ҶАВОНОН - НЕРУИ СОЗАНДАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ
20-уми майи соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23-юми май дар саросари кишвар таҷлил мегардад, чорабинии бошукӯҳи сиёсӣ-фарҳангӣ зери унвони “Ҷавонон - неруи созандаи давлату миллат” доир гардид. Дар ҳамоиши идона Шокирзода Муҳаммадтолиб, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зоир Ҳабибзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Нуралӣ Хоркашев, намояндаи Федератсияи футболи Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қабл аз оғози чорабинӣ меҳмонон аз дастовардҳо ва маҳсули фаъолияти омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ, ки дар намоишгоҳи идона ба маърази тамошо гузошта шуда буданд, дидан намуданд.
Чорабиниро ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Бобоҷон Сатторзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба Рӯзи ҷавонон табрик гуфт. Ба андешаи ректор, донишгоҳ дар тарбияи ҷавонони донишманду ватандӯст нақши муҳим дошта, донишҷӯён бояд дар баробари омӯзиши илмҳои муосир ҳисси баланди миллӣ ва масъулияти шаҳрвандиро дар худ ташаккул диҳанд.
Ҳоло дар донишгоҳ 107 муҳаққиқи ҷавон фаъолият дошта, дар соли таҳсили 2025-2026 ҳафт нафар рисолаҳои илмии худро ҳимоя намуданд. Ҳамчунин, 45 нафар унвонҷӯ, 28 нафар доктор PhD ва 209 нафар магистрант ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Тавре иттилоъ дода шуд, 16 нафар донишҷӯ мактаби омӯзишии “Пайравони Пешвои миллат”-ро хатм намуда, 5 нафар гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 нафар гирандаи стипендияи Раиси шаҳри Душанбе, 6 нафар ғолиби олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва 27 нафар ғолиби озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ мебошанд. Илова бар ин, 13 нафар донишҷӯ дар доираи барномаи “Мубодилаи донишҷӯён” барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода шудаанд.
Дар анҷом ректори донишгоҳ изҳор дошт, ки ҷавонони худогоҳу ватандӯст минбаъд низ бо илму дониш, зиракии сиёсӣ ва ҳисси баланди миллӣ барои таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд.
Сипас, Шокирзода Муҳаммадтолиб, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иброз дошт, ки таҷлили Рӯзи ҷавонон нишонаи эҳтиром ва эътимоди давлат ба ҷавонони кишвар мебошад. Ҳамасола аз оғози моҳи май дар ҷумҳурӣ “Моҳвораи ҷавонон” роҳандозӣ гардида, дар доираи он даҳҳо чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, маърифатӣ ва варзишӣ баргузор мешаванд.
Дар идомаи суханронӣ таъкид гардид, ки соҳаҳои ҷавонон ва варзиш аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон ва таҳкими тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муҳиму муассир амалӣ мешаванд.
Тавре зикр шуд, 23-юми майи соли 1997 мулоқоти таърихии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони кишвар баргузор гардида, дар ҳамон рӯз фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба баъзе масъалаҳои беҳтар кардани кор бо ҷавонон» ба имзо расида буд. Маҳз ҳамин сана дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун Рӯзи ҷавонон пазируфта шуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози демографӣ кишвари ҷавон ба ҳисоб рафта, қисми зиёди аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, давлату Ҳукумат ба масъалаи таълиму тарбия, соҳибкасб гардидан ва ҷалби ҷавонон ба корҳои созандагиву ободонӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд.
Зоир Ҳабибзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино зимни суханронии худ аз нақши ҷавонон дар таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди ҷомеа ёдовар шуда, аз ҷумла иброз дошт, ки сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои стратегии давлат маҳсуб меёбад. Ҷавонони имрӯза бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар пешрафти кишвар саҳми арзанда гузоранд.
Ҳамчунин, зимни ҳамоиш аз фаъолияти ТҶҶ «Созандагони Ватан» ёдоварӣ гардида, таъкид шуд, ки ин ниҳоди ҷавонони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ саҳми назаррас дорад.
Дар қисмати тантанавии чорабинӣ як қатор омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни фаъол барои фаъолияти пурсамар, иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва дастовардҳои назаррас бо ифтихорномаву сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд. Аз ҷумла, устодон Рофизода Саидзода ва Неъматуллои Мирзошо барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуданд.
Инчунин, Матлабшоҳ Ҳакимзода, Далер Сангинов, Шукуфа Умаршоева, Фаррух Давлатов, Хисрав Абдуразоқов, Рамазон Самадов, Шукрулло Зокирзода, Айдимамад Азизмамадов, Алифбек Ҷонбеков, Мутриба Муҳаммадиева, Дилноза Ҷаъфарова, Муҳаммад Ҳаймаҳмадов, Ҷамолиддин Тӯраев, Сиёвуш Раҷабов, Низом Валиев ва Исмоил Асроров барои фаъолияти пурсамар ва меҳнати софдилона бо Ифтихорномаи донишгоҳ қадрдонӣ гардиданд.
Дар баробари ин, ба сардори бахши иттилоот ва танзими донишгоҳ Сипосномаи Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Ҳамчунин, як қатор омӯзгорон, аз ҷумла Қаландар Сафаров, Мирсаид Ҳамроев, Гулрухсор Ҳабибова, Гулрухсор Баротова, Насаб Маҳмадбекова, Шаҳноза Абдуллоева, Бахтиёр Ҷӯрахонзода, Худойдод Холмуродов ва Сорбон Шарбатов бо Ифтихорномаи Кумитаи ҷавонон сарфароз гардонида шуданд.
Дар доираи чорабинӣ, инчунин ғолибони мусобиқаи “Ҷоми иттифоқи касабаи ДДМИТ” оид ба футболи хурд байни факултетҳо муайян ва қадрдонӣ шуданд. Дар натиҷа, факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ҷойи якум, факултети иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҷойи дуюм ва факултети молия ва қарз ҷойи сеюмро соҳиб гардида, бо маблағҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш барномаи рангини фарҳангии шуъбаи фарҳанги донишгоҳ таҳти роҳбарии Аълочии фарҳанги Тоҷикистон Ҷӯрамуроди Муҳаммадназар пешниҳоди аҳли толор гардида, ба чорабинӣ шукуҳу шаҳомати хоса бахшид.
Наврӯз ҶОБИРЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng