БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ҶАВОНОН
3-юми ноябри соли 2026 дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раёсати ташкилию тарбиявии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ чорабинии сиёсӣ, маърифатӣ ва фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар доираи амалисозии «Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин барои соли 2026» ва нақшаи чорабиниҳои донишгоҳ оид ба иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки васеи устодону донишҷӯён баргузор шуд.
Дар ҳамоиш намояндаи Кумитаи дин ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳовиддин Абдулазиззода, сардори раёсати ташкилию тарбиявӣ Сиёвуш Ҳабибзода, сармутахассиси раёсат Исматулло Ҷумаев, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиш Ҷамолиддин Мирзозода, инчунин устодону донишҷӯёни факултети мазкур иштирок намуданд.
Чорабиниро эдвайзери факултет оид ба тарбия Абдулло Камолзода бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ кард. Ӯ ҳадафи асосии баргузории вохӯриро баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва динии ҷавонон, тақвияти ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи эҳтиром ба қонунгузории миллӣ арзёбӣ намуд.
Сипас, сардори раёсати ташкилию тарбиявӣ Сиёвуш Ҳабибзода дар мавриди муҳтаво ва аҳаммияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ибрози назар кард. Таъкид гардид, ки қонуни мазкур дар ҳифзи манфиатҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳрвандон, пешгирии хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи мардум нақши муҳим дорад. Қайд карда шуд, ки татбиқи талаботи қонун имкон фароҳам овардааст, то маблағҳои сарфашудаи оилаҳо ба таълиму тарбияи фарзандон, беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва рушди сармояи инсонӣ равона карда шаванд.
Дар идомаи ҳамоиш намояндаи Кумитаи дин ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳовиддин Абдулазиззода доир ба моддаҳои алоҳидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маълумоти муфассал пешниҳод намуда, паҳлуҳои ҳуқуқӣ ва тартиби баргузории маъракаҳоро бо мисолҳои мушаххас шарҳ дод.
Ҳамзамон, мавсуф дар бораи «Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин» суханронӣ намуда, таваҷҷуҳи ҷавононро ба масъалаҳои ҳифзи амнияти иттилоотию мафкуравӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва эҳтиром ба хусусияти дунявии давлат ҷалб кард. Зикр гардид, ки давлат озодии виҷдон ва эътиқодро кафолат медиҳад ва дар баробари ин, ҳар як шаҳрванд масъулияти ҳифзи сулҳу субот, муқаддасоти миллӣ ва арзишҳои давлатдории миллиро бар уҳда дорад.
Дар қисмати ҷамъбастии чорабинӣ миёни иштирокчиён ва меҳмонон мубодилаи афкор сурат гирифта, саволу ҷавоби озод баргузор гардид. Донишҷӯён вобаста ба талаботи қонун дар мавриди баргузории тӯю маъракаҳо, масъалаҳои озодии виҷдон ва эътиқод, инчунин хатарҳои идеологии замони муосир саволҳои худро пешниҳод намуданд. Мутахассисон ба саволҳои матраҳшуда посухҳои мушаххас ва қонеъкунанда доданд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng