикӣ имкониятҳои бештар фароҳам оварад.
Хулоса, забон яке аз рукнҳои асосии ҳастии миллат ва омили муҳимми ташаккули худшиносии миллӣ мебошад. Забони тоҷикӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои ниёгон моро бо таъриху фарҳанги гузашта мепайвандад ва барои сохтани ояндаи дурахшон замина мегузорад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус ҷавонон, бояд дар ҳифз, покизагӣ ва рушди забони давлатӣ саҳм гузорад. Зеро арҷгузорӣ ба забони модарӣ нишонаи эҳтиром ба миллат, Ватан ва таърихи пурифтихори он аст.
Акрам МИРЗОЗОДА,
муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng