ҲАМГИРОИИ МИНТАҚАВӢ ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШД
23 сентябри соли равон дар кафедраи назарияи иқтисодии донишгоҳ бо иштироки доираи васеи донишҷӯён семинари илмӣ дар мавзуи «Ҳамгироии минтақавӣ: омилҳои калидии рушд» доир гардид.
Дар рафти семинар устоди кафедра, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Сабоҳат Исмоилова оид ба аҳамияти ҳамгироии минтақавӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ андешаронӣ намуда, таъкид кард, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои мавқеи муҳими геоиқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ, ҳамгироии минтақавӣ яке аз воситаҳои муҳими коҳиш додани маҳдудиятҳои геоиқтисодӣ ва фароҳам овардани заминаҳои рушди устувор ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин, дар семинар имкониятҳои истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикӣ ва обии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар идома масъалаҳои марбут ба марҳилаҳои ташаккул, самтҳои муосир ва хусусиятҳои рушди ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мавриди таҳлил қарор гирифтанд. Аз ҷумла, омилҳои таъсиррасон ба равандҳои ҳамгироӣ дар шароити гузариш ба низоми иқтисодии ҷаҳонии бисёрқутбӣ баррасӣ шуданд.
Дар ҷараёни семинар самтҳои асосӣ, имкониятҳо ва мушкилоти рушди ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, оид ба такмили ҳамкориҳои иқтисодӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда пешниҳодҳои мушаххас баён гардиданд.
Дар фарҷоми семинар миёни иштирокчиён саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор сурат гирифта, донишҷӯён вобаста ба масъалаҳои мавриди баррасӣ саволҳо пешниҳод ва андешаҳои худро баён карданд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng