Тавре қаблан иттилоъ дода шуда буд, санаи 1 майи соли 2026 бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Рӯзи касбии кормандони мақомоти андоз бо ташаббуси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид.

Дар озмун 150 нафар иштирокчӣ аз 17 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Бегоҳии ҳамон рӯз маросими ҷамъбастӣ ва ҷоизасупории озмун баргузор шуд. Дар оғози чорабинӣ ректори ДДМИТ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор суханронӣ намуда, меҳмонон, устодон ва ғолибонро барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» самимона хайрамақдам гуфт.

Ба таъкиди мавсуф, донишгоҳ дар заминаи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ташаккули ҷаҳонбинии илмиву инноватсионӣ, рушди маърифати касбӣ ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон минбаъд низ ташаббусҳои судмандро амалӣ хоҳад намуд.

Ректор изҳор дошт, ки озмуни мазкур барои татбиқи сиёсати давлатии омода намудани мутахассисони баландихтисос мусоидат намуда, ҳамкориҳои самараноки байни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро боз ҳам таҳким мебахшад.

Ҳамчунин, ба роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аъзои ҳакамон ва сарпарастони озмун барои саҳмгузорӣ дар баргузории чорабинӣ изҳори сипос карда шуда, сипосномаву туҳфаҳо тақдим гардид.

Дар идомаи чорабинӣ ба Суҳроб Муродхоҷазода - мутахассиси пешбари Сарраёсати сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Вазирзода Собирҷон Зокир, Шаҳбоз Назриев, Обиди Маҳмадсаид, намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони тиҷоратӣ сипосномаи донишгоҳ тақдим гардид. Инчунин, намояндагони ҳамаи муассисаҳои иштирокчӣ бо сипосномаҳои ДДМИТ қадрдонӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки озмун аз рӯи ду номинатсия «Даставӣ-амалӣ» ва «Даставӣ-назариявӣ» баргузор гардид.

Ҳамин тариқ, дар асоси хулосаи ҳакамон ғолибон ба таври зайл муайян карда шуданд:

Дар номинатсияи «Даставӣ-амалӣ»:

Ҷойи якум - дастаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд;

Ҷойи дуюм - Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон;

Ҷойи сеюм - дастаҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд.

Дар номинатсияи «Даставӣ-назариявӣ»:

Ҷойи якум - дастаи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон;

Ҷойи дуюм - дастаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд;

Ҷойи сеюм - дастаҳои Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.

Ғолибон бо мукофотҳои пулӣ (мутаносибан ба 5 ҳазор, 3 ҳазор ва 1500 сомонӣ), симкортҳои тиллоӣ, нуқрагин ва биринҷии ширкатҳои мобилӣ, инчунин Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии кумитаи тадорукоти озмун сарфароз гардонида шуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиён ва меҳмонон акси хотиравии дастаҷамъӣ гирифтанд.

 

Наврӯз ҶОБИРЗОДА