Омӯзгор шахсест, ки ҷомеа тарбияи фарзандони худро бо умеди ояндаи нек ва ба хотири ба камол расонидани насли соҳибмаърифат ва дорои рӯзгори шоиста ба ӯ месупорад. Ин масъулияти муқаддас аз омӯзгор тақозо менамояд, ки дар тарбияи насли наврас ғамхору дилсӯз, ташаббускору эҷодкор бошад, касби хешро сидқан дӯст дорад ва нисбат ба шогирдон меҳру муҳаббат ва масъулияти баланд дошта бошад.

Бо ин мақсад, дар асоси нақшаи кории кафедраи фаъолияти бонкии факултети молия ва қарзи донишгоҳ 30 сентябри соли равон бо иштироки донишҷӯён дар мавзуи «Арҷгузорӣ ба омӯзгор ва забон - омили таҳкими ҳувияти миллӣ» дарси тарбиявӣ доир гардид.

Дар ҷараёни дарси тарбиявӣ ассистенти кафедра Сорбон Шарбатов бо истифода аз слайдҳо оид ба мақоми омӯзгор дар ҷомеа ва нақши забон дар таҳкими ҳувияти миллӣ баромад намуд.

Номбурда таъкид кард, ки омӯзгор тарбиятгар, роҳнамо, машваратгар ва дар бисёр мавридҳо шахси боэътимоди шогирд мебошад. Омӯзгор метавонад дар раванди таълим истеъдоди пинҳонии хонандаву донишҷӯро кашф намуда, ба шахси ноумед умед бахшад, ба ҷавон дар интихоби дурусти касб роҳнамоӣ кунад ва дар қалби насли наврас меҳри китоб, илму дониш, Ватан ва инсонгариро бедор созад.

Аз ин ҷост, ки касби омӯзгорӣ яке аз масъулиятноктарин ва пуршарафтарин касбҳо ба ҳисоб меравад. Агар табиб саломатии инсонро ҳифз кунад, сохтмончӣ бино созад ва муҳандис иншоот бунёд намояд, омӯзгор бошад, инсонро тарбия мекунад. Ӯ барои ҷомеа мутахассисони соҳибмаърифат - табибон, муҳандисон, омӯзгорон, ҳуқуқшиносон, соҳибкорон ва роҳбарони ояндаро ба камол мерасонад. Аз ин рӯ, эҳтиром ба омӯзгор эҳтиром ба илму дониш, маърифат ва ояндаи ҷомеа мебошад.

Дар идомаи чорабинӣ ба масъалаи забони тоҷикӣ ва нақши он дар таҳкими худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд. Қайд гардид, ки забон яке аз муҳимтарин рукнҳои ҳастии миллат ва воситаи асосии нигоҳдории арзишҳои таърихию фарҳангӣ ба шумор меравад. Шахсе, ки забони модарии худро хуб медонад ва ба он эҳтиром мегузорад, метавонад таърих, фарҳанг, адабиёт ва маънавиёти миллати худро амиқтар дарк намояд.

Дар 35 соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ дар баробари рушди ҷомеа ба марҳилаи нави густариш ворид гардид. Имрӯз забони давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мавриди истифода қарор дошта, дар таҳкими давлатдории миллӣ, худшиносии шаҳрвандӣ ва ҳифзу рушди арзишҳои фарҳангӣ нақши муҳим дорад. Рушди забони давлатӣ бо пешрафти илму маориф, фарҳанг, технология ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа робитаи ногусастанӣ дорад.

Донишҷӯён низ андешаҳои худро оид ба мақому манзалати омӯзгор, аҳамияти илму маърифат ва ҷойгоҳи забони ноби тоҷикӣ дар таҳкими ҳувияти миллӣ баён намуданд.

Дар фарҷоми дарси тарбиявӣ байни баромадкунанда ва донишҷӯён мубодилаи афкор сурат гирифт.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА