Рӯзи 20 июни соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ маҳфили илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Зеҳн” доир гардид. Меҳмони асосии маҳфил узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Л. Сайдмуродзода буд, ки бо маърузаи илмии худ дар мавзуи “Идоракунии хавфҳои молиявӣ ва рақамикунонии иқтисодиёти ҷаҳон: мушкилоти корпоратсияҳо ва давлатҳо” баромад намуд.

Дар он вазъи кунунии иқтисоди ҷаҳонӣ, хусусиятҳои асосии муносибатҳои молиявии байналмилалӣ, инчунин, тамоюлҳои рушди низоми молиявӣ дар шароити рақамикунонӣ баррасӣ шуданд. Таъкид гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ хавфҳои молиявӣ характери мураккаб ва бисёрсатҳа пайдо намуда, идоракунии онҳо муносибати илмӣ ва технологияҳои муосирро тақозо мекунад.

Профессор Л. Сайдмуродзода дар баромади худ ба масъалаҳои муҳими идоракунии хавфҳои молиявӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Рушди технологияҳои иттилоотӣ ва густариши платформаҳои рақамӣ, аз як тараф, имкониятҳои нави рушди иқтисодиро фароҳам меоранд, вале аз ҷониби дигар, сатҳи осебпазирии низоми молиявиро низ боло мебаранд. Аз ҷумла, хавфҳои киберӣ, ноустувории бозорҳои молиявӣ ва таъсири шадиди омилҳои глобалӣ ҳамчун масъалаҳои асосӣ арзёбӣ гардиданд.

Инчунин, дар ҷараёни маҳфил мудири кафедраи муносибатҳои молиявии қарзии байналмилалӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Фаридулло Убайдуллоев дар мавзуи “Закот ҳамчун асоси ахлоқии коҳиши сатҳи нобаробарии иҷтимоӣ дар ҷомеаи муосир” баромад намуд. Номбурда иброз дошт, ки арзишҳои ахлоқӣ ва механизмҳои анъанавии тақсими сарват, аз ҷумла закот метавонанд дар коҳиши нобаробарии иҷтимоӣ ва таҳкими адолати иқтисодӣ нақши муҳим дошта бошанд.

Дар идомаи суханронӣ таъкид гардид, ки маҳфили “Зеҳн” ба омӯзиши масъалаҳои мубрами идоракунии бозорҳои молиявӣ дар шароити рақамикунонӣ ва ҷаҳонишавӣ равона гардидааст. Ин гуна чорабиниҳо барои баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён, рушди тафаккури илмӣ ва таҳкими робитаи назария бо амалия аҳамияти калон доранд.

Дар анҷоми маҳфил мубодилаи афкор миёни устодон ва донишҷӯён баргузор шуда, иштирокчиён саволҳои худро доир ба мавзуъҳои баррасишуда пешниҳод намуданд.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия