ДАРСИ КУШОДИ ТАРБИЯВӢ ДАР МАВЗУИ «ЗАБОН - ҲАСТИИ МИЛЛАТ»
Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои раёсати ташкилию тарбиявии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар кафедраи низоми иттилоотию инноватсионӣ дар иқтисодиёт дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзуи «Забон - ҳастии миллат» доир гардид.
Дарси кушоди тарбиявиро муаллимаи кафедраи низоми иттилоотию инноватсионӣ дар иқтисодиёт Самадзода Фардиса баргузор намуда, дар он масъалаҳои муҳимми марбут ба забони тоҷикӣ, мақоми забони давлатӣ ва нақши забон дар ҳифзи ҳувияти миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни дарс Самадзода Фардиса оид ба таърихи ташаккул ва рушди забони тоҷикӣ, мақоми забони давлатӣ дар ҷомеа, нақши забон дар нигоҳдории арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ, инчунин масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар дар назди забони модарӣ андешаҳои худро баён намуд.
Таъкид гардид, ки забон яке аз муҳимтарин рукнҳои ҳастии миллат ба ҳисоб рафта, тавассути он таърих, фарҳанг, анъана, арзишҳои маънавӣ ва ҷаҳонбинии миллӣ аз насл ба насл интиқол меёбанд. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба забони модарӣ вазифаи ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
Дар идомаи дарс ба масъалаи риояи меъёрҳои забони адабӣ, фарҳанги сухан ва истифодаи дурусти забони тоҷикӣ дар муҳити донишгоҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Қайд гардид, ки донишҷӯён ҳамчун насли ҷавон ва ояндасоз бояд барои баланд бардоштани сатҳи саводи забонӣ, дуруст истифода бурдани забони тоҷикӣ ва ҳифзи покизагии он пайваста талош намоянд.
Ҳамчунин, дар рафти дарси тарбиявӣ нақши технологияҳои муосири иттилоотӣ дар рушди забони тоҷикӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зикр гардид, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ истифодаи дурусту босаводи забони тоҷикӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, воситаҳои электронии муошират ва фазои маҷозӣ аҳамияти муҳим дорад.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng