Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, худшиносии миллӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба равияҳои ифротӣ дар кафедраи низоми иттилоотӣ-инноватсионӣ дар иқтисодиёт дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзуи «Ҷавонон ва пешгирии терроризм ва экстремизм» доир гардид.

Дар дарси кушоди тарбиявӣ устоди кафедра М. Нусратзода вобаста ба моҳияти терроризм ва экстремизм, сабабу омилҳои гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва роҳҳои пешгирии ин амалҳои номатлуб маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Қайд гардид, ки ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндасози ҷомеа бояд аз таъсири ғояҳои ифротӣ эмин бошанд. Ҳамзамон, ба масъалаҳои истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, эҳтиёткорӣ ҳангоми қабул ва паҳн намудани иттилоот дар фазои маҷозӣ, баланд бардоштани саводи ҳуқуқӣ ва иттилоотӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Дар рафти дарс иштирокчиён оид ба роҳҳои муқовимат ба ғояҳои экстремистӣ, нақши оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа дар тарбияи ҷавонон, инчунин аҳамияти таҳаммулпазирӣ, ватандӯстӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ андешаҳои худро баён намуданд.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия