Рӯзи 28-уми апрели соли равон дар толори таълимии факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодии ДДМИТ дарси сиёсӣ-тарбиявӣ доир гардид, ки дар он мудирони кафедраҳо, роҳбарони гурӯҳҳои академӣ, устодон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Дар оғози ҷамъомад декани факултет Мастура Буриева оид ба масъалаҳои муҳими ҳаёти таълимӣ ва тарбиявӣ, аз ҷумла давомоти нокифоя ва дермонии донишҷӯён ба дарсҳо, омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии донишгоҳ, худшиносиву хештаншиносӣ, муқовимат ба терроризм ва экстремизм, пешгирии истеъмоли маводи нашъаовар, аҳамияти аз худ намудани донишҳои тахассусӣ ва замонавӣ, инчунин, илму маърифат ва китобхонӣ ибрози назар намуд.

Қайд гардид, ки терроризм ва экстремизм аз зуҳуроти номатлуби замони муосир ба ҳисоб рафта, ба амнияту суботи ҷомеа ва пойдории давлатҳо таҳдиди ҷиддӣ эҷод менамоянд. Мубориза бар зидди ин амалҳои хатарнок вазифаи ҳар як шаҳрванди огоҳу ватандӯст мебошад.

Ҳамзамон, дар бораи аҳамияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан рафта, зикр гардид, ки қонуни мазкур барои пешгирии хароҷоти зиёдатӣ, зоҳирпарастӣ ва исрофкорӣ, инчунин, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоиву иқтисодии аҳолӣ нақши муҳим дорад.

Сипас, муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Давлатҷон Ҳукуматов зимни баромади худ иброз дошт, ки мақсади асосии факултет омода намудани кадрҳои баландихтисос мебошад. Дар факултет ҷараёни таълиму тарбия мутобиқ ба талаботи муосир ба роҳ монда шуда, устодон аз тахтаҳои электронӣ ва барномаҳои компютерӣ самаранок истифода мебаранд. Дар назди кафедраҳои тахассусӣ маҳфили илмии “Гумрукчиёни ҷавон” фаъолият менамояд, ки барои ҷалби донишҷӯён ба корҳои илмӣ мусоидат мекунад.

Номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи “Бехатарии иқтисодӣ” Рустам Пираков аз дастоварди донишҷӯён дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин донандаи Кодекси гумрук” ёдовар шуда, таъкид намуд, ки ғолибияти онҳо боиси ифтихори факултет ва донишгоҳ гардидааст. Пешниҳод намуд, ки барои боз ҳам беҳтар омода намудани донишҷӯён ба озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ дар назди факултет маҳфили илмии “Беҳтарин донандаи Кодекси гумрук” таъсис дода шавад.

Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби садорати факултет чор нафар донишҷӯёни ғолиби озмуни “Беҳтарин донандаи Кодекси гумрук” - Сунатулло Аҳтамзода, Муҳаммадҷони Умедҷон, Сиёвуш Раҷабов ва Диловар Хоҷаев, ихтисоси хадамоти гумрук бо ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш таъкид карда шуд, ки ҳар як донишҷӯ бояд ба омӯзиши илм, мутолиаи китоб ва баланд бардоштани сатҳи дониш таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намояд, зеро танҳо тавассути дониш метавон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА