ҚИМАТИ ОБ АЗ ҚИМАТИ ТИЛЛО КАМТАР НЕСТ
Санаи 6-уми апрели соли равон тибқи нақша дар факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ бо иштироки муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова ҷамъомади илмӣ-тарбиявӣ бахшида ба “Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»” доир гардид.
Ҷамъомадро декани факултет Мастура Бӯриева ифтитоҳ намуда, ба масъалаҳои муҳими ҳифзи муҳити зист таваҷҷуҳ зоҳир карда, афзуд, ки солҳои охир дар минтақаҳои кӯҳистони кишвар зиёд шудани селу тарма ба мушоҳида мерасад. Яке аз сабабҳои асосии ин ҳолат несту нобуд шудани бешаҳои кӯҳӣ мебошад. Дарахтон дар пешгирии тарма нақши муҳим дошта, метавонанд офатҳои табииро коҳиш диҳанд. Дар акси ҳол, барои муҳофизат аз тарма дар нишебиҳои кӯҳҳо сохтмони садҳои оҳану бетонӣ лозим меояд, ки хароҷоти зиёдро талаб мекунад.
Сипас, муаллими калони кафедраи фанҳои табиатшиносӣ Айдаршо Сулаймонов иброз дошт, ки об асоси зиндагӣ ва сарчашмаи ҳаёт барои тамоми мавҷудоти рӯи замин мебошад. Қариб 71 фоизи сатҳи кураи заминро об фаро гирифтааст, ки он уқёнусҳо, баҳрҳо, пиряхҳо, дарёҳо ва кӯлҳоро дар бар мегирад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз захираҳои обии нодир бой мебошад. Дарёҳои бузург, аз қабили Амударё, Сирдарё, Вахш, Панҷ ва Зарафшон на танҳо манбаи оби тозаи нӯшокӣ мебошанд, балки барои истеҳсоли неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза низ аҳамияти бузург доранд.
Қайд карда шуд, ки қимати об аз қимати тилло, нафт ва газ камтар нест. Об неъмати бебаҳои табиат буда, истифодаи оқилона ва ҳифзи он вазифаи ҳар як инсон мебошад.
Бо ташаббус ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳифзи захираҳои обӣ дар сатҳи байналмилалӣ низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти об аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ дастгирӣ ёфтаанд.
Дар анҷоми ҷамъомад донишҷӯён ва устодон дар музокира фаъолона иштирок намуда, оид ба роҳҳои самараноки истифода ва ҳифзи захираҳои обу замин андешаҳои худро баён намуданд.
Хулоса, об сарчашмаи ҳаёт буда, ҳифзу истифодаи оқилонаи он кафили рушди устувори ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, ҳар яки мо вазифадорем, ки ба ин неъмати бебаҳо эҳтиром гузошта, онро сарфакорона истифода намоем ва барои наслҳои оянда ҳифз кунем.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng