БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ «ТАБИАТШИНОСИ ҶАВОН»
Тибқи нақшаи чорабиниҳои раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ, 4 ноябри соли равон дар кафедраи дахлдор маҳфили илмии донишҷӯён таҳти унвони «Табиатшиноси ҷавон» дар мавзуи «Захираҳои рекреатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши онҳо дар иқтисодиёти кишвар» доир гардид.
Дар оғози маҳфил раиси маҳфили илмии донишҷӯёни кафедра Алишер Раҳимӣ суханронӣ намуда, таъкид кард, ки дар шароити ҷаҳонишавии иқтисодиёт ва густариши муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ соҳаи сайёҳӣ ба яке аз бахшҳои муҳимми иқтисодиёти миллӣ табдил ёфтааст. Дар бисёр кишварҳои ҷаҳон сайёҳӣ ҳамчун соҳаи сердаромад ва воситаи муҳими таъмини рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши даромади аҳолӣ ва рушди инфрасохтор арзёбӣ мегардад.
Зикр гардид, ки ҳудудҳои рекреатсионӣ ҳамчун минтақаҳои дорои захираҳои табиӣ, иқлимӣ, экологӣ, таърихию фарҳангӣ ва табобатӣ барои ташкили истироҳат, табобат ва фароғати аҳолӣ аҳаммияти махсус доранд. Тоҷикистон бо доштани минтақаҳои кӯҳистон, чашмаҳои минералӣ, кӯлҳои баландкӯҳ, мамнуъгоҳҳои табиӣ ва манзараҳои нотакрори табиӣ барои ташаккул ва рушди минтақаҳои рақобатпазири сайёҳӣ имкониятҳои васеъ дорад.
Аз ҷумла, минтақаҳои рекреатсионии кӯҳии Помир, Варзоб, Ромит, Искандаркӯл ва Бадахшон, инчунин осоишгоҳу минтақаҳои табобатӣ метавонанд дар рушди сайёҳии дохилӣ ва байналмилалӣ саҳми назаррас гузоранд.
Дар идомаи маҳфил донишҷӯёни курси якуми факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ Меҳрона Атовуллозода бо забони тоҷикӣ, Дилноза Тухтаева бо забони русӣ ва Омина Давлатова бо забони англисӣ дар мавзуи мазкур маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар маърӯзаҳо ҷанбаҳои гуногуни истифодаи самараноки захираҳои рекреатсионӣ, имкониятҳои рушди сайёҳӣ ва саҳми ин соҳа дар пешрафти иқтисодиёти кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми маҳфил миёни маърӯзачиён ва иштирокчиён мубодилаи афкор ва мубоҳисаи илмӣ сурат гирифта, масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои рекреатсионии кишвар мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng