Рӯзи 11-уми майи соли ҷорӣ дар доираи конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ таҳти унвони «Истиқлоли давлатӣ ҳамчун заминаи асосии рушди қонунгузории миллӣ», ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон доир гардид, меҳмонон ва иштирокчиёни конференсия аз синфхонаҳо, озмоишгоҳҳо ва имкониятҳои муосири таълимии донишгоҳ дидан намуданд.

Меҳмонон аз биноҳои таълимӣ, синфхонаҳои замонавӣ, озмоишгоҳҳои соҳавӣ ва марказҳои таълимии амалкунанда боздид карда, бо ҷараёни таълим, усулҳои муосири омӯзиш ва таҷрибаи татбиқи технологияҳои рақамӣ дар раванди таҳсил аз наздик шинос гардиданд.

Дар идома бо иштироки меҳмонон ва иштирокчиёни конференсия бахшида ба 30-солагии ДДМИТ ва 25-солагии кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявии ДДМИТ толори таълимӣ-таҷрибавии мурофиаи судӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Қайд гардид, ки таъсиси толори мазкур ба баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии донишҷӯён, рушди тафаккури илмӣ, ташаккули малакаҳои касбӣ ва омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаи ҳуқуқ мусоидат менамояд.

Толори таълимӣ-таҷрибавии мурофиаи судӣ бо таҷҳизоти муосир, воситаҳои техникӣ ва тамоми шароити зарурии таълимӣ таъмин гардида, барои баргузор намудани машғулиятҳои амалӣ, мурофиаҳои омӯзишӣ ва таҳкими донишҳои назариявии донишҷӯён имконияти васеъ фароҳам меорад.

Фаъолияти толори мазкур дар ташаккули ҷаҳонбинии ҳуқуқии донишҷӯён, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва таҳкими эҳтиром ба қонун нақши муассир хоҳад гузошт.

Дар фарҷоми боздид меҳмонон омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъдаи илмиву таълимӣ ва дастрасии адабиёти зарурӣ баён карданд.

 

Наврӯз ҶОБИРЗОДА