ДОНИШҶӮЁНИ КУРСИ ЯКУМ - УЗВИ КИТОБХОНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ГАРДИДАНД
Бо мақсади тарғиби фарҳанги китобхонӣ, баланд бардоштани маърифати донишҷӯён ва бедор намудани завқи мутолиа дар байни ҷавонон, дар доираи нақшаи чорабиниҳои раёсати ташкилию тарбиявӣ дар ҳамкорӣ бо факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ донишҷӯёни курси якуми факултет барои аъзо шудан ба Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» сафарбар гардиданд.
Дар ин иқдом донишҷӯёни ихтисосҳои 1-96010101 - таъмини ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ ва 1-24010221 - танзими ҳуқуқии муқовимат бо коррупсия таҳти роҳбарии сарпарастони гурӯҳҳои академӣ, ассистентон Рашидова Ш. ва Носиров Ҳ. иштирок намуданд.
Аъзо шудани донишҷӯён ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои истифодаи самаранок аз захираҳои ғании илмию адабӣ, густариши ҷаҳонбинӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявию амалӣ имконияти мусоид фароҳам меорад.
Мутолиаи мунтазами асарҳои бадеӣ, китобҳои илмӣ ва адабиёти соҳавӣ дар ташаккули тафаккури мустақил, рушди қобилияти таҳлилию эҷодӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён нақши муҳим дорад. Ҳамзамон, он барои таҳкими донишҳои касбӣ ва омодасозии мутахассисони соҳибмаърифат заминаи мусоид мегузорад.
Чунин иқдомҳо дар самти ҷалби ҷавонон ба китобхонӣ, тарбияи насли донишманду соҳибфарҳанг ва ташаккули ҳисси масъулиятшиносию худшиносии миллӣ аҳаммияти муҳим дошта, барои рушди маънавии донишҷӯён мусоидат менамоянд.
Ҳумайнӣ НОСИРОВ,
омӯзгори ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng